Jump to content

Суруди Миллӣ

From Wikisource

Муаллиф: Гулназар Келдӣ
Оҳангсоз: Сулаймон Юдаков

Матн:

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод,
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Барои ному нанги мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи Вафо бувад канори ту, канори ту.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!


Multilingual version: Surudi Milli