Ҳастӣ

From Wikisource
Jump to navigation Jump to search

Мундариҷа: 1 · 2 · 3 · 4 · 5 · 6 · 7 · 8 · 9 · 10 · 11 · 12 · 13 · 14 · 15 · 16 · 17 · 18 · 19 · 20 · 21 · 22 · 23 · 24 · 25 · 26 · 27 · 28 · 29 · 30 · 31 · 32 · 33 · 34 · 35 · 36 · 37 · 38 · 39 · 40 · 41 · 42 · 43 · 44 · 45 · 46 · 47 · 48 · 49 · 50

Боби якум[edit]

1 Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид.
2 Ва замин дар ҳолати ҳарҷумарҷ буд, ва торикӣ бар рӯи варта; ва Рӯҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд.
3 Ва Худо гуфт: «Рӯшноӣ бишавад». Ва рӯшноӣ шуд.
4 Ва Худо рӯшноиро дид, ки хуб аст; ва Худо рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кард.
5 Ва Худо рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро шаб номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи аввал.
6 Ва Худо гуфт: «Фалаке бошад дар миёни об, ва обро аз об ҷудо кунад».
7 Ва Худо фалакро ба вуҷуд овард; ва оби зери фалакро аз оби болои фалак ҷудо кард. Ва чунин шуд.
8 Ва Худо фалакро осмон номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи дуюм.
9 Ва Худо гуфт: «Оби зери осмон дар як ҷо ҷамъ шавад, ва хушкӣ намудор шавад». Ва чунин шуд.
10 Ва Худо хушкиро замин номид, ва маҷмӯи обҳоро баҳрҳо номид. Ва Худо дид, ки хуб аст.
11 Ва Худо гуфт: «Замин наботот бирӯёнад, алафе ки тухм меоварад, дарахти мевадоре ки мувофиқи ҷинси худ мева медиҳад, ки тухмаш дар он бар рӯи замин бошад». Ва чунин шуд.
12 Ва замин наботот рӯёнид, алафе ки мувофиқи ҷинси худ тухм меоварад, ва дарахти мевадоре ки тухмаш дар он мувофиқи ҷинси худ бошад. Ва Худо дид, ки хуб аст.
13 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи сеюм.
14 Ва Худо гуфт: «Найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки рӯзро аз шаб ҷудо кунанд, ва барои аломатҳо, ва замонҳо, ва рӯзҳо, ва солҳо бошанд;
15 ва найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд». Ва ҷунин шуд.
16 Ва Худо ду найири бузург ба вуҷуд овард: найири аъзам, барои салтанати рӯз, ва найири асғар, барои салтанати шаб, ва ситорагон;
17 ва Худо онҳоро дар фалаки осмон гузошт, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд,
18 ва бар рӯзу шаб салтанат ронанд, ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кунанд. Ва Худо дид, ки хуб аст.
19 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи чорум.
20 Ва Худо гуфт: «Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, бар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд».
21 Ва Худо наҳангони бузург ва ҳар гуна ҷонварҳои хазандаро, ки об аз онҳо мувофиқи ҷинсашон пур шуд, ва ҳар гуна паррандагони болдорро мувофиқи ҷинсашон офарид. Ва Худо дид, ки хуб аст.
22 Ва Худо онҳоро баракат дода, гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва обҳои баҳрҳоро пур кунед, ва паррандагон бар замин афзун шаванд».
23 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи панҷум.
24 Ва Худо гуфт: «Замин ҷони зиндаро мувофиқи ҷинсаш, чорпоён, ва ҳайвоноти хазанда, ва ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон берун оварад». Ва чунин шуд.
25 Ва Худо ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон, ва чорпоёнро мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноти хазандаи заминро мувофиқи ҷинсаш ба вуҷуд овард. Ва Худо дид, ки хуб аст.
26 Ва Худо гуфт: «Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд».
27 Ва Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид.
28 Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».
29 Ва Худо гуфт: «Инак, Ман ҳар алафи тухмдорро, ки бар рӯи тамоми замин ҳаст, ва ҳар дарахтеро, ки дорои меваи дарахти тухмдор мебошад, ба шумо додам, то ки барои шумо хӯрок бошад.
30 Ва ба ҳамаи ҳайвонҳои замин, ва ба ҳамаи паррандагони осмон, ва ба ҳар хазандаи рӯи замин, ки ҷони зинда дорад, Ман тамоми алафи сабзро барои хӯрок додам». Ва чунин шуд.
31 Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.

Боби дуюм[edit]

1 Ва осмону замин ва тамоми анбӯҳи онҳо анҷом ёфт.
2 Ва Худо корҳои Худро, ки карда буд, то рӯзи ҳафтум анҷом дод, ва дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ, ки карда буд, ором гирифт.
3 Ва Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд, зеро ки дар он ором гирифт аз ҳамаи корҳои Худ, ки Худо офарид ва ба вуҷуд овард.
4 Ин аст пайдоиши осмон ва замин, дар ҳини офариниши онҳо, дар рӯзе ки Худованд Худо замин ва осмонро ба вуҷуд овард,
5 ва ҳеҷ буттаи саҳро ҳанӯз дар замин набуд, ва ҳеҷ алафи саҳро ҳанӯз нарӯида буд, зеро ки Худованд Худо борон бар замин наборонида буд, ва одам набуд, ки заминро кор кунад;
6 ва буғ аз замин баромада, тамоми рӯи заминро сероб мекард.
7 Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба бинии вай рӯҳи ҳаёт дамид, ва одам ҷони зинда шуд.
8 Ва Худованд Худо боғе дар Адан ба тарафи машриқ шинонд; ва он одамро, ки сиришта буд, дар он ҷо гузошт.
9 Ва Худованд Худо ҳар гуна дарахти хушнамуд ва хушхӯрро, ва дарахти ҳаётро дар васати боғ, ва дарахти маърифати неку бадро аз замин рӯёнид.
10 Ва наҳре аз Адан берун меомад, то ки боғро сероб кунад; ва аз он ҷо ба чор шохоб тақсим мешуд.
11 Номи яке Фишӯн аст, ки тамоми замини Ҳавилоро, ки дар он ҷо тиллост, иҳота мекунад;
12 ва тиллои он замин хуб аст; дар он ҷо самғи хушбӯй ва санги ҷазъ мавҷуд аст.
13 Ва номи наҳри дуюм Ҷайҳун аст, ки тамоми замини Кушро иҳота мекунад.
14 Ва номи наҳри сеюм Ҳиддақил аст, ки ба тарафи шарқии Ашшур ҷорист. Ва наҳри чорум Фурот аст.
15 Ва Худованд Худо одамро гирифт, ва ӯро дар боғи Адан гузошт, то ки кори онро бикунад ва онро нигаҳдорӣ намояд.
16 Ва Худованд Худо ба одам амр фармуда, гуфт: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир;
17 аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд».
18 Ва Худованд Худо гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам».
19 Ва Худованд Худо ҳар ҳайвони саҳро ва ҳар паррандаи осмонро аз хок бисиришт ва назди одам овард, то бубинад, ки онро чӣ гуна хоҳад хонд, ва он чи одам ҳар ҷони зиндаро бихонад, номи вай ҳамон шавад.
20 Ва одам ҳамаи чорпоён ва паррандагони осмонро, ва ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро ном ниҳод; лекин барои одам мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, ёфт нашуд.
21 Ва Худованд Худо хоби сахте бар одам овард; ва ҳангоме ки хобаш бурд, яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт, ва гӯшт дар ҷояш пур кард.
22 Ва Худованд Худо аз қабурғае ки аз одам гирифт, зане сохт, ва ӯро назди одам овард.
23 Ва одам гуфт: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам; вай нисоъ номида шавад; зеро ки аз инсон гирифта шудааст».
24 Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд.
25 Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд.

Боби сеюм[edit]

1 Ва мор аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро, ки Худованд Худо ба вуҷуд оварда буд, айёртар буд. Ва ба зан гуфт: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?»
2 Зан ба мор гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем,
3 лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред».
4 Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд;
5 балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».
6 Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.
7 Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд.
8 Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.
9 Ва Худованд Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?»
10 Гуфт: «Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам, зеро ки ман бараҳнаам, ва пинҳон шудам».
11 Ва гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ? Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?»
12 Одам гуфт: «Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам».
13 Ва Худованд Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зан гуфт: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам».
14 Ва Худованд Худо ба мор гуфт: «Азбаски ин корро кардӣ, аз ҳамаи чорпоён ва аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро ту малъун бошӣ; ту бар шикамат роҳ хоҳӣ рафт, ва тамоми айёми умрат хок хоҳӣ хӯрд.
15 Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».
16 Ба зан гуфт: «Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисьёр афзун мегардонам; бо дард фарзандон хоҳӣ зоид; ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд, ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард».
17 Ва ба Одам гуфт: «Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам: “Аз он нахӯрӣ”, замин аз боиси ту малъун шуд; тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд;
18 хору хас бароят хоҳад рӯёнид; ва алафи саҳроро хоҳӣ хӯрд.
19 Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт».
20 Ва Одам зани худро Ҳавво[1] ном ниҳод, зеро ки вай модари ҳамаи зиндаҳо шуд.
21 Ва Худованд Худо барои Одам ва зани ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид.
22 Ва Худованд Худо гуфт: «Инак, Одам мисли яке аз Мо орифи неку бад гардидааст; ва акнун мабодо дасти худро дароз кунад, ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта хӯрад, ва то абад зинда монад».
23 Ва Худованд Худо ӯро аз боғи Адан берун кард, то ки заминро, ки аз он гирифта шудааст, кор кунад.
24 Ва Одамро бадар ронд, ва ба тарафи шарқии боғи Адан каррубиёнро, ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то ки роҳи дарахти ҳаётро нигаҳбонӣ кунанд.

Боби чорум[edit]

1 Ва Одам бо зани худ Ҳавво хобид; ва ӯ ҳомила шуда, Қобилро зоид, ва гуфт: «Мардеро аз Худованд пайдо кардам».
2 Ва боз бародари ӯ Ҳобилро зоид. Ва Ҳобил рамабон буд; ва Қобил зироаткор буд.
3 Баъд аз мурури айём, Қобил аз маҳсули замин ҳадияе барои Худованд овард.
4 Ва Ҳобил низ аз нахустзодагони рамаи худ ва аз дунбаи онҳо ҳадияе овард. Ва Худованд Ҳобил ва ҳадияи ӯро манзур дошт;
5 аммо Қобил ва ҳадияи ӯро манзур надошт. Ва Қобил хеле ба хашм омад, ва рӯяш турш шуд.
6 Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Чаро ба хашм омадӣ? Ва чаро рӯят турш шуд?
7 Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав».
8 Ва Қобил бо бародари худ Ҳобил сухан гуфт. Ва ҳангоме ки онҳо дар саҳро буданд, Қобил бар бародари худ Ҳобил қиём кард, ва ӯро кушт.
9 Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?»
10 Ва гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарьёд мезанад.
11 Ва акнун ту малъун ҳастӣ аз замине ки даҳони худро кушодааст, то ки хуни бародари туро аз дастат фурӯ барад.
12 Ҳар гоҳ заминро кор кунӣ, он дигар қуввати худро ба ту надиҳад; ту сарсону овора дар ҷаҳон хоҳӣ буд».
13 Ва Қобил ба Худованд гуфт: «Ҷазои гуноҳам бузургтар аст аз он ки бардошта тавонам.
14 Инак, маро имрӯз аз рӯи замин бадар рондӣ, аз рӯи Ту низ пинҳон хоҳам шуд, ва сарсону овора дар ҷаҳон хоҳам шуд, ва ҳар кӣ маро дарьёбад, маро хоҳад кушт».
15 Худованд ба вай гуфт: «Пас ҳар кӣ Қобилро бикушад, ҳафтчандон аз вай интиқом гирифта шавад». Ва Худованд бар Қобил аломате гузошт, то ҳар кӣ ӯро дарьёбад, ӯро накушад.
16 Ва Қобил аз пеши Худованд баромада рафт; ва дар замини Нӯд, ба тарафи шарқии Адан маскан гирифт.
17 Ва Қобил бо зани худ хобид; вай ҳомила шуда, Ҳанӯхро зоид. Ва ӯ шаҳре бино кард; ва он шаҳрро ба номи писари худ Ҳанӯх номид.
18 Ва ба Ҳанӯх Ирод таваллуд шуд; Ирод Маҳиёилро ба дуньё овард; Маҳиёил Матушоилро ба дуньё овард; Матушоил Ломакро ба дуньё овард.
19 Ва Ломак ду зан барои худ гирифт: номи яке Одо буд, ва номи дигаре Зилло.
20 Одо Ёболро зоид: вай падари хайманишинон ва чорводорон буд.
21 Ва номи бародараш Юбол буд: вай падари ҳамаи навозандагони ғиҷҷак ва най буд.
22 Зилло низ Тубалқобилро зоид, ки пардозгари ҳар олати мис ва оҳан буд. Ва хоҳари Тубалқобил Наамо буд.
23 Ва Ломак ба занони худ гуфт: «Эй Одо ва Зилло! Овози маро бишнавед, эй занони Ломак! Ба сухани ман гӯш диҳед: ман барои захми худ мардеро куштам, ва барои зарби худ ҷавонеро.
24 Агар барои Қобил ҳафтчандон интиқом гирифта шавад, пас барои Ломак ҳафтоду ҳафтчандон».
25 Ва Одам боз бо зани худ хобид; вай писаре зоид, ва ӯро Шет ном ниҳод; зеро, гуфт, Худо насли дигаре ба ман қарор дод, дар ивази Ҳобил, ки Қобил ӯро кушт.
26 Ба Шет низ писаре таваллуд шуд, ва ӯро Анӯш номид; дар он вақт ба хондани исми Худованд шурӯъ карданд.

Боби панҷум[edit]

1 Ин аст китоби насаби Одам: дар рӯзе ки Худо одамро офарид, ба шабоҳати Худо ӯро сохт;
2 нару мода онҳоро офарид, ва онҳоро баракат дод, ва онҳоро, дар рӯзи офариниши онҳо, одам ном ниҳод.
3 Ва Одам саду сӣ сол бизист, ва писаре ба шабоҳати худ, ба сурати худ ба дуньё овард, ва ӯро Шет номид.
4 Ва айёми Одам, баъд аз таваллуди Шет, ҳаштсад сол буд, ва ӯ писарону духтарон ба дуньё овард.
5 Пас тамоми айёми умри Одам нӯҳсаду сӣ сол буд; ва ӯ мурд.
6 Ва Шет саду панҷ сол бизист, ва Анӯшро ба дуньё овард.
7 Ва Шет, баъд аз таваллуди Анӯш, ҳаштсаду ҳафт сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
8 Пас тамоми айёми Шет нӯҳсаду дувоздаҳ сол буд; ва ӯ мурд.
9 Ва Анӯш навад сол бизист, ва Қенонро ба дуньё овард.
10 Ва Анӯш, баъд аз таваллуди Қенон, ҳаштсаду понздаҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
11 Пас тамоми айёми Анӯш нӯҳсаду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.
12 Ва Қенон ҳафтод сол бизист, ва Маҳалалъилро ба дуньё овард.
13 Ва Қенон, баъд аз таваллуди Маҳалалъил, ҳаштсаду чил сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
14 Пас тамоми айёми Қенон нӯҳсаду даҳ сол буд; ва ӯ мурд.
15 Ва Маҳалалъил шасту панҷ сол бизист, ва Ёрадро ба дуньё овард.
16 Ва Маҳалалъил баъд аз таваллуди Ёрад, ҳаштсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
17 Пас тамоми айёми Маҳалалъил ҳаштсаду наваду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.
18 Ва Ёрад саду шасту ду сол бизист, ва Ҳанӯхро ба дуньё овард.
19 Ва Ёрад, баъд аз таваллуди Ҳанӯх, ҳаштсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
20 Пас тамоми айёми Ёрад нӯҳсаду шасту ду сол буд; ва ӯ мурд.
21 Ва Ҳанӯх шасту панҷ сол бизист, ва Матушолаҳро ба дуньё овард.
22 Ва Ҳанӯх, баъд аз таваллуди Матушолаҳ, сесад сол пеши Худо роҳ рафт, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
23 Пас тамоми айёми Ҳанӯх сесаду шасту панҷ сол буд.
24 Ва Ҳанӯх пеши Худо роҳ рафт, ва нопайдо шуд, зеро ки Худо ӯро гирифт.
25 Ва Матушолаҳ саду ҳаштоду ҳафт сол бизист, ва Ломакро ба дуньё овард.
26 Ва Матушолаҳ, баъд аз таваллуди Ломак, ҳафтсаду ҳаштоду ду сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
27 Пас тамоми айёми Матушолаҳ нӯҳсаду шасту нӯҳ сол буд; ва ӯ мурд.
28 Ва Ломак саду ҳаштоду ду сол бизист, ва писаре ба дуньё овард.
29 Ва ӯро Нӯҳ ном ниҳода, гуфт: «Ин моро тасаллӣ хоҳад дод аз аъмоли мо ва аз заҳмати дастҳои мо аз замине ки Худованд ба он лаънат хонд».
30 Ва Ломак, баъд аз таваллуди Нӯҳ, панҷсаду наваду панҷ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
31 Пас тамоми айёми Ломак ҳафтсаду ҳафтоду ҳафт сол буд; ва ӯ мурд.
32 Ва Нӯҳ панҷсадсола буд, ва Нӯҳ Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.

Боби шашум[edit]

1 Ва чун одамон бар рӯи замин афзудан гирифтанд, ва ба онҳо духтарон таваллуд шуданд,
2 писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд.
3 Ва Худованд гуфт: «Рӯҳи Ман дар одамизод доим нахоҳад монд, зеро ки вай башар аст; бигзор айёми вай саду бист сол бошад».
4 Дар он рӯзгорон дар замин баҳодурон буданд, алалхусус баъд аз замоне ки писарони Худо назди духтарони одамизод омаданд, ва онҳо барояшон фарзанд оварданд. Ин паҳлавонон аз қадимулайём мардони номвар буданд.
5 Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисьёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст.
6 Ва Худованд пушаймон шуд, ки одамизодро бар замин ба вуҷуд овард, ва дилаш маҳзун шуд.
7 Ва Худованд гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам».
8 Аммо Нӯҳ дар назари Худованд илтифот ёфт.
9 Ин аст насаби Нӯҳ: Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт.
10 Ва Нӯҳ се писар: Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.
11 Ва замин пеши Худо фосид шуд, ва замин аз ситам пур шуд.
12 Ва Худо заминро дид, ки инак, он фосид шудааст: зеро ки ҳар башар роҳи худро бар замин фосид кардааст.
13 Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст; зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст. Ва инак, Ман онҳоро аз замин нест мекунам.
14 Барои худ киштие аз чӯби ҷӯфар бисоз; лонаҳо дар киштӣ бино кун, ва онро аз дарун ва аз берун қир бимол.
15 Ва онро ин тавр бисоз: қади киштӣ сесад зироъ бошад, бари он — панҷоҳ зироъ, ва баландии он — сӣ зироъ.
16 Равзане дар киштӣ бисоз, ва онро ба зирое аз боло тамом кун, ва дари киштиро аз паҳлуи он бигузор; ва қабатҳои поён, миёна ва боло дар он бисоз.
17 Ва инак, Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт дар он бошад, аз зери осмон нест кунам; ва ҳар чӣ бар замин аст, хоҳад мурд.
18 Ва аҳди Худро бо ту барқарор мекунам, ва ба киштӣ медароӣ, ту, ва писаронат, ва занат, ва занони писаронат бо ту.
19 Ва аз тамоми ҳайвонот, аз ҳар махлуқе ҷуфте ба киштӣ дохил кун, то ки бо худ зинда нигоҳ дорӣ: нар ва мода бошанд.
20 Аз паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ва аз чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин мувофиқи ҷинсаш, ҷуфт-ҷуфт аз ҳама назди ту оянд, то ки зинда нигоҳ дорӣ.
21 Ва аз ҳар озуқае ки хӯрда шавад, бигир ва назди худ захира намо, то ки барои ту ва онҳо хӯрок бошад».
22 Ва Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард.

Боби ҳафтум[edit]

1 Ва Худованд ба Нӯҳ гуфт: «Ту ва тамоми аҳли байтат ба киштӣ дароед; зеро ки туро дар ин насл пеши Худам одил дидам.
2 Аз ҳар чорпои пок ҳафт-ҳафт, нар ва мода, бо худ бигир, ва аз чорпои нопок ҷуфт-ҷуфт, нар ва мода.
3 Аз паррандагони осмон низ ҳафт-ҳафт, нар ва мода, то ки насле бар рӯи тамоми замин нигоҳ дорӣ.
4 Зеро, баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам; ва тамоми махлуқотеро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв мекунам».
5 Ва Нӯҳ ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ фармуд, ба ҷо овард.
6 Ва Нӯҳ шашсадсола буд, чун тӯфони об бар замин омад.
7 Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ аз боиси оби тӯфон ба киштӣ даромаданд.
8 Аз чорпоёни пок, ва аз чорпоёни нопок, ва аз паррандагон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин,
9 ҷуфт-ҷуфт, нар ва мода, назди Нӯҳ ба киштӣ даромаданд, чунон ки Худо ба Нӯҳ фармуда буд.
10 Ва баъд аз ҳафт рӯз оби тӯфон бар замин омад.
11 Дар соли шашсадуми ҳаёти Нӯҳ, дар моҳи дуюм, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, дар ҳамон рӯз ҳамаи чашмаҳои вартаи азим шикофта шуд, ва равзанҳои осмон кушода.
12 Ва борон чил рӯз ва чил шаб бар рӯи замин борид.
13 Дар худи ҳамон рӯз Нӯҳ, ва Сом, Ҳом ва Ёфат, писарони Нӯҳ, ва зани Нӯҳ, ва се зани писаронаш бо онҳо ба киштӣ даромаданд.
14 Онҳо, ва ҳамаи ҳайвонҳо мувофиқи ҷинсашон, ва ҳар гуна чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, мувофиқи ҷинсаш, ва ҳамаи паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ҳамаи мурғон, ҳамаи болдорон,
15 ҷуфт-ҷуфт аз ҳар махлуқе ки рӯҳи ҳаёт дорад, назди Нӯҳ ба киштӣ омаданд.
16 Ва онҳое ки омаданд, нар ва мода аз ҳар махлуқ омаданд, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд. Ва Худованд дарро аз пушти ӯ баст.
17 Ва тӯфон чил рӯз бар замин давом кард, ва об афзуд, ва киштиро бардошт, ва он аз замин баланд шуд.
18 Ва об пурзӯр мешуд ва бар замин хеле меафзуд; ва киштӣ бар сатҳи об шино мекард.
19 Ва об бар замин хеле ва хеле пурзӯр шуд, ва ҳамаи кӯҳҳои баланде ки зери тамоми осмон буд, пӯшида шуд.
20 Об пурзӯр шуда, понздаҳ зироъ болотар баромад, ва кӯҳҳо пӯшида шуд.
21 Ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазид, ва паррандагон, ва чорпоён, ва ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва ҳар махлуқе ки бар замин ҳаракат мекард, ва ҳамаи одамон мурданд.
22 Ҳар он чи дар хушкӣ дами рӯҳи ҳаёт дар димоғаш буд, мурд.
23 Ва ҳар махлуқе ки бар рӯи замин буд, аз одам то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон аз замин маҳв шуд: фақат Нӯҳ, ва он чи бо ӯ дар киштӣ буд, боқӣ монд.
24 Ва об бар замин саду панҷоҳ рӯз пурзӯр мешуд.

Боби ҳаштум[edit]

1 Ва Худо Нӯҳ ва ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҳамаи чорпоёнро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, ба ёд овард; ва Худо боде бар замин вазонид, ва об фурӯ нишаст.
2 Ва чашмаҳои варта ва равзанҳои осмон баста шуд, ва борон аз осмон бозистод.
3 Ва об рафта-рафта аз рӯи замин баргашт, ва баъд аз гузаштани саду панҷоҳ рӯз об кам шуд.
4 Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, киштӣ бар кӯҳҳои Аророт қарор гирифт.
5 Ва то моҳи даҳум об рафта-рафта кам мешуд; ва дар рӯзи аввали моҳи даҳум қуллаҳои кӯҳҳо намудор шуд.
6 Ва баъд аз гузаштани чил рӯз Нӯҳ даричаи киштиро, ки сохта буд, воз кард.
7 Ва зоғро сар дод, ва он берун парида, мерафту меомад, то даме ки оби рӯи замин хушк шуд.
8 Баъд кабӯтарро аз пеши худ сар дод, то бубинад, ки оё об аз рӯи замин фуромадааст.
9 Аммо кабӯтар ҷои осоише барои кафи пои худ наёфт, ва назди ӯ ба киштӣ баргашт; зеро ки об дар тамоми рӯи замин буд; ва ӯ дасти худро дароз кард ва онро гирифта, назди худ ба киштӣ даровард.
10 Ва ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуд; ва боз кабӯтарро аз киштӣ сар дод.
11 Ва шомгоҳ кабӯтар назди ӯ баргашт; ва инак, барги тозаи зайтун дар минқори вай; ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст.
12 Ва боз ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуда, кабӯтарро сар дод; ва он дигар назди ӯ гашта наомад.
13 Ва дар соли шашсаду якум, дар моҳи аввал, дар рӯзи якуми моҳ, оби рӯи замин хушк шуд; ва Нӯҳ сарпӯши киштиро бардошта, нигарист, ва инак, рӯи замин хушк буд.
14 Ва дар моҳи дуюм, дар рӯзи бисту ҳафтуми моҳ, замин хушк шуд.
15 Ва Худо Нӯҳро хитоб карда, гуфт:
16 «Аз киштӣ берун ой, ту, ва занат, ва писаронат, ва занони писаронат бо ту.
17 Ва ҳамаи ҳайвонҳоеро, ки назди худ дорӣ, ҳар махлуқеро аз паррандагон, ва чорпоён, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, бо худ берун овар, то ки бар замин паҳн шуда раванд, ва борвар ва афзун шаванд».
18 Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ берун омаданд.
19 Ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва тамоми ҳайвоноти хазанда, ва ҳамаи паррандагон, ва ҳар чӣ бар замин ҳаракат мекунад, мувофиқи ҷинсҳои худ, аз киштӣ баромаданд.
20 Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.
21 Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронпо бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.
22 Минбаъд дар тамоми айёми замин кишт ва дарав, сармо ва гармо, тобистон ва зимистон, рӯз ва шаб хотима нахоҳад ёфт».

Боби нӯҳум[edit]

1 Ва Худо Нӯҳ ва писаронашро баракат дода, ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед.
2 Ва ҳайбати шумо ва салобати шумо бар ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ва бар ҳамаи паррандагони осмон, ва бар ҳар чӣ бар замин мехазад, ва бар ҳамаи моҳиёни баҳр хоҳад буд; онҳо ба дасти шумо супурда шуданд.
3 Ҳар ҷунбандае ки зинда аст, барои шумо ғизо бошад; ҳамаро чун алафи сабз ба шумо додам.
4 Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред.
5 Ва хуни шуморо низ, ки ҷони шумост, талаб хоҳам кард, аз дасти ҳар ҳайвон онро талаб хоҳам кард, ва ҷони одамизодро аз дасти одамизод, аз дасти бародари ӯ талаб хоҳам кард.
6 Ҳар кӣ хуни одамизодро резад, хуни ӯ ба дасти одам рехта шавад: зеро ки одам ба сурати Худо офарида шудааст.
7 Ва шумо борвар ва афзун шавед, ва дар рӯи замин паҳн шуда равед, ва дар он биафзоед».
8 Ва Худо Нӯҳ ва писаронашро бо ӯ хитоб карда, гуфт:
9 «Инак, Ман аҳди Худро бо шумо ва баъд аз шумо бо насли шумо барқарор мекунам,
10 ва бо ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, бо паррандагон, бо чорпоён ва бо ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ки бо шумо бошанд, бо ҳар он чи аз киштӣ берун омад, бо ҳамаи ҳайвонҳои замин;
11 аҳди Худро бо шумо барқарор мекунам, ки бори дигар ҳар махлуқ аз оби тӯфон ҳалок нашавад, ва бори дигар тӯфон барои хароб кардани замин рӯй надиҳад».
12 Ва Худо гуфт: «Ин аст аломати аҳде ки Ман мебандам дар миёни Худам ва шумо ва ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, аз насл ба насл то абад:
13 рангинкамони Худро дар абр мегузорам, то ки аломати аҳди байни Ман ва замин бошад.
14 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар гоҳ Ман абрро бар замин равона кунам, ва рангинкамон дар абр намудор гардад,
15 Ман аҳди Худро, ки дар миёни Ман ва шумо ва ҳар ҷони зиндаи ҳар махлуқ аст, ба ёд хоҳам овард; ва бори дигар оби тӯфон барои ҳалок кардани ҳар махлуқ рӯй нахоҳад дод.
16 Ва чун рангинкамон дар абр бошад, Ман онро дида, он аҳди ҷовидониро, ки дар миёни Худо ва ҳар ҷони зиндаи ҳар махлуқи рӯи замин аст, ба ёд меоварам».
17 Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Ин аст аломати аҳде ки барқарор мекунам дар миёни Худам ва ҳар махлуқе ки бар замин аст».
18 Писарони Нӯҳ, ки аз киштӣ берун омаданд, Сом, Ҳом ва Ёфат буданд. Ва Ҳом падари Канъон аст.
19 Ин се нафар писарони Нӯҳ буданд, ва аз онҳо тамоми замин маскун гашт.
20 Ва Нӯҳ ба коркарди замин шурӯъ намуд, ва токзоре шинонд.
21 Ва шароб нӯшида, маст шуд, ва дар хаймаи худ бараҳна хобид.
22 Ва Ҳом, падари Канъон, аврати падари худро дид, ва берун баромада, ба ду бародараш нақл кард.
23 Сом ва Ёфат ҷомаро гирифта, бар китфи худ партофтанд, ва ақибнокӣ рафта, аврати падари худро пӯшониданд; ва азбаски рӯяшон ба ақиб нигаронида шуда буд, онҳо аврати падари ҳудро надиданд.
24 Ва Нӯҳ аз нашъаи шароби худ ҳушьёр шуда, фаҳмид, ки писари хурдияш дар ҳаққи ӯ чӣ кор кардааст;
25 ва гуфт: «Канъон малъун бод; пеши бародарони худ бандаи бандагон бошад».
26 Ва гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Сом; бигзор Канъон бандаи Сом бошад.
27 Худо Ёфатро вусъат диҳад; ва дар хаймаҳои Сом маскан гирад; ва Канъон бандаи онҳо бошад».
28 Ва Нӯҳ баъд аз тӯфон сесаду панҷоҳ сол бизист.
29 Пас тамоми айёми Нӯҳ нӯҳсаду панҷоҳ сол буд; ва ӯ мурд.

Боби даҳум[edit]

1 Ин аст насаби писарони Нӯҳ: Сом, Ҳом ва Ёфат. Ба онҳо баъд аз тӯфон писарон тавваллуд шуданд.
2 Писарони Ёфат: Ҷӯмар, Моҷӯҷ, Модай, Ёвон, Тубол, Машак ва Тирос.
3 Писарони Ҷӯмар: Ашканаз, Рифат ва Тӯҷармо.
4 Писарони Ёвон: Алишо, Таршиш, Киттим ва Дӯдоним.
5 Аз онҳо халқҳои соҳилҳо дар заминҳои худ паҳн шуданд, ҳар яке мувофиқи забони худ, мувофиқи қабилаҳои худ, дар халқҳои худ.
6 Писарони Ҳом: Куш, Миср, Фут ва Канъон.
7 Писарони Куш: Сабо, Ҳавило, Сабто, Раъмо ва Сабтако. Писарони Раъмо: Шабо ва Дадон.
8 Ва Куш Нимрӯдро ба дуньё овард: ӯ ба пурзӯр шудан бар рӯи замин шурӯъ кард.
9 Ӯ пеши Худованд сайёди пурзӯр буд; ба ҳамин сабаб мегӯянд: «Мисли Нимрӯд сайёди пурзӯр пеши Худованд».
10 Ибтидои мамлакати ӯ Бобил, Арак, Аккад ва Калне дар замини Шинъор буд.
11 Аз он замин Ашшур баромада, Нинве, Раҳӯбӯир ва Колаҳро бино кард,
12 ва Расанро дар миёни Нинве ва Колаҳ; ва он шаҳри бузург буд.
13 Ва Миср Лудим, Аномим, Лаҳобим ва Нафтуҳимро ба дуньё овард,
14 ва Фатрусим ва Каслуҳимро, ки аз он ҷо фалиштиён пайдо шудаанд, ва Кафтӯримро.
15 Ва Канъон Сидӯн нахустзодаи худ ва Ҳитро ба дуньё овард,
16 ва Ябусӣ, Амӯрӣ ва Ҷирҷоширо,
17 ва Ҳиввӣ, Арқӣ ва Синиро,
18 ва Арводӣ, Саморӣ ва Ҳамотиро. Баъд аз он қабилаҳои канъонӣ паҳн шуда рафтанд.
19 Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.
20 Инҳоянд писарони Ҳом, мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо, дар халқҳои онҳо.
21 Ба Сом низ, ки падари ҳамаи писарони Эбар ва бародари калонии Ёфат буд, писарон таваллуд шуданд.
22 Писарони Сом: Элом, Ашшур, Арфакшад, Луд ва Арам.
23 Ва писарони Арам: Ус, Ҳул, Ҷатар ва Маш.
24 Ва Арфакшад Шолаҳро ба дуньё овард, ва Шолаҳ Эбарро ба дуньё овард.
25 Ва ба Эбар ду писар таваллуд шуд: яке Фолаҷ ном дошт, зеро ки дар айёми ӯ замин тақсим шудааст; ва номи бародараш — Ёқтон.
26 Ва Ёқтон Алмӯдод, Шолаф, Ҳазармавт ва Ёраҳро ба дуньё овард,
27 ва Ҳадӯром, Узол ва Диқлоро,
28 ва Ӯбол, Абимоил ва Шаборо,
29 ва Ӯфир, Ҳавило ва Йӯбобро. Ҳамаи онҳо писарони Ёқтон буданд.
30 Ва маскани онҳо аз Мешо буд ба самти Сафоро, кӯҳи шарқӣ.
31 Инҳояид писарони Сом мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо мувофиқи халқҳои онҳо.
32 Инҳоянд қабилаҳои писарони Нӯҳ, мувофиқи насаби онҳо, дар халқҳои онҳо. Аз онҳо баъд аз тӯфон халқҳо бар рӯи замин паҳн шуданд.

Боби ёздаҳум[edit]

1 Дар тамоми замин як забон ва як лаҳҷа буд.
2 Чун аз шарқ кӯч мекарданд, даште дар замини Шинъор ёфтанд ва дар он ҷо маскан гирифтанд.
3 Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, хишт резем, ва онро дар дош пазем». Ва онҳоро хишт ба ҷои санг буд, ва қир ба ҷои гил.
4 Ва гуфтанд: «Биёед, шаҳре барои худ бино кунем, ва бурҷе ки сараш ба осмон бирасад; ва номе барои худ пайдо кунем, мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем».
5 Ва Худованд фурӯд омад барои дидани шаҳр ва бурҷе ки фарзандони одам бино мекарданд.
6 Ва Худованд гуфт: «Инак, қавм як аст, ва ҳамаи онҳоро забон як аст; ва ин корро шурӯъ кардаанд, ва акнун ҳар коре ки карданӣ шудаанд, барояшон дастнорас нахоҳад буд.
7 Пас фурӯд оем, ва забони онҳоро дар он ҷо махлут кунем, то ки сухани якдигарро нафаҳманд».
8 Ва Худованд онҳоро аз он ҷо бар рӯи тамоми замин пароканда кард; ва онҳо сохтани шаҳрро бас карданд.
9 Аз ҳамин сабаб он ҷоро Бобил номидаанд; зеро ки дар он ҷо Худованд забони тамоми заминро махлут кард, ва аз он ҷо Худованд онҳоро бар рӯи тамоми замин пароканда кард.
10 Ин аст насаби Сом: Сом садсола буд, ва Арфакшадро баъд аз ду соли тӯфон ба дуньё овард.
11 Ва Сом, баъд аз таваллуди Арфакшад, панҷсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
12 Ва Арфакшад сию панҷ сол бизист, ва Шолаҳро ба дуньё овард.
13 Ва Арфакшад, баъд аз таваллуди Шолаҳ, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
14 Ва Шолаҳ сӣ сол бизист, ва Эбарро ба дуньё овард.
15 Ва Шолаҳ, баъд аз таваллуди Эбар, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
16 Ва Эбар сию чор сол бизист, ва Фолаҷро ба дуньё овард.
17 Ва Эбар, баъд аз таваллуди Фолаҷ, чорсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
18 Ва Фолаҷ сӣ сол бизист, ва Рауро ба дуньё овард.
19 Ва Фолаҷ, баъд аз таваллуди Рау, дусаду нӯҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
20 Ва Рау сию ду сол бизист, ва Саруҷро ба дуньё овард.
21 Ва Рау, баъд аз таваллуди Саруҷ, дусаду ҳафт сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
22 Ва Саруҷ сӣ сол бизист, ва Ноҳӯрро ба дуньё овард.
23 Ва Саруҷ, баъд аз таваллуди Ноҳӯр, дусад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
24 Ва Ноҳӯр бисту нӯҳ сол бизист, ва Тораҳро ба дуньё овард.
25 Ва Ноҳӯр, баъд аз таваллуди Тораҳ, саду нуздаҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
26 Ва Тораҳ ҳафтод сол бизист, ва Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард.
27 Ва ин аст насаби Тораҳ: Тораҳ Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард. Ҳорон Лутро ба дуньё овард.
28 Ва Ҳорон пеш аз фавти падари худ Тораҳ, дар замин таваллуди худ, дар Ури калдониён мурд.
29 Ва Абром ва Ноҳӯр занон барои худ гирифтанд: номи зани Абром — Сорай ва номи зани Ноҳӯр — Милко, духтари Ҳорон, падари Милко ва падари Иско.
30 Ва Сорай бенасл буда, бача надошт.
31 Ва Тораҳ писари худ Абром ва набераи худ Лут, писари Ҳорон, ва келин худ Сорай, зани писараш Абромро гирифта, бо онҳо аз Ури калдониён берун омад, то ки ба замини Канъон бираванд, вале ба Ҳоррон расида, дар он ҷо маскан гирифтанд.
32 Ва айёми Тораҳ дусаду панҷ сол буд, ва Тораҳ дар Ҳоррон мурд.

Боби дувоздаҳум[edit]

1 Ва Худованд ба Абром гуфт: «Аз замини худ, аз ақрабои худ ва аз хонаи падари худ сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав.
2 Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам, ва номи туро бузург созам: ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.
3 Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд, ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд; ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост».
4 Ва Абром, чунон ки Худованд ба ӯ фармуд, равона шуд; ва Лут ҳамроҳи ӯ рафт. Ва Абром ҳафтоду панҷсола буд, ҳангоме ки аз Ҳоррон берун омад.
5 Ва Абром зани худ Сорай ва бародарзодаи худ Лутро бо тамоми дороие ки андӯхта буданд, ва бо ашхосе ки дар Ҳоррон доштанд, гирифт; ва берун омаданд, то ки сӯи замини Канъон равона шаванд; ва ба замини Канъон омаданд.
6 Ва Абром заминро тай карда, то мавзеи Шакем, то булутзори Мӯре расид. Ва дар он вақт канъониён дар ин замин буданд.
7 Ва Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ба насли ту ин заминро медиҳам». Ва дар он ҷо барои Худованд, ки бар ӯ зоҳир шуд, қурбонгоҳе бино кард.
8 Ва аз он ҷо ба кӯҳе ки аз Байт-Ил ба тарафи шарқ аст, кӯч кард; ва xаймаи худро барафрошт, ва Байт-Ил ба тарафи ғарбӣ ва Ай ба тарафи шарқии он буд; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард ва исми Худовандро хонд.
9 Ва Абром рахт баста, ба самти ҷануб роҳ паймудан гирифт.
10 Ва дар он замин қаҳтӣ буд. Ва Абром ба Миср фурӯд омад, то ки дар он ҷо зиндагӣ кунад; зеро ки қаҳтӣ дар он замин шиддат ёфт.
11 Вақте ки ба Миср наздик меомад, ба зани худ Сорай гуфт: «Инак, ман медонам, ки ту зани хушрӯй ҳастӣ;
12 ва чун мисриён туро бинанд, гӯянд: «Ин зани ӯст»; пас маро бикушанд, ва туро зинда нигоҳ доранд.
13 Пас бигӯ, ки ту хоҳари ман ҳастӣ, то ки ба хотири ту ба ман некӣ шавад, ва ҷонам ба туфайли ту зинда монад».
14 Ва ҳангоме ки Абром ба Миср омад, мисриён ин занро диданд, ки хеле хушрӯй аст;
15 ва акобири фиръавн варо диданд, ва дар ҳузури фиръавн варо ситоиш карданд; ва ин зан ба хонаи фиръавн гирифта оварда шуд.
16 Ва ба хотири вай ба Абром некӣ кард; ва Абром соҳиби гӯсфандон, ва говон, ва харон, ва ғуломон, ва канизон, ва хачирон, ва шутурон гардид.
17 Ва Худованд фиръавн ва аҳли байти ӯро аз боиси Сорай, зани Абром, ба балоҳои бад гирифтор кард.
18 Ва фиръавн Абромро хонда, гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Чаро ба ман нагуфтӣ, ки вай зани туст?
19 Чаро гуфтӣ: "Вай хоҳари ман аст"? Ва ман варо ба занӣ гирифтанӣ будам. Ва акнун инак зани ту; бигир ва бирав».
20 Ва фиръавн дар ҳаққи ӯ ба одамони худ амр фармуд, ва ӯро бо занаш ва бо ҳар чизе ки дошт, гуселониданд.

Боби сездаҳум[edit]

1 Ва Абром аз Миср рахт баста, бо занаш, ва бо ҳар чизе ки дошт, ва бо ҳамроҳии Лут ба ҷануб омад.
2 Ва Абром аз чорво, ва нуқра, ва тилло хеле бой буд.
3 Ва аз ҷануб то Байт-Ил роҳ паймуда, ба мақоме расид, ки дар он ҷо пештар хаймаи ӯ дар миёни Байт-Ил ва Ай буд,
4 ба мақоми қурбонгоҳе ки дар он ҷо ӯ дар ибтидо бино карда буд; ва дар он ҷо Абром исми Худовандро хонда буд.
5 Лут низ, ки ҳамроҳи Абром мегашт, гӯсфандон, ва говон, ва хаймаҳо дошт.
6 Вале замин ба онҳо ғунҷоиш намедод, ки дар як ҷо сокин шаванд, зеро ки дороияшон бисёр буд, ва наметавонистанд дар як ҷо сокин шаванд.
7 Ва дар миёни чӯпонони чорвои Абром ва чӯпонони чорвои Лут низоъ афтод; ва дар он замон канъониён ва фарризиён сокини он замин буданд.
8 Ва Абром ба Лут гуфт: “Зинҳор, дар миёни ман ва ту, ва дар миёни чӯпонони ман ва чӯпонони ту низое набошад; зеро ки мо хешу табор ҳастем.
9 Магар тамоми замин пеши ту нест? Пас, хоҳишмандам, ки аз ман ҷудо шавӣ. Агар ба тарафи чап равӣ, ман ба тарафи рост хоҳам рафт, ва агар ба тарафи рост равӣ, ман ба тарафи чап хоҳам рафт”.
10 Ва Лут чашм андохта, тамоми водии Урдунро дид, ки он, пеш аз он ки Худованд Садӯм ва Амӯроро хароб кунад, сар ба сар то Сӯар, мисли боғи Худованд, мисли замини Миср обшор буд.
11 Ва Лут тамоми водии Урдунро барои худ ихтиёр кард; ва Лут ба тарафи шарқ кӯч кард. Ва онҳо аз якдигар ҷудо шуданд.
12 Абром дар замини Канъон сокин шуд; ва Лут дар шаҳрҳои водӣ сокин шуд, ва хаймаҳои худро то Садӯм барафрошт.
13 Лекин мардуми Садӯм бағоят шарир ва пеши Худованд гуноҳкор буданд.
14 Ва Худованд ба Абром, баъд аз он ки Лут аз ӯ ҷудо шуд, гуфт: “Акнун чашм андохта, аз мақоме ки дар он истодаӣ, ба ҷониби шимол, ва ҷануб, ва шарқ, ва ғарб назар кун.
15 Зеро тамоми заминеро, ки мебинӣ, ба ту ва ба насли ту то абад медиҳам.
16 Ва насли туро монанди ғубори замин мегардонам; агар касе ғубори заминро шумурда тавонад, насли ту низ шумурда шавад.
17 Бархез ва дар тӯлу арзи ин замин гардиш кун: зеро ки онро ба ту медиҳам”.
18 Ва Абром хаймаи худро кӯчонда, равона шуд ва дар булутзори Мамре, ки дар Ҳебрӯн аст, маскан гирифт; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард.

Боби чордаҳум[edit]

1 Ва воқеъ шуд дар айёми Амрофал подшоҳи Шинъор, Арйӯк подшоҳи Алосор, Қадорлаӯмар подшоҳи Элом ва Тидъол подшоҳи Ҷӯим,
2 ки онҳо бо Бараъ подшоҳи Садӯм, Биршаъ подшоҳи Амӯро, Шиноб подшоҳи Адмо, Шамэбар подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, ҷанг карданд.
3 Ҳамаи онҳо дар водии Сиддим, ки ҳамон баҳри Намак бошад, бо ҳам пайвастанд.
4 Дувоздаҳ сол онҳо дар хизмати Кадорлоӯмар буданд ва дар соли сездаҳум исьён карданд.
5 Ва дар соли чордаҳум Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо ӯ буданд, омада, рафоиёнро дар Аштарут-Қарнайн, зузиёнро дар Ҳом ва эмиёнро дар Шове-Қирьётаим шикаст доданд,
6 ва ҳӯриёнро дар кӯҳи онҳо Сеир то Ил-Форон, ки дар шафати биёбон аст.
7 Ва баргашта, ба чашмаи Мишфот, ки ҳамон Қодеш бошад, омаданд ва тамоми дашти Амолеқро, ва амӯриёнро низ, ки дар Ҳассун-Томор сокин буданд, шикаст доданд.
8 Он гоҳ подшоҳи Садӯм, подшоҳи Амӯро, подшоҳи Адмо, подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, берун омаданд; ва онҳо дар водии Сиддим ба ҷанг даромаданд,
9 бо Кадорлоӯмар подшоҳи Элом, Тидъол подшоҳи Ҷӯим, Амрофал подшоҳи Шинъор ва Арйӯк подшоҳи Алосор; чор подшоҳ бо панҷ.
10 Ва водии Сиддим пур аз чоҳҳои қир буд; ва подшоҳони Садӯм ва Амӯро рӯй ба гурез оварда, ба он ҷо афтоданд; ва боқимондагон ба кӯҳистон гурехтанд.
11 Ва ҳамаи дороии Садӯм ва Амӯроро бо тамоми озуқаи онҳо гирифта рафтанд.
12 Ва бародарзодаи Абром, Лутро, ки дар Садӯм сокин буд, бо дороияш гирифта рафтанд.
13 Ва гурезае омада, ба Аброми ибрӣ хабар дод, ва ӯ дар булутзори Мамреи амӯрӣ, ки бародари Ашкӯл ва бародари Онер буд, истиқомат дошт, ва онҳо иттифоқчиёни Абром буданд.
14 Чун Абром шунид, ки хешаш ба асирӣ афтодааст, сесаду ҳаждаҳ нафар ғуломони хоназоди дастпарварди худро бо худ бурда, то Дон таъқиб намуд.
15 Ва шабонгоҳ тақсим шуда, ба онҳо тохт, ӯ ва ғуломонаш; ва онҳоро шикаст дод ва то ба Ҳӯбо, ки аз Димишқ ба тарафи шимол аст, таъқиб намуд.
16 Ва тамоми дороиро баргардонид, ва хеши худ Лут ва дороии ӯро, ва занон ва қавмро низ.
17 Вақте ки ӯ, баъд аз шикаст додани Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо вай буданд, баргашта меомад, подшоҳи Садӯм назди водии Шове, ки ҳамон водии подшоҳ бошад, ба пешвози ӯ баромад.
18 Ва Малкисодақ подшоҳи Салим, нон ва май баровард, ва ӯ коҳини Худои Таоло буд.
19 Ва ӯро баракат дода, гуфт: «Муборак аст Абром аз ҷониби Худои Таоло, Молики осмон ва замин;
20 ва муборак аст Худои Таоло, ки душманонатро ба дастат таслим кард». Ва Абром ба вай аз ҳар чиз даҳьяк дод.
21 Ва подшоҳи Садӯм ба Абром гуфт: «Ашхосро ба ман бидеҳ, ва дороиро барои худ бигир».
22 Ва Абром ба подшоҳи Садӯм гуфт: «Дасти худро ба Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин бардошта, қасам мехӯрам,
23 ки аз тамоми дороии ту риштае ё даволи кафше нагирам, то нагӯӣ: «Ман Абромро бой гардондам», —
24 магар фақат он чи ҷавонон хӯрданд, ва ҳиссаи одамоне ки ҳамроҳи ман рафтанд: бигзор Онер, Ашкӯл ва Мамре ҳиссаи худро бигиранд».

Боби понздаҳум[edit]

1 Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».
2 Ва Абром гуфт: «Худоё Худовандо! Ба ман чӣ медиҳӣ? Ва ман бефарзанд меравам; ва Алиазари димишқӣ хонаи маро идора мекунад».
3 Ва Абром гуфт: «Инак, ба ман насл надодӣ, ва инак, хоназодам вориси ман аст».
4 Ва дарҳол каломи Худованд ба ӯ даррасида, гуфт: «Ин вориси ту нахоҳад буд, балки он ки аз камари ту барояд, вориси ту хоҳад буд».
5 Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ». Ва ба ӯ гуфт: «Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд».
6 Ва ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.
7 Ва ба ӯ гуфт: «Манам Худованд, ки туро аз Ури калдониён берун овардам, то ки ин заминро ба ирсият ба ту бидиҳам».
8 Ва гуфт: «Худоё Худовандо! Аз чӣ бидонам, ки вориси он хоҳам буд?»
9 Ва ба ӯ гуфт: «Ғуноҷини сесола, модабузи сесола, қӯчқори сесола, қумрӣ ва кабӯтарбачае барои Ман бигир».
10 Ӯ ин ҳамаро гирифт, ва онҳоро дупора кард, ва ҳар пораро рӯ ба рӯи ҷуфташ гузошт; фақат мурғонро пора накард.
11 Ва лошахӯрон бар лошаҳо фурӯд омаданд; лекин Абром онҳоро ронд.
12 Ва ҳангоми ғуруби офтоб Абромро хоби гарон зер кард; ва инак, даҳшат ва зулмоти азиме ӯро фаро гирифт.
13 Ва ба Абром гуфт: «Якин бидон, ки насли ту дар замине ки аз они онҳо набошад, ғариб хоҳанд буд, ва онҳоро банда хоҳанд кард, ва бар онҳо чорсад сол зулм хоҳанд кард.
14 Ва бар халқе ки онҳо бандагонаш хоҳанд буд, Ман доварӣ хоҳам кард; ва баъд аз он бо дороии зиёд берун хоҳанд омад.
15 Ва ту назди падарони худ ба саломатӣ хоҳӣ рафт ва дар пирии некӯ мадфун хоҳӣ шуд.
16 Ва дар насли чорум ба ин ҷо хоҳанд баргашт, зеро ки гуноҳи амӯриён ҳанӯз пур нашудааст».
17 Ва чун офтоб ғуруб карда, торикӣ фаро расид, танӯри пурдуд ва оташи алангадор аз миёни он пораҳо гузар кард.
18 Дар он рӯз Худованд бо Абром аҳд баста, гуфт: “Ин заминро аз наҳри Миср то наҳри бузург, яъне наҳри Фурот, ба насли ту медиҳам:
19 қениёнро, қенназзиёнро, қадмӯниёнро,
20 ҳиттиёнро, фарриззиёнро, рафоиёнро,
21 амӯриёнро, канъониёнро, ҷирҷошиёнро ва ябӯсиёнро”.

Боби шонздаҳум[edit]

1 Ва Сорай, зани Абром, ба вай фарзанд наовард, ва ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд.
2 Ва Сорай ба Абром гуфт: “Инак, Худованд маро аз зоидан боздошт; пас бо канизи ман бихоб; шояд, аз вай фарзанддор шавам”. Ва Абром ба сухани Сорай даромад.
3 Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар замини Канъон гузашт, Сорай зани Абром, канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.
4 Ва бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, хотунашро хор дошт.
5 Ва Сорай ба Абром гуфт: “Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад”.
6 Ва Абром ба Сорай гуфт: “Инак, канизи ту ба дасти туст; он чи писанди назари ту бошад, бо вай бикун”. Ва Сорай варо ба танг овард; вай аз пеши ӯ гурехта рафт.
7 Ва фариштаи Худованд варо назди чашмаи об дар биёбон, яъне чашмае ки ба роҳи Шур мебошад, ёфт.
8 Ва гуфт: «Эй Ҳоҷар, канизи Сорай! Аз куҷо омадӣ ва куҷо меравӣ?» Вай гуфт: «Ман аз пеши хотуни худ Сорай гурехтам».
9 Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Назди хотуни худ баргард ва зери дасти вай мутеъ шав».
10 Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Насли туро бисёр афзун гардонам, ки аз бисёрӣ онро натавон шумурд».
11 Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Инак, ҳомила ҳастӣ, ва писаре хоҳӣ зоид, ва ӯро Исмоил ном хоҳӣ монд; зеро ки Худованд азияти туро шунидааст.
12 Ва ӯ марди ваҳшӣ хоҳад буд; дасти ӯ бар ҳама, ва дасти ҳама бар ӯ; пеши ҳамаи бародарони худ маскан хоҳад гирифт».
13 Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато-Эл-рӯӣ[2] хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».
14 Аз ин сабаб он чоҳ Беэр-лаҳай-рӯӣ[3] ном дорад, ки дар миёни Қодеш ва Борад воқеъ аст.
15 Ва Ҳоҷар ба Абром писар зоид; ва Абром писари худро, ки Ҳоҷар зоид, Исмоил ном ниҳод.
16 Ва Абром ҳаштоду шашсола буд, ҳангоме ки Ҳоҷар Исмоилро ба Абром зоид.

Боби ҳафдаҳум[edit]

1 Вақте ки Абром наваду нӯҳсола буд, Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои Қодирам; пеши Ман роҳ рав ва покдоман бош;
2 ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту барқарор мекунам, ва туро хеле ва хеле афзун мегардонам».
3 Ва Абром бар рӯи худ афтод, ва Худо суханашро ба ӯ давом дода, гуфт:
4 «Ман – инак аҳди Ман бо ту: ту падари халқҳои бисёр хоҳӣ буд.
5 Ва номи ту минъбад Абром хонда нашавад; балки номи ту Иброҳим хоҳад буд; зеро ки туро падари халқҳои бисёр мегардонам.
6 Ва туро хеле ва хеле борвар месозам, ва аз ту халқҳо ба вуҷуд меоварам, ва подшоҳон аз ту ба вуҷуд меоянд.
7 Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту, ва насли ту баъд аз ту, барқарор мекунам, ки дар ҳамаи наслҳои онҳо аҳди ҷовидонӣ бошад, то ки туро, ва баъд аз ту насли туро Худо бошам.
8 Ва замини мусофирати туро, тамоми замини Канъонро ба ту, ва баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам; ва Худои онҳо хоҳам буд».
9 Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Вале ту аҳди Маро риоя кун, ту, ва баъд аз ту насли ту, дар ҳамаи наслҳои онҳо.
10 Ин аст аҳди Ман, ки риоя хоҳед кард дар миёни Ман ва шумо ва насли ту баъд аз ту: ҳар наринаи шумо хатна карда шавад.
11 Ва ғилофаки худро хатна кунед, то аломати аҳде бошад, ки дар миёни Ман ва шумост.
12 Ва дар ҳаштрӯзагӣ ҳар наринаи шумо дар ҳамаи наслҳои шумо хатна карда шавад, хоҳ хоназод бошад, хоҳ зархарид аз ҳар аҷнабие ки аз насли ту нест.
13 Ҳар хоназоди ту ва ҳар зархариди ту ҳатман хатна карда шавад, то ки аҳди Ман дар ҷисми шумо аҳди ҷовидонӣ бошад.
14 Вале наринаи номахтун, ки ғилофаки худро хатна накарда бошад, он кас аз байни халқи худ маҳв гардад; вай аҳди Маро поймол кардааст».
15 Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Зани худ Сорайро Сорай нахон; балки номаш Соро бошад.
16 Ман варо баракат хоҳам дод, ва писаре низ аз вай ба ту хоҳам бахшид; варо баракат хоҳам дод, ва халқҳо аз вай ба вуҷуд оянд, ва подшоҳони халқҳо аз вай пайдо шаванд».
17 Ва Иброҳим бар рӯи худ афтода, хандид ва дар дили худ гуфт: «Наход ки аз марди садсола бача шавад, ва Соро дар навадсолагӣ бизояд?»
18 Ва Иброҳим ба Худо гуфт: «Кошки Исмоил пеши Ту зиндагӣ кунад!»
19 Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном ҳоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷовидонӣ бошад.
20 Дар ҳаққи Исмоил ҳам туро шунидам: инак, ӯро баракат медиҳам, борвар мегардонам, хеле ва хеле афзун месозам; дувоздаҳ амирон аз ӯ пайдо шаванд; ва аз ӯ халқи бузурге ба вуҷуд меоварам.
21 Вале аҳди Худро бо Исҳоқ барқарор хоҳам кард, ки Соро ӯро соли дигар дар ҳамин вақт ба ту хоҳад зоид».
22 Ва Худо сухан гуфтанро бо ӯ бас карда, аз пеши Иброҳим сууд намуд.
23 Ва Иброҳим писари худ Исмоил ва ҳамаи хоназодон ва зархаридони худро, яъне ҳар наринаи аҳли байти Иброҳимро гирифта, ғилофаки онҳоро дар ҳамон рӯз хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ гуфта буд.
24 Ва Иброҳим наваду нӯҳсола буд, вақте ки ғилофаки ӯ хатна шуд.
25 Ва писараш Исмоил сездаҳсола буд, вақте ки ғилофакаш хатна шуд.
26 Дар ҳамон рӯз Иброҳим ва писараш Исмоил хатна шуданд.
27 Ва ҳамаи наринаҳои аҳли байти ӯ, хоҳ хоназодон, хоҳ зархаридони аҷнабӣ, бо ӯ хатна шуданд.

Боби ҳаждаҳум[edit]

1 Ва Худованд дар булутзори Мамре бар ӯ зоҳир гардид, вақте ки ӯ дар гармои рӯз ба дари хайма нишаста буд.
2 Ва чашм андохта, дид, ки инак, се мард дар рӯ ба рӯяш истодаанд. Чун онҳоро дид, аз дари хайма ба пешвози онҳо шитофт, ва то замин саҷда кард.
3 Ва гуфт: «Эй оғои ман! Агар дар назари Ту илтифот ёфта бошам, аз пеши бандаи Худ нагузар.
4 Андак об биёваранд, то ки пойҳои худро шуста, зери дарахт фароғат кунед.
5 Ва луқмаи ноне биёварам, то ки дилҳои худро қувват диҳед; ва пас аз он равона шавед; зеро ки барои ҳамин шумо пеши бандаи худ гузар кардаед». Гуфтанд: «Он чи гуфтӣ, бикун».
6 Ва Иброҳим ба хайма назди Соро шитофт ва гуфт: «Ба зудӣ се қафиз аз орди маҳин гирифта, хамир кун ва кулча паз».
7 Ва Иброҳим сӯи рама давид, ва гӯсолаи навдаму хуберо гирифта, ба ҷавоне дод, то ки зуд онро тайёр кунад.
8 Пас маска ва шир ва гӯсолаи тайёршударо гирифта, пеши онҳо гузошт; ва худаш дар паҳлуи онҳо зери дарахт истод, то хӯрданд.
9 Ва ба ӯ гуфтанд: «Зани ту, Соро куҷост?» Гуфт: «Инак, дар хайма аст».
10 Ва гуфт: «Соли оянда дар ҳамин вақт ҳатман назди ту хоҳам баргашт, ва занат Сороро писаре хоҳад шуд». Ва Соро ба дари хайма, ки дар ақиби ӯ буд, шунид.
11 Ва Иброҳим ва Соро пир ва солхурда буданд; ва одати занон аз Соро қатъ шуда буд.
12 Ва Соро дарунакӣ хандида, гуфт: «Оё баъд аз фарсудагиам маро ҳузуру ҳаловате хоҳад буд? Ва оғоям низ пир шудааст».
13 Ва Худованд ба Иброҳим гуфт: «Барои чӣ Соро хандида, гуфт: "Наход ки ҳақиқатан зоида тавонам, дар сурате ки ман пир шудаам?"
14 Магар барои Худованд чизи мушкиле ҳаст? Дар сари ваъда, соли оянда дар ҳамин вақт назди ту хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».
15 Аммо Соро мункир шуда, гуфт: «Нахандидаам». Чунки тарсид. Вале Ӯ гуфт: «Не, хандидӣ».
16 Ва он мардон аз он ҷо бархоста, сӯи Садӯм назар дӯхтанд, ва Иброҳим ҳамроҳашон равона шуд, то ки онҳоро гусел кунад.
17 Ва Худованд гуфт: «Оё он чи Ман карданиам, аз Иброҳим пӯшида дорам?
18 Ва аз Иброҳим ҳатман халқи бузург ва зӯроваре ба вуҷуд хоҳад омад, ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар ӯ баракат хоҳанд хост.
19 Зеро ӯро барои он шинохтаам, ки фарзандони худро, ва аҳли байти худро баъд аз худ амр хоҳад фармуд, ки роҳи Худовандро риоя карда, адлу инсофро ба амал оваранд, то ки Худованд он чи дар ҳаққи Иброҳим гуфтааст, ба вай бирасонад».
20 Ва Худованд гуфт: «Фиғон аз дасти Садӯм ва Амӯро бисьёр шудааст, ва гуноҳашон бағоят гарон шудааст.
21 Фурӯд омадам, то бубинам, ки оё онҳо комилан мувофиқи фиғоне ки ба Ман мерасад, рафтор кардаанд, ё не; хоҳам донист».
22 Ва мардон аз он ҷо сӯи Садӯм рӯй ниҳода рафтанд; вале Иброҳим ҳанӯз пеши Худованд истода буд.
23 Ва Иброҳим наздик омада, гуфт: «Наход ки одилро бо шарир маҳв созӣ?
24 Шояд, дар ин шаҳр панҷоҳ одил бошанд? Наход ки онҳоро маҳв созӣ, ва он маконро ба хотири панҷоҳ одиле ки дар он бошанд, амон надиҳӣ?
25 Калло ва ҳошо ба Ту, ки коре мисли ин бикунӣ, ки одилро бо шарир бикушӣ, ва одилу шарир баробар бошанд; калло ва ҳошо ба Ту! Оё Довари тамоми замин аз рӯи адл амал нахоҳад кард?»
26 Ва Худованд гуфт: «Агар дар шаҳри Садӯм панҷоҳ одил ёбам, тамоми он маконро ба хотири онҳо амон медиҳам».
27 Ва Иброҳим ба ҷавоб гуфт: «Инак ман, ки хок ва хокистар ҳастам, ҷуръат намудам ба Худованд сухане бигӯям:
28 Шояд, аз он панҷоҳ одил панҷ нафар кам бошад, наход ки тамоми шаҳрро аз боиси панҷ нафар маҳв созӣ?» Гуфт: «Агар дар он ҷо чилу панҷ нафар ёбам, маҳв накунам».
29 Ва боз илова намуда, ба Ӯ гуфт: «Шояд, дар он ҷо чил нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири чил нафар ҳам ин корро накунам».
30 Ва гуфт: «Худованд дарғазаб нашавад, ки ман сухане хоҳам гуфт: шояд, дар он ҷо сӣ нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Агар дар он ҷо сӣ нафар ёбам, ин корро накунам».
31 Ва гуфт: «Инак, ман ҷуръат намудам ба Худованд сухане бигӯям: шояд, дар он ҷо бист нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири бист нафар маҳв накунам».
32 Ва гуфт: «Худованд дарғазаб нашавад, ки ман фақат як бори дигар сухане хоҳам гуфт: шояд, дар он ҷо даҳ нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири даҳ нафар маҳв накунам».
33 Ва Худованд, чун гуфтугӯро бо Иброҳим тамом кард, бирафт; ва Иброҳим ба макони худ баргашт.

Боби нуздаҳум[edit]

1 Ва он ду фаришта бегоҳирӯзӣ ба Садӯм омаданд, ва Лут назди дарвозаи Садӯм нишаста буд. Ва чун Лут онҳоро дид, ба пешвози онҳо бархост, ва рӯй бар замин ниҳода, саҷда кард.
2 Ва гуфт: «Эй оғоёни ман! Ба хонаи бандаи худ биёед, ва шабро гузаронед, ва пойҳои худро бишӯед, ва бомдодон бархоста, роҳи худро пеш гиред». Вале гуфтанд: «Не, шабро дар кӯча мегузаронем».
3 Ва чун онҳоро бисьёр илтиҷо намуд, назди ӯ равона шуда, ба хонааш даромаданд. Ва ӯ онҳоро зиёфат дод, ва фатир пухт; ва онҳо тановул карданд.
4 Ҳанӯз ба хоб нарафта буданд, ки сокинони шаҳр, мардони Садӯм, аз ҷавон то пир, тамоми халқ аз ҳар ҷониб хонаро иҳота карданд.
5 Ва Лутро ҷеғ зада, гуфтанд: «Куҷоянд он касоне ки имшаб назди ту омаданд? Онҳоро назди мо берун овар, то ки бо онҳо бихобем».
6 Ва Лут назди онҳо дар пеши остона берун омад, ва дарро аз ақиби худ бибаст,
7 ва гуфт: «Эй бародаронам, зинҳор, бадӣ накунед.
8 Инак, ман ду духтар дорам, ки бокира ҳастанд; беҳтар, ки онҳоро назди шумо берун оварам, ва он чи дар назари шумо писанд ояд, бо онҳо бикунед; фақат ба ин мардон ҳеҷ коре накунед, зеро ки онҳо зери сояи сақфи ман омадаанд».
9 Ва гуфтанд: «Дафъ шав!» Ва гуфтанд: «Ин яке барои иқомат омад, ва мехоҳад довар бошад? Акнун ба ту, назар ба онҳо, бадтар муомила мекунем». Ва бо шиддат ба ин мард, яъне ба Лут, ҳамла оварда, наздик шуданд, то ки дарро бишкананд.
10 Вале он мардон дастҳои худро дароз карда, Лутро назди худ ба хона дароварданд, ва дарро бастанд.
11 Ва мардумеро, ки назди дари хона буданд, аз хурд то калон, ба кӯрӣ гирифтор карданд, ба тавре ки онҳо аз ёфтани дар оҷиз монданд.
12 Ва он мардон ба Лут гуфтанд: «Оё каси дигаре дар ин ҷо дорӣ? Домодон, ва писарон, ва духтарони худ, ва ҳар киро, ки дар шаҳр дорӣ, аз ин макон берун овар.
13 Зеро ки мо ин маконро маҳв хоҳем кард; чунки фиғон аз дасти онҳо пеши Худованд бисьёр шудааст, ва Худованд моро фиристод, ки онро маҳв созем».
14 Ва Лут берун рафта, бо домодонаш, ки духтарони ӯро гирифтанӣ буданд, гап зад, ва гуфт: «Бархезед, аз ин макон равед; зеро ки Худованд ин шаҳрро маҳв мекунад». Вале ба назари домодонаш чунин намуд, ки ӯ ҳазлбозӣ мекунад.
15 Ва ҳангоми дамидани субҳ он фариштагон Лутро шитоб кунонда, гуфтанд: «Бархез, зани худро бо ду духтаре ки пешат ҳастанд, бигир, то ки аз боиси гуноҳи ин шаҳр нобуд нашавӣ».
16 Ва чун дер мекард, он мардон дасти ӯ, ва дасти занаш, ва дасти ду духтарашро гирифтанд, — чунки Худованд бар ӯ шафқат кард, — ва ӯро бароварда, дар беруни шаҳр гузоштанд.
17 Вақте ки онҳоро берун оварданд, гуфт: «Ҷони худро раҳо кун; ба ақиб нигоҳ накун, дар ҳеҷ ҷои ин водӣ наист; ба кӯҳ гурехта рав, то ки нобуд нашавӣ».
18 Вале Лут ба онҳо гуфт: «Не, Худоё!
19 Инак, бандаат дар назарат илтифот ёфтааст, ва эҳсони азиме ба ман кардӣ, ки ҷонамро раҳоӣ додӣ; вале ман қудрати он надорам, ки ба кӯҳ гурехта равам, мабодо балое ба сарам ояду бимирам.
20 Инак, он шаҳр барои гурехта рафтан наздик аст, ва ин чизи андак аст; ба он ҷо гурехта равам — ин, охир, чизи андак аст, — ва ҷонам зинда мемонад».
21 Ва ба ӯ гуфт: «Инак, дар ин бобат ҳам туро рӯихотир мекунам: шаҳреро, ки гуфтӣ, вожгун намесозам.
22 Шитобон ба он ҷо гурехта рав; зеро ки то ба он ҷо нарасӣ, чизе карда наметавонам». Аз ин сабаб он шаҳр Сӯар номида шудааст.
23 Офтоб бар замин тулӯъ кард, вақте ки Лут ба Сӯар расид.
24 Ва Худованд бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташ аз ҷониби Худованд аз осмон боронид.
25 Ва он шаҳрҳоро, ва тамоми водиро, ва ҳамаи сокинони шаҳрҳо ва набототи заминро вожгун сохт.
26 Вале зани Лут аз ақиби ӯ нигарист, ва сутуни намак гардид.
27 Ва бомдодон Иброҳим бархоста, суи маконе рафт, ки он ҷо пеши Худованд истода буд.
28 Ва чун ба ҷониби Садӯм ва Амӯро ва тамоми замини водӣ назар андохт, дид, ки инак, дуди он замин чун дуди хумдон боло меравад.
29 Ва ҳангоме ки Худо шаҳрҳои водиро маҳв мекард, Худо Иброҳимро ба хотир овард, ва Лутро аз миёни он харобӣ берун кард дар ҳини вожгун сохтани шаҳрҳое ки Лут дар онҳо иқомат дошт.
30 Ва Лут аз Сӯар баромад, ва бо ду духтари худ дар кӯҳ маскан гирифт: зеро ки аз сокин шудан дар Сӯар тарсид, ва бо ду духтараш дар мағорае сукунат ихтиёр кард.
31 Ва духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Падари мо пир шудааст, ва марде бар рӯи замин нест, ки аз рӯи одати тамоми замин бо мо бихобад.
32 Биё, падари худро шароб нӯшонем, ва бо ӯ бихобем, то насле аз падари худ нигоҳ дорем».
33 Ва ҳамон шаб падари худро шароб нӯшонданд, ва духтари калонӣ омада, бо падари худ хобид, ва ӯ аз хобидан ва хестани вай огоҳ нашуд.
34 Рӯзи дигар духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Инак, дишаб бо падарам хобидам; имшаб низ ӯро шароб нӯшонем, ва ту даромада, бо ӯ бихоб, то ки насле аз падари худ нигоҳ дорем».
35 Он шаб низ падари худро шароб нӯшонданд, ва духтари хурдӣ бо ӯ хобид, ва ӯ аз хобидан ва хестани вай огоҳ нашуд.
36 Ва ҳар ду духтари Лут аз падари худ ҳомила шуданд.
37 Ва духтари калонӣ писаре зоид, ва ӯро Мӯоб ном ниҳод; ва ӯ то имрӯз падари мӯобиён аст.
38 Ва духтари хурдӣ низ писаре зоид, ва ӯро Бин-Аммӣ ном ниҳод; ӯ то имрӯз падари банӣ-Аммӯн аст.

Боби бистум[edit]

1 Ва Иброҳим аз он ҷо сӯи замини ҷанубӣ кӯч кард, ва дар миёни Қодеш ва Шур маскан гирифт, ва дар Ҷарор манзил кард.
2 Ва Иброҳим дар ҳаққи зани худ Соро гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст». Ва Абималик подшоҳи Ҷарор одам фиристода, Сороро гирифт.
3 Ва Худо пеши Абималик дар хоби шаб омада, ба ӯ гуфт: «Инак, ту мемирӣ аз боиси ин зан, ки гирифтаӣ; зеро ки вай зани шавҳардор аст».
4 Ва Абималик ҳанӯз ба вай наздикӣ накарда буд, ва гуфт: «Худоё! Наход ки халқи одилро низ бикушӣ?
5 Магар ӯ ба ман нагуфт: "Вай хоҳари ман аст"? Худи вай ҳам гуфт: "Ӯ бародари ман аст". Ба соддадилӣ ва покдастии худ ин корро кардам».
6 Ва Худо ба ӯ дар хоб гуфт: «Ман низ медонистам, ки ба соддадилии худ ин корро кардӣ, ва Ман низ туро нигоҳ доштам, то ки пеши Ман гуноҳкор нашавӣ; аз ин сабаб нагузоштам, ки ба вай даст бирасонӣ.
7 Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд; вале агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва ҳар кӣ аз они туст, ҳатман хоҳед мурд».
8 Ва Абималик бомдодон бархоста, тамоми ғуломони худро хонд, ва ҳамаи ин суханонро ба самъашон расонд; ва ин одамон хеле ҳаросон шуданд.
9 Ва Абималик Иброҳимро хонда, ба ӯ гуфт: «Чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Ба ту чӣ гуноҳ кардам, ки бар ман ва бар мамлакати ман гуноҳи азиме овардӣ? Корҳои накарданӣ ба ман кардӣ».
10 Ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Чиро дар назар доштӣ, ки ин корро кардӣ?»
11 Ва Иброҳим гуфт: «Гумон кардам, ки худотарсӣ дар ин макон нест, ва аз боиси занам маро хоҳанд кушт.
12 Ва дар ҳақиқат низ вай хоҳари ман аст: духтари падарам, аммо на духтари модарам; ва зани ман шуд.
13 Ва инак, ҳангоме ки Худо маро аз хонаи падарам ба роҳи мусофират андохт, ба вай гуфтам: эҳсоне ки ба ман бояд бикунӣ, ин аст, ки ҳар ҷо биравем, дар ҳаққи ман бигӯӣ: "Ӯ бародари ман аст"».
14 Ва Абималик гӯсфандон, ва говон, ва ғуломон, ва канизон гирифта, ба Иброҳим бахшид, ва занаш Сороро ба ӯ баргардонд.
15 Ва Абималик гуфт: «Инак, замини ман пеши туст; ҳар ҷо, ки писанди назарат афтад, сокин шав».
16 Ва ба Соро гуфт: «Инак, ҳазор сиккаи нуқра ба бародарат додам; инак, ин барои ту чашмбанд аст пеши ҳамаи касоне ки бо ту ҳастанд, ва пеши ҳама бегуноҳият исбот шуд».
17 Ва Иброҳим пеши Худо дуо гуфт, ва Худо Абималик, ва зани ӯ, ва канизони ӯро шифо бахшид, ва онҳо зоён шуданд.
18 Зеро ки Худованд батни тамоми аҳли байти Абималикро аз боиси Соро, зани Иброҳим, сахт баста буд.

Боби бисту якум[edit]

1 Ва Худованд Сороро, чунон ки гуфта буд, тафаққуд намуд; ва Худованд он чи ба Соро гуфта буд, ба амал овард.
2 Ва Соро ҳомила шуда, ба Иброҳим дар пириаш писаре зоид, дар мӯҳлате ки Худо ба ӯ гуфта буд.
3 Ва Иброҳим писари мавлуди худро, ки Соро ба ӯ зоид, Исҳоқ ном ниҳод.
4 Ва Иброҳим писари худ Исҳоқро дар ҳаштрӯзагиаш хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд.
5 Ва Иброҳим дар вақти таваллуди писараш Исҳоқ садсола буд.
6 Ва Соро гуфт: «Худо барои ман ханда сохт, ва ҳар кӣ бишнавад, ба ман ханда хоҳад кард».
7 Ва гуфт: «Кист, ки ба Иброҳим мегуфт: "Соро кӯдаконро хоҳад маконид"? Зеро ки писаре дар пириаш зоидаам».
8 Ва он писар калон шуд, ва ӯро аз сина ҷудо карданд; ва дар рӯзе ки Исҳоқро аз сина ҷудо карданд, Иброҳим зиёфати калоне дод.
9 Ва Соро дид, ки писари Ҳоҷари мисрӣ, ки ба Иброҳим зоида буд, ханда мекунад.
10 Ва ба Иброҳим гуфт: «Ин канизро бо писараш пеш кун; зеро ки писари ин каниз бо писари ман Исҳоқ ворис нахоҳад буд».
11 Вале ин сухан дар назари Иброҳим дар ҳаққи писараш хеле бад омад.
12 Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин амр дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд; ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз; зеро ки насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд.
13 Ва аз писари каниз низ халқе ба вуҷуд меоварам, чунки ӯ насли туст».
14 Ва бомдодон Иброҳим бархост, ва нон ва машки обе гирифт, ва ба Ҳоҷар дода, бар китфи ӯ гузошт, ва ӯро бо писар равона кард; ва ӯ бирафт, ва дар биёбони Беэр-Шобаъ роҳро гум кард.
15 Ва чун оби машк тамом шуд, писарро зери буттае гузошт.
16 Ва ба масофати тиррас дур рафта, дар рӯ ба рӯи вай нишаст, зеро ки гуфт: «Мурдани писарро набинам». Ва дар рӯ ба рӯи вай нишаста, овози худро баланд кард ва бигирист.
17 Ва Худо овози бачаро шунид; ва фариштаи Худо аз осмон Ҳоҷарро нидо карда, ба вай гуфт: «Эй Ҳоҷар, туро чӣ шуд? Натарс; зеро ки Худо овози бачаро аз он ҷое ки ҳаст, шунид.
18 Бархез ва писарро бардошта, дасташро бигир; зеро ки аз вай xалқи азиме ба вуҷуд хоҳам овард».
19 Ва Худо чашмони ӯро воз кард, ва ӯ чоҳи обе дид, ва пеш рафта, машкро об пур кард, ва бачаро нӯшонид.
20 Ва Худо бо он бача буд; ва ӯ калон шуда, сокини биёбон гашт; ва камонкаш шуд.
21 Ва дар биёбони Форон иқомат дошт; ва модараш зане аз замини Миср барои ӯ гирифт.
22 Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Абималик бо Фикӯл, ки сипаҳсолори ӯ буд, ба Иброҳим рӯ оварда, гуфт: «Дар ҳар коре ки мекунӣ, Худо бо туст;
23 ва акнун барои ман дар ин ҷо ба Худо қасам ёд кун, ки ба ман ва ба набераву абераи ман осебе нахоҳӣ расонд, балки дар ҳаққи ман ва дар ҳаққи замине ки дар он манзил кардаӣ, мувофиқи эҳсоне ки бо ту кардам, рафтор хоҳӣ кард».
24 Ва Иброҳим гуфт: «Ман қасам ёд мекунам».
25 Ва Иброҳим Абималикро мазаммат намуд аз боиси чоҳи обе ки ғуломони Абималик бо зӯрӣ гирифта буданд.
26 Вале Абималик гуфт: «Намедонам, кист, ки ин корро кардааст, ту низ ба ман нагуфтаӣ; ман низ то имрӯз нашнидаам».
27 Ва Иброҳим гӯсфандон ва говон гирифта, ба Абималик дод, ва ҳар ду иттифоқ бастанд.
28 Ва Иброҳим ҳафт барраи модаро аз рама ҷудо кард.
29 Ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Ин ҳафт барраи мода, ки дар ин ҷо ҷудо кардӣ, барои чист?»
30 Гуфт: «Ин ҳафт барраи модаро аз дасти ман бигир, то барои ман шаҳодате бошад, ки ин чоҳро ман кандаам».
31 Аз ин сабаб он маконро Беэр-Шобаъ номид; зеро ки дар он ҷо ҳар дуяшон қасам ёд карданд.
32 Ва дар Беэр-Шобаъ иттифоқ бастанд; ва Абималик бо сипаҳсолори худ Фикӯл бархост, ва ба замини фалиштиён баргаштанд.
33 Ва дар Беэр-Шобаъ ниҳолҳои газ шинонд, ва дар он ҷо исми Худованд Худои ҷовидониро хонд.
34 Ва Иброҳим дар замини фалиштиён айёми зиёд чун мусофире зиндагӣ кард.

Боби бисту дуюм[edit]

1 Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки Худо Иброҳимро озмуда, ба ӯ гуфт: «Эй Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
2 Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».
3 Ва Иброҳим бомдодон бархоста, хари худро зин кард, ва ду нафар аз ғуломбачагонаш ва Исҳоқ писарашро ҳамроҳи худ гирифт; ва ҳезум барои қурбонии сӯхтанӣ шикаст, ва бархоста, сӯи маконе ки Худо ба ӯ гуфт, равона шуд.
4 Дар рӯзи сеюм Иброҳим чашм андохта, он маконро аз дур дид.
5 Ва Иброҳим ба ғуломбачагони худ гуфт: «Шумо дар ин ҷо бо хар бимонед; ва ман бо писар ба он ҷо рафта, ибодат мекунем, ва назди шумо бармегардем».
6 Ва Иброҳим ҳезуми қурбонии сӯҳтаниро гирифта, бар писари худ Исҳоқ бор кард; оташ ва кордро ба дасти худ гирифт, ва ҳар ду якҷоя равона шуданд.
7 Ва Исҳоқ ба падари худ Иброҳим сухан ронда, гуфт: «Эй падарам!» Гуфт: «Лаббай, писарам!» Гуфт: «Инак оташ ва ҳезум, пас барраи қурбонӣ куҷост?»
8 Ва Иброҳим гуфт: «Эй писарам, Худо барраи қурбониро барои Худ ҳозир хоҳад кард». Ва ҳар ду якҷоя рафтан гирифтанд.
9 Ва ба маконе ки Худо ба ӯ гуфт, расиданд; ва Иброҳим дар он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва ҳезумро чид, ва писари худ Исҳоқро баста, бар қурбонгоҳ болои ҳезум гузошт.
10 Ва Иброҳим дасти худро дароз карда, кордро гирифт, то ки писари худро забҳ кунад.
11 Вале фариштаи Худованд аз осмон ӯро хонда, гуфт: «Иброҳим! Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
12 Ва гуфт: «Дасти худро ба писар дароз накун ва ба ӯ чизе накун; зеро акнун донистам, ки ту аз Худо метарсӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, аз Ман дареғ надоштӣ».
13 Ва Иброҳим чашм андохта, дид: инак, дар қафо қӯчқоре бо шохҳояш дар бешае андармон шудааст; Ва Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт, ва дар ивази писараш онро барои қурбонии сӯхтанӣ баровард.
14 Ва Иброҳим он маконро Адӯной-йирэ[4] хонд; бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Дар кӯҳи Худованд бояд ҳозир шавад».
15 Ва дуюмбора фариштаи Худованд Иброҳимро аз осмон хонд,
16 ва гуфт: «Ба зоти Худ қасам ёд мекунам, мегӯяд Худованд, азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ, ‒
17 туро бисёр баракат хоҳам дод ва насли туро бағоят афзун хоҳам кард, мисли ситорагони осмон ва мисли реге ки дар соҳили баҳр аст; ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар хоҳад кард;
18 Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ».
19 Ва Иброҳим назди ғуломбачагони худ баргашт, ва онҳо бархоста, якҷоя ба Беэр-Шобаъ равона шуданд; ва Иброҳим дар Беэр-Шобаъ иқомат кард.
20 Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки ба Иброҳим хабар дода, гуфтанд: «Инак, Милко низ ба бародарат Ноҳӯр писарҳо зоид, ки инҳоянд:
21 нахустзодаи ӯ Ус, бародараш Буз, Қамуил падари Арам,
22 Касад, Ҳазӯ, Филдош, Идлоф ва Батуил».
23 Ва Батуил Ривқоро ба дунё овард. Ҳамин ҳаштро Милко ба Ноҳӯр бародари Иброҳим зоид.
24 Ва суррияи ӯ, ки Реулю ном дошт, вай низ Табаҳ, Чаҳам, Таҳаш ва Маъкоро зоид.

Боби бисту сеюм[edit]

1 Ва айёми зиндагонии Соро саду бисту ҳафт сол буд: ин аст солҳои умри Соро.
2 Ва Соро дар Қирьяи Арбаъ, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, дар замини Канъон мурд, ва Иброҳим омад, то ки барои Соро навҳа ва гирья кунад.
3 Ва Иброҳим аз пеши мурдаи худ бархост, ва ба фарзандони Ҳит сухан ронда, гуфт:
4 «Ман пеши шумо ғарибу мусофир ҳастам: мақбарае дар байни худ ба моликияти ман бидиҳед, то ки мурдаи худро аз пешам дафн кунам».
5 Ва фарзандони Ҳит ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфтанд:
6 «Эй оғои мо, сухани моро бишнав: ту дар миёни мо амири Худо ҳастӣ; дар беҳтарин мақбараи мо мурдаи худро дафн кун; ҳеҷ кадоме аз мо мақбараи худро аз ту барои дафни мурдаат дареғ нахоҳад дошт».
7 Ва Иброҳим бархоста, ба мардуми он замин, яъне ба фарзандони Ҳит таъзим намуд,
8 ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Агар шумо розӣ бошед, ки мурдаи худро аз пешам дафн кунам, сухани маро бишнавед ва аз Афрӯн ибни Сӯҳар барои ман илтимос кунед,
9 то мағораи Макфелоро, ки аз они ӯст ва дар канори саҳрои ӯ воқеъ аст, ба ман бидиҳад, ба қимати пурра барои мақбара дар миёни шумо ба моликияти ман бидиҳад».
10 Ва Афрӯн дар миёни фарзандони Ҳит нишаста буд; ва Афрӯни ҳиттӣ дар самъи фарзандони Ҳит, дар пеши ҳамае ки ба дарвозаи шаҳри ӯ медаромаданд, ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфт:
11 «Не, оғои ман, сухани маро бишнав: ин саҳроро ба ту медиҳам ва мағораро, ки дар он воқеъ аст, ба ту медиҳам, дар пеши назари фарзандони қавми худ онро ба ту медиҳам, мурдаи худро дафн кун».
12 Ва Иброҳим пеши мардуми он замин таъзим намуд,
13 ва дар самъи мардуми он замин ба Афрӯн сухан ронда, гуфт: «Агар ту ба гапам гӯш андозӣ, ман ба ту барои саҳро нуқра медиҳам: онро аз ман бигир, то ки мурдаи худро дар он ҷо дафн кунам».
14 Ва Афрӯн ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфт:
15 «Эй оғои ман! Сухани маро бишнав: қимати замин чорсад сиқл[5] нуқра аст; ин дар миёни ману ту чист? Мурдаи худро дафн кун».
16 Ва Иброҳим сухани Афрӯнро шунида, он маблағро, ки дар самъи фарзандони Ҳит гуфта буд, яъне чорсад сиқл нуқраи роиҷулмуомиларо ба Афрӯн баркашида дод.
17 Ва саҳрои Афрӯн, ки дар назди Макфело, дар рӯ ба рӯи Мамре воқеъ аст, яъне саҳро ва мағораи он, бо ҳамаи дарахтоне ки дар он саҳро ва дар тамоми ҳудуди гирду пеши он буд,
18 ба моликияти Иброҳим мубаддал шуд дар пеши назари фарзандони Ҳит, яъне ҳамае ки ба дарвозаи шаҳри ӯ медаромаданд.
19 Ва пас аз ин Иброҳим зани худ Сороро дар мағораи саҳрои Макфело, дар рӯ ба рӯи Мамре, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, дар замини Канъон дафн кард.
20 Ва он саҳро бо мағорае ки дар он воқеъ аст, аз ҷониби фарзандони Ҳит ба моликияти Иброҳим барои мақбара мубаддал шуд.

Боби бисту чорум[edit]

1 Ва Иброҳим пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд Иброҳимро дар ҳар чиз баракат дод.
2 Ва Иброҳим ба ғуломи худ, ки калони хонаи ӯ буда, тамоми дороии ӯро идора мекард, гуфт: «Дасти худро зери рони ман бигузор,
3 ва ба Худованд Худои осмон ва Худои замин туро қасам медиҳам, ки зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар миёни онҳо иқомат дорам, нагирӣ;
4 балки ба замини ман, ба зодгоҳи ман биравӣ, ва зане барои писарам Исҳоқ бигирӣ».
5 Ва ғулом ба ӯ гуфт: «Шояд, он зан розӣ нашавад, ки бо ман ба ин замин биёяд; оё писаратро ба замине ки аз он берун омадаӣ, баргардонам?»
6 Ва Иброҳим ба ӯ гуфт: «Зинҳор, писари маро ба он ҷо барнагардонӣ.
7 Худованд Худои осмон, ки маро аз хонаи падарам ва аз замини зодгоҳам берун овард, ва ба ман сухан ронд, ва ба ман қасам ёд карда, гуфт, ки: "Ин заминро ба насли ту хоҳам дод" — Ӯ фариштаи Худро пешопеши ту хоҳад фиристод, то ки зане барои писарам аз он ҷо бигирӣ.
8 Вале агар он зан ба омадан бо ту розӣ нашавад, аз ин қасами ман фориғ хоҳӣ буд; аммо, зинҳор, писарамро ба он ҷо барнагардонӣ».
9 Ва ғулом дасти худро зери рони оғои худ Иброҳим гузошт, ва дар ин хусус ба ӯ қасам ёд кард.
10 Ва ғулом даҳ шутур аз шутурони оғои худ гирифта, бирафт. Ва тамоми ганҷинаи оғояш дар дасти ӯ буд. Ва бархоста, сӯи Арам-наҳрайн, ба шаҳри Ноҳӯр бирафт.
11 Ва шомгоҳ, вақте ки занон барои обкашӣ мебаромаданд, шутуронро дар беруни шаҳр назди чоҳи об чӯконид.
12 Ва гуфт: «Эй Худованд, Худои оғоям Иброҳим! Имрӯз ба муродам бирасон, ва ба оғоям Иброҳим эҳсон бикун.
13 Инак, ман ба сари чашмаи об истодаам, ва духтарони аҳли ин шаҳр барои обкашӣ мебароянд;
14 ва чунин бишавад, ки он духтаре ки ба вай гӯям: "Кӯзаи худро хам кун, то бинӯшам", ва ӯ гӯяд: "Бинӯш, ва шутуронатро низ нӯшонам", — ҳамон бошад, ки барои бандаи Худ Исҳоқ ихтиёр кардаӣ; ва аз рӯи ин бидонам, ки ба оғоям эҳсон кардаӣ».
15 Ва ӯ ҳанӯз суханашро тамом накарда буд, ва инак Ривқо, ки аз Батуил, писари Милко, зани Ноҳӯр, бародари Иброҳим, таваллуд шуда буд, берун омад, ва кӯзае бар китф дошт.
16 Ва он духтар бисьёр хушрӯй ва бокира буд, ва марде бо ӯ нахобида буд; ва сӯи чашма фуромад, ва кӯзаи худро пур карда, боло баромад.
17 Ва ғулом ба пешвози вай шитофта, гуфт: «Як ҷуръа об аз кӯзаи худ ба ман бинӯшон».
18 Гуфт: «Эй оғои ман, бинӯш!» Ва дарҳол кӯзаашро ба дасташ фуроварда, ӯро нӯшонид.
19 Ва чун аз нӯшониданаш фориғ шуд, гуфт: «Барои шутуронат низ об мекашам, то даме ки аз нӯшидан бозистанд».
20 Ва дарҳол кӯзаи худро дар обхӯр холӣ кард, ва боз сӯи чоҳ ба обкашӣ бидавид, ва барои ҳамаи шутуронаш об кашид.
21 Ва он мард бо ҳайрат менигарист ва сукут мекард, то бидонад, ки оё Худованд сафари ӯро муваффақият бахшидааст ё не.
22 Ва ҳангоме ки шутурон аз нӯшидан бозистоданд, он мард ҳалқаи тиллои вазнаш ним сиқл, ва барои дастҳои вай ду дастпонаи вазнаш даҳ сиқл тиллоро гирифт,
23 ва гуфт: «Ту духтари кистӣ? Ба ман бигӯ; оё дар хонаи падарат ҷое барои мо ҳаст, то ки шабро гузаронем?»
24 Ба ӯ гуфт: «Ман духтари Батуил, писари Милко, ҳастам, ки ӯро ба Ноҳӯр зоидааст».
25 Ва боз ба ӯ гуфт: «Назди мо коҳу беда бисьёр аст, ва ҷой низ барои шабгузаронӣ».
26 Ва он мард саҷда намуд ва Худовандро ибодат кард,
27 ва гуфт: «Муборак аст Худованд, Худои оғоям Иброҳим, ки эҳсони Худро, ва вафои Худро аз оғоям дареғ надошт! Ва чун дар роҳ будам, Худованд маро сӯи хонаи бародари оғоям, ҳидоят намуд».
28 Ва духтар давида рафта, ба аҳли байти модари худ воқеаро хабар дод.
29 Ва Ривқоро бародаре буд, ки Лобон ном дошт. Ва Лобон назди он мард, сӯи чашма давида баромад.
30 Ва ҳангоме ки он ҳалқаро, ва бар дастҳои хоҳараш он дастпонаҳоро дид, ва суханони хоҳари худ Ривқоро шунид, ки мегуфт: "Он мард ба ман чунин гуфт", — пеши мард омад, ва инак, ӯ назди шутурон ба сари чашма истодааст.
31 Ва гуфт: «Биё, эй мубораки Худованд! Чаро дар берун истодаӣ? Ман хонаро, ва манзиле барои шутурон муҳайё кардам».
32 Ва он мард ба хона даромад, ва Лобон шутуронро воз кард, ва коҳу беда ба шутурон дод, ва об барои шустани пойҳояш ва пойҳои касоне ки ҳамроҳаш буданд.
33 Ва хӯрок пеши ӯ ниҳоданд, вале гуфт: «То матлаби худро нагӯям, чизе намехӯрам». Гуфтанд: «Бигӯ».
34 Ва гуфт: «Ман ғуломи Иброҳим ҳастам.
35 Ва Худованд оғои маро бисьёр баракат додааст, ва ӯ бузург шудааст, ва гӯсфандону говон, нуқра ва тилло, ғуломону канизон, шутурону харон ба ӯ додааст.
36 Ва зани оғоям Соро, баъд аз пир шуданаш, писаре ба оғоям зоид, ва ҳар чи ӯ дорад, ба вай додааст.
37 Ва оғоям маро қасам дода, гуфт: "Зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар заминашон иқомат дорам, нагирӣ;
38 балки ба хонаи падари ман ва назди хешу табори ман биравӣ, ва зане барои писарам бигирӣ".
39 Ва ба оғои худ гуфтам: "Шояд, он зан ҳамроҳи ман наояд".
40 Ба ман гуфт: "Худованд, ки пешаш роҳ меравам, фариштаи Худро бо ту хоҳад фиристод ва сафари туро муваффақият хоҳaд бахшид, то ки зане барои писарам аз хешу табори ман ва аз хонаи падари ман бигирӣ.
41 Ҳамон вақт аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд, ки назди хешу табори ман рафта бошӣ; ва агар онҳо ба ту надиҳанд, аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд".
42 Ва имрӯз ман ба сари чашма расидам, ва гуфтам: "Эй Худованд, Худои оғоям Иброҳим! Агар сафари маро, ки ба он рафта истодаам, бомуваффақият гардонӣ,
43 инак, ман ба сари ин чашмаи об истодаам, ва чунин бишавад, ки он духтаре ки барои обкашӣ барояд, ва ба вай гӯям: "Маро аз кӯзаи худ як ҷуръа об бинӯшон",
44 ва ба ман гӯяд: "Ҳам ту бинӯш, ва ҳам барои шутуронат об мекашам", — вай ҳамон зане бошад, ки Худованд барои писари оғои ман ихтиёр кардааст".
45 Ман ҳанӯз гуфтани инро дар дили худ тамом накарда будам, ва инак Ривқо бо кӯзае бар китфи худ берун омад ва сӯи чашма фуромада, об кашид; ва ман ба вай гуфтам: "Як ҷуръа об ба ман бинӯшон".
46 Ва ӯ дарҳол кӯзаашро аз китфаш фуроварда, гуфт: "Бинӯш; ба шутурони ту низ об медиҳам". Ман ҳам нӯшидам, ба шутурон низ об дод.
47 Ва аз вай пурсида, гуфтам: "Ту духтари кистӣ?" Гуфт: "Духтари Батуил, писари Ноҳӯр, ки Милко ба ӯ зоид". Ва ҳалқаро дар бинии вай ва дастпонаҳоро бар дастҳояш пӯшондам.
48 Ва саҷда намудам ва Худовандро ибодат кардам, ва Худованд, Худои оғои худ Иброҳимро муборак хондам, ки маро ба роҳи рост андохт, то ки духтари бародари оғои худро барои писараш бигирам.
49 Ва акнун ба ман бигӯед, ки оё шумо мехоҳед ба оғои ман эҳсон ва вафо зоҳир намоед, ё не; ба ман бигӯед, то ки ман ба тарафи рост ё чап раҳсипор шавам».
50 Ва Лобон ва Батуил дар ҷавоб гуфтанд: «Ин амр аз Худованд содир шудааст; мо ба ту чизе бад ё нек гуфта наметавонем.
51 Инак Ривқо пеши туст; бигир ва бирав; бигзор вай зани писари оғои ту шавад, чунон ки Худованд гуфтааст».
52 Ва чун ғуломи Иброҳим суханони онҳоро шунид, ба Худованд то замин саҷда кард.
53 Ва ғулом асбоби нуқра, ва асбоби тилло, ва либосҳоро берун оварда, ба Ривқо дод, ва ба бародар ва модари вай инъомҳои гаронбаҳо дод.
54 Ва ӯ ва касоне ки ҳамроҳаш буданд, хӯрданд ва нӯшиданд, ва шабро гузаронданд. Ва бомдодон, чун бархостанд, ӯ гуфт: «Маро сӯи оғоям ҷавоб диҳед».
55 Вале бародар ва модари вай гуфтанд: «Духтар бо мо даҳ рӯзе бимонад, ва баъд равона шавад».
56 Ба онҳо гуфт: «Маро нигоҳ надоред; Худованд сафари маро муваффақият бахшид; маро ҷавоб диҳед, то ки назди оғои худ биравам».
57 Ва гуфтанд: «Духтарро ҷеғ зада, пурсем, ки ӯ чӣ мегӯяд».
58 Ва Ривқоро ҷеғ зада, ба вай гуфтанд: «Оё бо ин мард меравӣ?» Гуфт: «Меравам».
59 Ва хоҳари худ Ривқоро, ва дояашро, ва ғуломи Иброҳимро, ва одамони ӯро ҷавоб доданд.
60 Ва Ривқоро баракат дода, ба вай гуфтанд: «Эй хоҳари мо! Аз ту ҳазорон-ҳазор таваллуд ёбанд, ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар намояд!»
61 Ва Ривқо ва канизонаш бархоста, ба шутурон савор шуданд, ва аз ақиби он мард равона шуданд; ва ғулом Ривқоро гирифта, бирафт.
62 Ва Исҳоқ аз Беэр-лаҳай-рӯӣ омад; зеро ки ӯ дар замини ҷануб иқомат дошт.
63 Ва қариби шом Исҳоқ барои гаштугузор ба саҳро баромад; ва чашм андохта, дид, ки шутурон меоянд.
64 Ва Ривқо чашм андохта, Исҳоқро дид, ва аз шутур фуромад.
65 Ва ба ғулом гуфт: «Ин мард кист, ки дар саҳро ба пешвози мо меояд?» Ва ғулом гуфт: «Ин оғои ман аст». Вай бурқаъро гирифта, рӯи худро пӯшонид.
66 Ва ғулом ҳамаи корҳоеро, ки карда буд, ба Исҳоқ нақл намуд.
67 Ва Исҳоқ вайро ба хаймаи модари худ Соро овард; ва Ривқоро гирифт: вай зани ӯ шуд, ва ӯ ба вай дил баст; ва Исҳоқ пас аз азои модари худ тасаллӣ ёфт.

Боби бисту панҷум[edit]

1 Ва Иброҳим боз зан гирифт, ки вай Қатуро ном дошт.
2 Вай Зимрон, Ёқшон, Мадон, Мидьён, Ишбоқ ва Шуаҳро ба ӯ зоид.
3 Ва Ёқшон Шабо ва Дадонро ба дуньё овард. Ва писарони Дадон Ашурим, Летушим ва Леумим буданд.
4 Ва писарони Мидьён Эфо, Эфар, Ҳанӯх, Абидоъ ва Алдоо буданд. Ҳамаи инҳо писарони Қатуро буданд.
5 Ва Иброҳим ҳар он чи дошт, ба Исҳоқ дод.
6 Ва ба писарони сурриягоне ки Иброҳим дошт, Иброхим тӯҳфаҳо дод, ва онҳоро, дар ҳини зиндагии худ, аз пеши писари худ Исҳоқ ба ҷониби шарқ, ба машриқзамин фиристод.
7 Ва айёми солҳои умри Иброҳим, ки зиндагонӣ кард, саду ҳафтоду панҷ сол буд.
8 Ва Иброҳим вафот ёфт, ва дар мӯйсафедии некӯ, пиру солхӯрда шуда, аз дуньё чашм пӯшид, ва ба қавми худ пайваст.
9 Ва писаронаш Исҳоқ ва Исмоил ӯро дар мағораи Макфело, дар саҳрои Афрӯн ибни Сӯҳари ҳиттӣ, ки дар рӯ ба рӯи Мамре воқеъ аст, дафн карданд,
10 дар саҳрое ки Иброҳим аз фарзандони Ҳит харида буд. Дар он ҷо Иброҳим ва занаш Соро мадфун шуданд.
11 Баъд аз вафоти Иброҳим Худо писари ӯ Исҳоқро баракат дод; ва Исҳоқ назди Беэр-лаҳай-рӯӣ иқомат дошт.
12 Ва ин аст насаби Исмоил писари Иброҳим, ки Ҳоҷари мисрӣ, канизи Соро, ба Иброҳим зоида буд.
13 Ва ин аст номҳои писарони Исмоил, номҳои онҳо мувофиқи насаби онҳо; нахустзодаи Исмоил Набойӯт, Қедор, Адбаил, Мибсом,
14 Мишмоъ, Думо, Массо,
15 Ҳадад, Темо, Ятур, Нофиш ва Қедмо.
16 Инҳоянд писарони Исмоил, ва ин аст номҳои онҳо, дар қасабаҳои онҳо ва дар айлоқҳои онҳо; дувоздаҳ амири қабилаҳои онҳо.
17 Ва солҳои зиндагонии Исмоил саду сию ҳафт сол буд; ва ӯ вафот ёфт, ва аз дуньё чашм пӯшид, ва ба қавми худ пайваст.
18 Ва онҳо аз Ҳавило то Шур, ки пеши Миср ба самти Ашшур воқеъ аст, иқомат доштанд; ҷудо аз ҳамаи бародарони худ маскан гирифта буданд.
19 Ва ин аст насаби Исҳоқ писари Иброҳим; Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард.
20 Ва Исҳоқ чилсола буд, ки Ривқо духтари Батуили арамӣ ва хоҳари Лобони арамиро аз Фаддони Арам барои худ ба занӣ гирифт.
21 Ва Исҳоқ пеши Худованд дар ҳаққи зани худ зорию илтиҷо кард, чунки вай бенасл буд; ва Худованд илтиҷои ӯро қабул кард, ва занаш Ривқо ҳомила шуд.
22 Ва писарон дар батни вай ҷунбиш мекарданд, ва гуфт: «Агар чунин бошад, ин ба ман барои чист?» Ва рафт, то ки аз Худованд бипурсад.
23 Ва Худованд ба вай гуфт: «Ду қабила дар батни ту ҳастанд, ва ду қавм аз шиками ту ҷудо шаванд; ва қавме аз қавме зӯр барояд, ва калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад».
24 Ва моҳу рӯзаш пур шуда, вақти зоиданаш расид, ва инак экизак дар шиками вай буд.
25 Ва нахустин сурхранг берун омад, тамоми баданаш мисли пӯстин пашмнок буд, ва ӯро Эсов ном ниҳоданд.
26 Ва баъд аз он бародараш берун омад, ва пошнаи Эсовро ба дасти худ гирифта буд; ва ӯро Яъқуб ном ниҳоданд. Ва дар вақти таваллуди онҳо Исҳоқ шастсола буд.
27 Ва бачаҳо калон шуданд, ва Эсов сайёди моҳир ва марди саҳроӣ шуд, вале Яъқуб — марди ҳалими хайманишин.
28 Ва Исҳоқ Эсовро дӯст медошт, чунки сайди ӯ ба муддаои табъаш буд; вале Ривқо Яъқубро дӯст медошт.
29 Боре Яъқуб ош мепухт, ва Эсов лакот аз гуруснагӣ аз саҳро омад.
30 Ва Эсов ба Яъқуб гуфт: «Аз ин оши сурх барои хӯрданам бидеҳ, зеро ки аз гуруснагӣ лакот шудаам». Аз ин сабаб ӯро Адӯм[6] номиданд.
31 Ва Яъқуб гуфт: «Аввал нахустзодагии худро ба ман бифрӯш».
32 Ва Эсов гуфт: «Инак, ман ба мурдан расидаам, ва аз ин нахустзодагӣ ба ман чӣ фоида?»
33 Ва Яъқуб гуфт: «Ҳозир ба ман қасам ёд кун». Ва ба ӯ қасам ёд кард, ва нахустзодагии худро ба Яъқуб фурӯхт.
34 Ва Яъқуб ба Эсов нон ва оши адас дод: ва ӯ хӯрд, ва нӯшид, ва бархоста, бирафт; ба ҳамин тариқ Эсов нахустзодагии худро хор дид.

Боби бисту шашум[edit]

1 Ва қаҳтие дар он замин рӯй дод, ба замми он қаҳтии аввал, ки дар айёми Иброҳим рӯй дода буд; ва Исҳоқ назди Абималик подшоҳи фалиштиён ба Ҷарор рафт.
2 Ва Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ба Миср нарав, балки дар замине ки ба ту бигӯям, маскан гир.
3 Дар ин замин мусофират кун; ва бо ту хоҳам буд, ва туро баракат хоҳам дод; зеро ки ба ту ва ба насли ту ҳамаи ин заминҳоро хоҳам дод, ва қасамеро, ки ба падарат Иброҳим ёд кардаам, ба ҷо хоҳам овард.
4 Ва насли туро мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва ҳамаи ин заминҳоро ба насли ту хоҳам дод; ва дар насли ту ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост,
5 ба хотири он ки Иброҳим ба овози Ман гӯш дод ва он чиро, ки ба риоя карданаш амр фармуда будам: аҳкоми Маро, фароизи Маро ва қонунҳои Маро риоя кард».
6 Ва Исҳоқ дар Ҷарор маскан гирифт.
7 Ва мардуми он макон аз ӯ дар бораи занаш пурсиданд, ва ӯ гуфт: «Вай хоҳари ман аст», зеро тарсид бигӯяд: «Зани ман аст», мабодо, гуфт ба дилаш, мардуми ин ҷо маро аз барои Ривқо бикушанд, чунки вай хушрӯй аст.
8 Ва чун муддати дарозе ӯ дар он ҷо истиқомат кард, чунин воқеъ шуд, ки Абималик, подшоҳи фалиштиён, аз тиреза назар афканда, дид, ки инак Исҳоқ бо зани худ Ривқо ишқбозӣ мекунад.
9 Ва Абималик Исҳоқро хонда, гуфт: «Ҳамоно, вай зани туст, пас чаро гуфтӣ: "Хоҳари ман аст"?» Ва Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ба он сабаб гуфтам, ки мабодо барои вай бимирам».
10 Ва Абималик гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Қариб буд, ки яке аз халқ бо занат ҳамхоб шавад, ва ту бар мо гуноҳе меовардӣ».
11 Ва Абималик ба тамоми халқ амр фармуда, гуфт: «Касе ки ба ин одам ва ба зани ӯ дасти тааддӣ дароз кунад, гирифтори марг хоҳад шуд».
12 Ва Исҳоқ дар он замин зироат кард, ва дар он сол садчандон ҳосил бардошт: Худованд ӯро баракат дод.
13 Ва ин мард бузург шуд, рафта-рафта бузург шудан гирифт, то ба дараҷае ки бағоят бузург шуд.
14 Ва ӯро рамаҳои гӯсфандон ва рамаҳои говон, ва ғуломону канизони зиёде буд, ва фалиштиён ба ӯ ҳасад бурданд.
15 Ва ҳамаи чоҳҳоеро, ки ғуломони падараш дар айёми падараш Иброҳим канда буданд, фалиштиён бастанд ва аз хок пур карданд.
16 Ва Абималик ба Исҳоқ гуфт: «Аз назди мо бирав, зеро ки аз мо хеле пурзӯртар шудаӣ».
17 Ва Исҳоқ аз он ҷо бирафт, ва дар водии Ҷарор фурӯд омад, ва дар он ҷо маскан гирифт.
18 Ва чоҳҳои обро, ки дар айёми падараш Иброҳим канда буданд, ва фалиштиён онҳоро баъд аз вафоти Иброҳим баста буданд, Исҳоқ аз сари нав канд, ва ба онҳо ҳамон номҳоро дод, ки падараш ба онҳо дода буд.
19 Ва ғуломони Исҳоқ дар он водӣ ҳафр заданд, ва чоҳи оби зиндае дар он ҷо ёфтанд.
20 Ва чӯпонҳои Ҷарор бо чӯпонҳои Исҳоқ ҷанҷол карда, гуфтанд: «Ин об аз они мост». Ва ӯ он чоҳро Эсак[7] номид, зеро ки бо ӯ баҳс карданд.
21 Ва чоҳи дигаре канданд; барои он низ ҷанҷол карданд; ва ӯ онро Ситно[8] номид.
22 Ва аз он ҷо кӯч карда, чоҳи дигаре канд, ва барои он ҷанҷол накарданд; ва ӯ онро Раҳӯбӯт[9] номида, гуфт, ки акнун Худованд маро вусъат дод, ва мо дар замин борвар хоҳем шуд.
23 Ва аз он ҷо ба Беэр-Шобаъ омад.
24 Ва дар ҳамон шаб Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам; натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва туро баракат медиҳам, ва насли туро, ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард».
25 Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва исми Худовандро хонд, ва хаймаи худро дар он ҷо барафрошт, ва ғуломони Исҳоқ чоҳе дар он ҷо канданд.
26 Ва Абималик ҳамроҳи Аҳузат, ки яке аз ёронаш буд, ва Фикӯл, ки сипаҳсолораш буд, аз Ҷарор назди ӯ омад.
27 Ва Исҳоқ ба онҳо гуфт: «Чаро назди ман омадед, дар сурате ки бо ман адоват карда ва маро аз назди худ ронда будед?»
28 Гуфтанд: «Кушоду равшан дидем, ки Худованд бо туст, бинобар ин гуфтем: қасаме дар миёни мову ту бошад, ва аҳде бо ту бибандем,
29 то ки ба мо бадӣ накунӣ, чунон ки ба ту осебе нарасондем, балки ба ту фақат некӣ кардем ва туро ба саломатӣ фиристодем, ва акнун ту мубораки Худованд ҳастӣ».
30 Ва ӯ барои онҳо зиёфате барпо намуд, ва онҳо хӯрданд ва нӯшиданд.
31 Ва бомдодон бархоста, ба якдигар қасам ёд карданд; ва Исҳоқ бо онҳо видоъ намуд, ва онҳо аз пеши ӯ ба саломатӣ рафтанд.
32 Ва дар он рӯз чунон воқеъ шуд, ки ғуломони Исҳоқ омада, ӯро аз он чоҳе ки меканданд, хабар дода, гуфтанд: «Об ёфтем».
33 Ва ӯ онро Шибъо номид. Аз ин сабаб он шаҳр то имрӯз Беэр-Шобаъ ном дорад.
34 Ва чун Эсов чилсола буд, Яҳудит духтари Беэри ҳиттӣ ва Босмат духтари Элӯни ҳиттиро ба занӣ гирифт.
35 Ва онҳо сабаби ғаму ғуссаи Исҳоқ ва Ривқо буданд.

Боби бисту ҳафтум[edit]

1 Ва чун Исҳоқ пир шуд, ва чашмонаш аз дидан оҷиз гашта буд, писари калонии худ Эсовро ҷеғ зада, гуфт: «Писарам!» Вай ба ӯ гуфт: «Лаббай!»
2 Ва ӯ гуфт: «Инак, пир шудаам; ва рӯзи аҷали худро намедонам;
3 ва акнун асбоби худро, тирдон ва камони худро гирифта, ба саҳро бирав, ва нахҷире барои ман бигир,
4 ва таоме барои ман, чунон ки дӯст медорам, тайёр карда биёр, то ки бихӯрам, ва ҷони ман, пеш аз мурданам, туро баракат диҳад».
5 Вақте ки Исҳоқ ба писари худ Эсов гап мезад, Ривқо шунид. Ва Эсов ба саҳро рафт, то ки нахҷире сайд карда биёрад;
6 ва Ривқо ба писари худ Яъқуб гуфт: «Инак, падаратро шунидам, ки бародарат Эсовро хонда, мегуфт:
7 "Барои ман нахҷире оварда, таоме тайёр кун, то ки онро бихӯрам ва пеш аз мурданам туро пеши Худованд баракат диҳам".
8 Ва акнун, писарам, сухани маро бишнав дар он чи ман туро амр мефармоям:
9 Сӯи рама бирав ва аз он ҷо барои ман ду бузғолаи хубе бигир; ва ман аз онҳо таоме барои падарат, чунон ки ӯ дӯст медорад, тайёр мекунам;
10 ва онро назди падарат мебарӣ, ва ӯ мехӯрад, то ки туро пеш аз мурданаш баракат диҳад».
11 Ва Яъқуб ба модари худ Ривқо гуфт: «Бародарам Эсов марди мӯйдор аст, лекин ман марди бемӯй ҳастам.
12 Шояд, падарам маро ламс намояд; ва ман дар назараш мисли ҳилагаре бошам, ва дар ивази баракат лаънат бар худ оварам».
13 Ва модараш ба ӯ гуфт: «Лаънати ту бар ман бод, писарам! Фақат сухани маро бишнав, ва рафта, барои ман бигир».
14 Ва ӯ рафт, ва гирифт, ва ба модари худ овард; ва модараш таоме тайёр кард, чунон ки падараш дӯст медошт.
15 Ва Ривқо либоси бошукӯхи писари калонии худ Эсовро, ки назди ӯ дар хона буд, гирифта, ба писари хурдии худ Яъқуб пӯшонид;
16 ва пӯсти бузғолаҳоро бар дастҳо ва гардани бемӯи ӯ баст;
17 ва таом ва нонро, ки тайёр карда буд, ба дасти писари худ Яъқуб дод.
18 Ва ӯ назди падари худ омада, гуфт: «Падарам!» Гуфт: «Лаббай! Ту кистӣ, писарам?»
19 Ва Яъқуб ба падари худ гуфт: «Ман нахустзодаи ту Эсов ҳастам; он чи ба ман фармудӣ, кардам; бархез, бинишин ва аз нахҷири ман бихӯр, то ки ҷонат маро баракат диҳад».
20 Ва Исҳоқ гуфт: «Чӣ гуна ин қадар зуд ёфтӣ, писарам?» Гуфт: «Чунки Худованд Худои ту ба ман расонд».
21 Ва Исҳоқ ба Яъқуб гуфт: «Наздик биё, ман туро ламс мекунам, писарам, оё ту писари ман Эсов ҳастӣ, ё не?»
22 Ва Яъқуб ба падари худ Исҳоқ наздик омад; ва ӯро ламс карда, гуфт: «Овоз — овози Яъқуб, аммо дастҳо — дастҳои Эсов».
23 Ва ӯро нашнохт, зеро ки дастҳояш мисли дастҳои бародараш Эсов мӯйдор буд; ва ӯро баракат дод.
24 Ва гуфт: «Оё ту писари ман Эсов ҳастӣ?» Гуфт: «Манам».
25 Ва гуфт: «Наздики ман биёр, ман аз нахҷири писари худ мехӯрам, то ки ҷонам туро баракат диҳад». Ва наздики ӯ овард, ва ӯ бихӯрд; ва шароб барояш овард, ва ӯ нӯшид.
26 Ва падараш Исҳоқ ба вай гуфт: «Наздик биё ва маро бибӯс, писарам».
27 Ва наздик омад ва ӯро бӯсид; ва роиҳаи либоси ӯро шамида, ӯро баракат дод ва гуфт: «Инак, роиҳаи писари ман мисли роиҳаи саҳроест, ки Худованд онро баракат додааст.
28 Ва туро Худо аз шабнами осмон ва аз фарбеҳии замин ва аз фаровонии ғалла ва шираи ангур ато фармояд.
29 Қавмҳо ба ту хизмат кунанд, ва қабилаҳо ба ту таъзим намоянд; бар бародарони худ ҳукмфармо шавӣ, ва фарзандони модарат ба ту таъзим намоянд; ҳар кӣ туро лаънат хонад — малъун бод; ҳар кӣ туро муборак хонад — муборак бод!»
30 Ва чун Исҳоқ баракат додани Яъқубро ба итмом расонд, ва чун Яъқуб аз пеши падари худ Исҳоқ берун рафт, бародараш Эсов аз шикори худ омад.
31 Ва ӯ низ таом тайёр кард, ва назди падари худ оварда, ба падари худ гуфт: «Бархез, падарам, ва аз нахҷири писари худ бихӯр, то ки ҷонат маро баракат диҳад».
32 Ва падараш Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ту кистӣ?» Гуфт: «Ман писари ту, нахустзодаи ту, Эсов ҳастам».
33 Ва Исҳоқро раъшаи бузурге фаро гирифта, ба ларзиш овард, ва ӯ гуфт: «Пас он кӣ буд, ки нахҷир сайд карда, бароям овард, ва пеш аз омадани ту аз ҳамааш хӯрдам, ва ӯро баракат додам? Ва ӯ муборак хоҳад буд!»
34 Чун Эсов суханони падари худро шунид, фиғони баланд ва бениҳоят талхе кашида, ба падари худ гуфт: «Маро низ баракат деҳ, падарам!»
35 Гуфт: «Бародарат бо ҳила омада, баракати туро гирифт».
36 Ва гуфт: «Беҳуда нест, ки ӯро Яъқуб ном ниҳодаанд: ду дафъа ӯ маро фиреб дод — аввал нахустзодагии маро гирифт ва инак, акнун баракати маро гирифтааст». Ва гуфт: «Оё барои ман баракате нигоҳ надоштӣ?»
37 Ва Исҳоқ ба Эсов ҷавоб дода, гуфт: «Инак, ӯро бар ту ҳукмфармо сохтам, ва ҳамаи бародаронашро ғуломони ӯ гардондам, ва ғалла ва шираи ангурро ба ӯ бахшидам; пас, барои ту, писарам, чӣ кунам?»
38 Ва Эсов ба падари худ гуфт: «Наход ки ҳамин як баракатро доштӣ, падарам? Маро низ баракат деҳ, падарам!» Ва Эсов овози худро баланд карда, гирист.
39 Ва падараш Исҳоқ ба ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Инак, истиқомати ту аз фарбеҳии замин ва аз шабнами осмон аз боло хоҳад буд;
40 ва ба шамшерат хоҳӣ зист, ва ба бародари худ хизмат хоҳӣ кард; ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки мухолифат намоӣ ва юғи ӯро аз гардани худ дур андозӣ».
41 Ва Эсов ба Яъқуб ба сабаби он баракате ки падараш ӯро дода буд, кина варзид; ва Эсов дар дили худ гуфт: «Айёми навҳагарӣ барои падарам наздик аст, ва он гоҳ бародари худ Яъқубро хоҳам кушт».
42 Ва Ривқо аз суханони писари калонии худ Эсов огоҳӣ ёфт; ва кас фиристода, писари хурдии худ Яъқубро хонд, ва ба ӯ гуфт: «Инак, бародарат Эсов осоиши хотир аз он дорад, ки туро бикушад.
43 Ва акнун, писарам, сухани маро бишнав ва бархоста, назди бародарам Лобон ба Ҳоррон бигрез;
44 ва муддате назди ӯ бимон, то хашми бародарат таскин ёбад,
45 то ғазаби бародарат аз ту баргардад, ва он чи дар ҳаққи вай кардӣ, фаромӯш кунад. Ва он гоҳ кас фиристода, туро аз он ҷо меоварам. Чаро аз ҳар дуи шумо дар як рӯз маҳрум шавам?»
46 Ва Ривқо ба Исҳоқ гуфт: «Аз дасти духтарони ҳиттӣ аз ҷон безор шудаам; агар Яъқуб зане аз духтарони ҳиттӣ, мисли ононе ки духтарони ин заминанд, бигирад, ба ман зиндагӣ чӣ лозим аст?»

Боби бисту ҳаштум[edit]

1 Ва Исҳоқ Яъқубро хонд, ва ӯро баракат дод, ва ӯро амр фармуда, гуфт: «Зане аз духтарони Канъон нагир.
2 Бархоста, ба Фаддони Арам, ба хонаи падари модарат Батуил бирав, ва аз он ҷо зане барои худ аз духтарони Лобон, бародари модарат бигир.
3 Ва Худои Қодир туро баракат диҳад, ва туро борвар ва афзун гардонад, ва аз ту қавмҳои бисьёр ба вуҷуд оянд;
4 ва баракати Иброҳимро ба ту диҳад, ба ту ва ба насли ту бо ту, то ки вориси замини мусофирати худ шавӣ, ки Худо онро ба Иброҳим додааст».
5 Ва Исҳоқ Яъқубро равона кард, ва ӯ ба Фаддони Арам назди Лобон ибни Батуили арамӣ, бародари Ривқо, модари Яъқуб ва Эсов, равона шуд.
6 Ва Эсов дид, ки Исҳоқ Яъқубро баракат дод, ва ӯро ба Фаддони Арам равона кард, то ки аз он ҷо зане барои худ бигирад, ва дар вақти баракат доданаш ба вай амр фармуда, гуфт, ки «зане аз духтарони Канъон нагир»;
7 ва Яъқуб ба сухани падару модари худ даромада, ба Фаддони Арам равона шуд;
8 ва Эсов дид, ки духтарони Канъон дар назари падараш Исҳоқ писандида нестанд;
9 ва Эсов назди Исмоил рафт, ва Маҳалат, духтари Исмоил ибни Иброҳимро, ки хоҳари Набойӯт буд, илова бар заноне ки дошт, ба занӣ гирифт.
10 Ва Яъқуб аз Беэр-Шобаъ баромада, сӯи Ҳоррон равона шуд,
11 ва ба маконе расида, дар он ҷо шабро гузаронд, зеро ки офтоб ғуруб карда буд. Ва яке аз сангҳои он ҷоро гирифта, зери сари худ гузошт, ва дар ҳамон ҷо хобид.
12 Ва хобе дид, ки инак, нардбоне бар замин истодааст, ва сараш ба осмон мерасад; ва инак, фариштагони Худо бар он мебароянд ва мефуроянд.
13 Ва инак, Худованд бар он истодааст, ва мегӯяд: «Манам Худованд, Худои Иброҳим падарат ва Худои Исҳоқ. Ин заминро, ки ту бар он хобидаӣ, ба ту ва ба насли ту медиҳам.
14 Ва насли ту мисли ғубори замин хоҳад буд; ва ба мағриб, ва машриқ, ва шимол, ва ҷануб паҳн хоҳӣ шуд; ва дар ту ва дар насли ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост.
15 Ва инак, Ман бо ту ҳастам; ва туро дар ҳар ҷое ки равӣ, муҳофизат намоям; ва туро ба ин замин баргардонам; зеро то он чиро, ки ба ту гуфтам, ба ҷо наоварам, туро тарк накунам».
16 Ва Яъқуб аз хоби худ бедор шуд ва гуфт: «Ба ростӣ Худованд дар ин макон аст, ва ман надонистаам».
17 Ва ҳаросон шуда, гуфт: «Ин чӣ макони воҳиманокест! Ин нест чизи дигаре, ҷуз хонаи Худо, ва ин аст дарвозаи осмон».
18 Ва бомдодон Яъқуб бархост, ва он сангеро, ки зери сари худ гузошта буд, гирифт, ва мисли сутуне рост монд, ва равған бар сари он рехт.
19 Ва он маконро Байт-Ил* номид; вале номи он шаҳр аввал Луз буд.
20 Ва Яъқуб назр карда, гуфт: «Агар Худо бо ман бошад, ва маро дар ин роҳ, ки меравам, муҳофизат намояд, ва ба ман нон барои хӯрдан ва либос барои пӯшидан диҳад,
21 ва ман ба саломатӣ ба хонаи падарам баргардам, — Худованд Худои ман хоҳад буд,
22 ва ин санг, ки мисли сутуне рост мондам, хонаи Худо хоҳад буд; ва ҳар он чи Ту ба ман бидиҳӣ, даҳьякашро ба Ту хоҳам дод».

Боби бисту нӯҳум[edit]

1 Ва Яъқуб ба роҳ даромада, ба залуани аҳли машриқ равона шуд.
2 Ва дид, ки инак, дар саҳро чоҳе ҳаст, ва дар гирду пешаш се рамаи гӯсфандон хобидааст; зеро ки аз он чоҳ рамаҳоро об медоданд; ва санги калоне бар даҳани чоҳ буд.
3 Ва чун ҳамаи рамаҳо дар он ҷо ҷамъ мешуданд, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонида, рамаҳоро об медоданд; ва пас аз ин боз сангро дар ҷои он, ба даҳани чоҳ мегузоштанд.
4 Ва Яъқуб ба онҳо гуфт: «Бародаронам, шумо аз куҷоед?» Гуфтанд: «Мо аз Ҳорронем».
5 Ба онҳо гуфт: «Оё Лобон ибни Ноҳӯрро мешиносед?» Гуфтанд: «Мешиносем».
6 Ба онҳо гуфт: «Оё вай саломат аст?» Гуфтанд: «Саломат аст; инак, духтараш Роҳел бо рама меояд».
7 Гуфт: «Инак, рӯз ҳанӯз равшан аст; вақти ҷамъ кардани чорво нест; рамаҳоро об диҳед, ва рафта, чаронед».
8 Гуфтанд: «Наметавонем, то даме ки ҳамаи рамаҳо ҷамъ шаванд, ва сангро аз даҳани чоҳ биғалтонанд; он гоҳ рамаро об медиҳем».
9 Ҳанӯз бо онҳо гап зада истода буд, ки Роҳел бо рамаи падари худ омад, зеро ки ӯ онро мечаронид.
10 Ва чун Яъқуб Роҳел духтари тағои худ Лобон ва рамаи тағои худ Лобонро дид, Яъқуб наздик шуда, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонид ва рамаи тағои худ Лобонро об дод.
11 Ва Яъқуб Роҳелро бӯсид ва овози худро баланд карда, гирист.
12 Ва Яъқуб Роҳелро огоҳ намуд, ки ӯ ҷияни падари вай ва писари Ривқо мебошад. Роҳел тозон рафта, падари худро огоҳ кард.
13 Ва чун Лобон хабари хоҳарзодаи худ Яъқубро шунид, ба пешвозаш шитофт, ва ӯро дар оғӯш гирифта, бӯсид, ва ба хонаи худ овард; ва ӯ ҳамаи ин гапҳоро ба Лобон ҳикоят кард.
14 Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Дар ҳақиқат ту устухон ва гӯшти ман ҳастӣ». Ва назди вай муддати як моҳ истод.
15 Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Азбаски хеши ман ҳастӣ, ба ман муфт хизмат мекунӣ магар? Ба ман бигӯй, ки муздат чист?»
16 Ва Лобон ду духтар дошт; номи калони Леё ва номи хурдӣ Роҳел буд.
17 Ва чашмони Леё заиф буд, вале Роҳел хушандом ва хушрӯй буд.
18 Ва Яъқуб ба Роҳел дил баста буд, ва гуфт: «Барои духтари хурдиат Роҳел ба ту ҳафт сол хизмат мекунам».
19 Ва Лобон гуфт: «Уро ба ту бидиҳам, беҳтар аст аз он ки ба марди дигаре бидиҳам; назди ман бимон».
20 Ва Яъқуб барои Роҳел ҳафт сол хизмат кард, ва онҳо ба назараш мисли якчанд рӯз намуданд, чунки варо дӯст медошт.
21 Ва Яъқуб ба Лобон гуфт: «Занамро ба ман бисупор, зеро мӯҳлати ман пур шуд, то ки бо вай бихобам».
22 Ва Лобон ҳамаи мардуми он ҷоро даъват намуда, базме орост.
23 Вале шомгоҳ духтари худ Леёро гирифта, пеши ӯ овард; ва ӯ бо вай хобид.
24 Ва Лобон канизи худ Зилфоро ба духтари худ Леё ба канизӣ дод.
25 Ва бомдодон маълум шуд, ки ин Леё будааст. Ва ба Лобон гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Магар барои Роҳел назди ту хизмат накардам? Чаро маро фиреб додӣ?»
26 Ва Лобон гуфт: «Дар макони мо чунин намекунанд, ки хурдиро аз калонӣ пештар бидиҳанд.
27 Ҳафтаи тӯи арӯсии инро тамом кун, ва хурдиро низ ба ту медиҳам, ба бадали хизмате ки назди ман боз ҳафт соли дигар бикунӣ».
28 Ва Яъқуб чунин кард; ва ҳафтаи варо тамом кард. Ва Лобон духтари худ Роҳелро ба ӯ ба занӣ дод.
29 Ва Лобон канизи худ Билҳоро ба духтари худ Роҳел ба канизӣ дод.
30 Ва бо Роҳел низ хобид, ва Роҳелро аз Леё бештар дӯст медошт; ва боз ҳафт соли дигар назди Лобон хизмат кард.
31 Ва чун Худованд дид, ки Леё номаҳбуб аст, батни ӯро кушод, вале Роҳел нозой монд.
32 Ва Леё ҳомила шуда, писаре зоид, ва ӯро Реубен ном ниҳод, зеро гуфт: «Худованд мусибати маро дид, ва акнун шавҳарам маро дӯст хоҳад дошт».
33 Ва бори дигар ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Зеро Худованд шунид, ки ман номаҳбуб ҳастам, ва инро низ ба ман бахшид». Ва ӯро Шимъӯн номид.
34 Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Акнун, ин дафъа, шавҳарам бо ман хоҳад пайваст, зеро ки ба вай се писар зоидам». Бинобар ин ӯро Левӣ ном ниҳод.
35 Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Ин дафъа Худовандро ҳамд мегӯям». Бинобар ин ӯро Яҳудо номид. Ва аз зоидан монд.

Боби сиюм[edit]

1 Ва Роҳел дид, ки ба Яъқуб назоид, ва Роҳел ба хоҳари худ ҳасад бурд, ва ба Яъқуб гуфт: «Ба ман фарзанд бидеҳ; вагар на, мемирам».
2 Ва Яъқуб ба Роҳел хашм гирифт ва гуфт: «Магар ман дар ҷои Худо ҳастам, ки самари батнро аз ту боздоштааст?»
3 Гуфт: «Инак канизи ман Билҳо; бо вай бихоб, то ки бар зонуям бизояд, ва ман низ аз вай фарзанд ёбам».
4 Ва канизи худ Билҳоро ба ӯ ба занӣ дод; ва Яъқуб бо вай хобид.
5 Ва Билҳо ҳомила шуда, ба Яъқуб писаре зоид.
6 Ва Роҳел гуфт: «Худо ба доди ман расид, ва овози маро низ шунид, ва писаре ба ман дод». Бинобар ин ӯро Дон ном ниҳод.
7 Ва Билҳо, канизи Роҳел, боз ҳомила шуда, писари дуюмин ба Яъқуб зоид.
8 Ва Роҳел гуфт: «Ба гӯштинҳои Худо бо хоҳари худ гӯштин гирифтам, ва ғолиб омадам». Ва ӯро Нафтолӣ ном ниҳод.
9 Ва Леё дид, ки аз зоидан мондааст, ва канизи худ Зилфоро гирифт, ва ӯро ба Яъқуб ба занӣ дод.
10 Ва Зилфо, канизи Леё, ба Яъқуб писаре зоид.
11 Ва Леё гуфт: «Толеъ ёр шуд!» Ва ӯро Ҷод ном ниҳод.
12 Ва Зилфо, канизи Леё, писари дуюмин ба Яъқуб зоид.
13 Ва Леё гуфт: «Ба хушбахтии ман аст! Зеро ки духтарон маро хушбахт хоҳанд хонд». Ва ӯро Ошер ном ниҳод.
14 Ва дар айёми гандумдаравӣ Реубен рафт, ва меҳргиёҳҳо дар саҳро ёфт, ва онҳоро ба модари худ Леё овард. Ва Роҳел ба Леё гуфт: «Аз меҳргиёҳҳои писарат ба ман бидеҳ».
15 Вай ба ӯ гуфт: «Оё кам аст, ки шавҳари маро гирифтӣ, боз мехоҳӣ меҳргиёҳҳои писари маро бигирӣ?!» Ва Роҳел гуфт: «Имшаб ба ивази меҳргиёҳҳои писарат бо ту бихобад».
16 Ва бегоҳӣ Яъқуб аз саҳро омад, ва Леё ба пешвози ӯ баромад, ва гуфт: «Назди ман даро; зеро ки музди туро бо меҳргиёҳҳои писарам адо кардам». Ва ҳамон шаб бо вай хобид.
17 Ва Худо дуои Леёро шунид, ва ӯ ҳомила шуд, ва писари панҷумин ба Яъқуб зоид.
18 Ва Леё гуфт: «Худо музди маро дод ба ивази он ки канизамро ба шавҳарам додам». Ва ӯро Иссокор ном ниҳод.
19 Ва боз Леё ҳомила шуда, писари шашумин ба Яъқуб зоид.
20 Ва Леё гуфт: «Худо ҳадияи хубе ба ман дод; акнун шавҳарам назди ман хоҳад зист, зеро ки шаш писар ба ӯ зоидам». Ва ӯро Забулун ном ниҳод.
21 Ва баъд духтаре зоид; ва ӯро Дино ном ниҳод.
22 Ва Худо Роҳелро ба ёд овард, ва дуои ӯро шунид, ва батни ӯро кушод.
23 Ва ӯ ҳомила шуд, ва писаре зоид, ва гуфт: «Худо нанги маро аз миён бардошт».
24 Ва ӯро Юсуф ном ниҳода, гуфт: «Худованд ба ман писари дигаре хоҳад дод».
25 Ва пас аз он ки Роҳел Юсуфро зоид, Яъқуб ба Лобон гуфт: «Маро ҷавоб деҳ, то ки ба макони худ ва ба замини худ биравам;
26 занон ва фарзандони маро, ки барояшон ба ту хизмат кардам, ба ман бидеҳ, то ки биравем; зеро хизматеро, ки ба ту кардам, ту медонӣ».
27 Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Кошки дар назари ту илтифот меёфтам! Ба фол гирифтаам, ки ба хотири ту Худованд маро баракат додааст».
28 Ва гуфт: «Музди худро ба ман муайян кун, то ки онро ба ту диҳам».
29 Ба вай гуфт: «Худат медонӣ, ки ман ба ту чӣ гуна хизмат кардаам, ва чорвои ту назди ман чӣ гуна зиёд шуд.
30 Зеро ки пеш аз омадани ман моли ту кам буд, ва бениҳоят зиёд шуд; ва ба хотири ман Худованд туро баракат дод; ва акнун кай ман барои хонаи худ низ кор мекунам?»
31 Ва гуфт: «Ба ту чӣ бидиҳам?» Ва Яъқуб гуфт: «Чизе ба ман надеҳ. Вале агар ин корро барои ман бикунӣ, ман аз нав рамаи туро чӯпонӣ ва посбонӣ хоҳам кард:
32 Имрӯз дар тамоми рамаи ту гардиш мекунам; ҳар меши хол-хол ва алоро аз он ҷудо кун, ва ҳар меши сиёҳ аз миёни гӯсфандон ва алою хол-хол аз миёни бузон музди ман хоҳад буд.
33 Ва дар оянда сидқи ман дар ҳаққи ман шаҳодат хоҳад дод, вақте ки биёӣ, то ки музди маро дар пеши назарат бубинӣ: он чи аз бузон хол-холу ало ва аз гӯсфандон сиёҳ набошад, назди ман чизи дуздӣ хисоб ёбад».
34 Ва Лобон гуфт: «Майлаш, гуфтаи ту шавад».
35 Ва ҳамон рӯз нарбузҳои доғдору алоро, ва ҳамаи модабузҳои хол-хол ва алоро, ки доғи сафед доштанд, ва ҳамаи гӯсфандони сиёҳро чудо карда, ба дасти писаронаш дод.
36 Ва дар миёни худ ва Яъқуб масофаи серӯза муқаррар намуд. Ва Яъқуб боқии чорвои Лобонро чӯпонӣ кард.
37 Ва Яъқуб навдаҳои тару тозаи сафедор, бодом ва кастонаро гирифт, ва хатҳои сафед бар онҳо бурида, пӯстро то сафедии чӯб канда партофт;
38 ва навдаҳои пӯстбуридаро дар тағораҳои обхӯрие ки чорво барои нӯшидан назди онҳо меомад, дар рӯ ба рӯи чорво гузошт, то ки ҳангоми ба обхӯрӣ омаданаш бордор шавад.
39 Ва чорво дар пеши навдаҳо бордор мешуд, ва барраҳои доғдор, хол-хол ва ало мезоид.
40 Ва Яъқуб барраҳоро чудо мекард, ва рӯи рамаро сӯи тамоми чорвои доғдор ва сиёҳи Лобон мегузошт; ва барои худ рамаҳои алоҳида тартиб медод, ва онҳоро бо чорвои Лобон як ҷо намемонд.
41 Ва ҳар гоҳ, ки чорвои тануманд бордор мешуд, Яъқуб навдаҳоро дар тағораҳо пеши назари чорво мемонд, то ки дар пеши навдаҳо бордор шавад.
42 Вале ҳар гоҳ чорвои заиф бордор мешуд, онҳоро намемонд. Ва заифҳо аз они Лобон ва танумандҳо аз они Яъқуб мешуданд.
43 Ва ин мард хеле ва хеле бой шуд, ва рамаҳои бисьёр, ва канизон, ва ғуломон, ва шутурон, ва харон дошт.

Боби сию якум[edit]

1 Ва Яъқуб суханони писарони Лобонро шунид, ки мегуфтанд: «Яъқуб тамоми дороии падари моро гирифтааст, ва аз дороии падари мо тамоми ин сарватро ба вуҷуд овардааст».
2 Ва Яъқуб рӯи Лобонро дид, ва инак, нисбат ба ӯ на ончунон буд, ки дирӯз ва парирӯз буд.
3 Ва Худованд ба Яъқуб гуфт: «Ба замини падарат ва ба зодгоҳат баргард, ва Ман бо ту хоҳам буд».
4 Ва Яъқуб кас фиристода, Роҳел ва Леёро ба саҳро, назди чорвои худ ҷеғ зад.
5 Ва ба онҳо гуфт: «Ман рӯи падари шуморо мебинам, ки нисбат ба ман на ончунон аст, ки дирӯз ва парирӯз буд. Аммо Худои падарам бо ман буд.
6 Ва шумо медонед, ки бо тамоми қуввати худ ба падари шумо хизмат кардам.
7 Ва падари шумо маро фиреб карда, даҳ маротиба музди маро тағьир дод, аммо Худо ӯро нагузошт, ки ба ман бадӣ кунад.
8 Ҳангоме ки ӯ гуфт: "Музди ту барраҳои хол-хол бошад", тамоми чорво хол-хол зоид. Ва ҳангоме ки гуфт: "Музди ту барраҳои доғдор бошад", тамоми чорво доғдор зоид.
9 Ва Худо чорвои падари шуморо гирифта, ба ман дод.
10 Боре, дар мавсими бордоршавии чорво, ман дар хоб чашм андохтам ва дидам, ва инак, такаҳое ки бо чорво ҷуфт мешуданд, доғдор, хол-хол ва ало буданд.
11 Ва фариштаи Худо дар хоб ба ман гуфт: "Эй Яъқуб!" Гуфтам: "Лаббай!"
12 Ва гуфт: "Чашм андоз ва бубин, ки ҳамаи такаҳое ки бо чорво ҷуфт мешаванд, доғдор, хол-хол ва ало ҳастанд; зеро ки ҳар он чи Лобон бо ту кардааст, дидаам.
13 Манам Худои Байт-Ил, ҷое ки бар сутуне равған рехтӣ, ва бо Ман назр кардӣ. Акнун бархез, аз ин замин берун бирав; ва ба замини зодгоҳи худ баргард"».
14 Роҳел ва Леё ба ҷавоби ӯ гуфтанд: «Оё ҳанӯз дар хонаи падари мо ҳиссае ё меросе барои мо боқист?
15 Магар дар назари ӯ чун бегонаҳо ба шумор намеравем? Зеро ки моро фурӯхт, ва ҳатто пули моро хӯрд.
16 Бинобар ин тамоми сарвате ки Худо аз падари мо гирифтааст, аз они мо ва фарзандони мост. Ва акнун ҳар он чи Худо ба ту гуфтааст, ба ҷо овар».
17 Ва Яъқуб бархоста, фарзандон ва занони худро ба шутурон савор кард;
18 ва тамоми чорво ва тамоми дороии худро, ки пайдо карда буд, яъне чорвои хусусии худро, ки дар Фаддони Арам пайдо карда буд, бо худ гирифт, то ки назди падари худ Исҳоқ ба замини Канъон биравад.
19 Ва азбаски Лобон барои буридани пашми чорвои худ рафта буд, Роҳел бутҳои падари худро дуздид.
20 Вале Яъқуб Лобони арамиро чапғалат дод, чунки ӯро аз рафтани худ огоҳ накард.
21 Ва ӯ бо ҳар он чи дошт, гурехт, ва бархоста, аз наҳр гузашт, ва рӯй ба ҷониби кӯҳи Ҷилъод ниҳод.
22 Ва дар рӯзи сеюм ба Лобон хабар доданд, ки Яъқуб гурехтааст.
23 Ва хешовандони худро бо худ гирифта, ҳафт рӯз ӯро дунболагирӣ кард, ва дар кӯҳи Ҷилъод ба ӯ даррасид.
24 Ва шабонгоҳ Худо дар хоби Лобони арамӣ зоҳир гардида, ба ӯ гуфт: «Эҳтиёт бош, ки ба Яъқуб нек ё бад нагӯӣ».
25 Ва Лобон ба Яъқуб даррасид; ва Яъқуб хаймаи худро дар кӯҳ барафрошта буд, ва Лобон низ бо хешовандони худ дар кӯҳи Ҷилъод манзил кард.
26 Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Барои чӣ маро чапғалат додӣ ва духтаронамро мисли асирони ҳарбӣ гирифта бурдӣ?
27 Чаро пинҳонӣ гурехтӣ, ва, маро дар иштибоҳ андохтӣ, ва чизе ба ман нагуфтӣ? Ман туро бо шодӣ ва сурудҳо, бо даф ва барбат гусел мекардам.
28 Ва маро нагузоштӣ, ки набераҳо ва духтарони худро бибӯсам; рафтори беақлонае кардӣ.
29 Дар дастам қуввате ҳаст, ки ба шумоён бадӣ кунам, вале Худои падари шумо дишаб ба ман хитоб карда, гуфт: "Эҳтиёт бош, ки ба Яъқуб нек ё бад нагӯӣ".
30 Ва акнун, ки рафтанӣ будӣ, зеро ба хонаи падари худ рағбати калон доштӣ, пас чаро худоёни маро дуздидӣ?»
31 Ва Яъқуб ба ҷавоби Лобон гуфт: «Зеро тарсидам ва гумон кардам, ки мабодо духтарони худро аз ман бо зӯрӣ бигирӣ.
32 Назди ҳар кас худоёнатро биёбӣ, ӯ зинда намонад! Дар ҳузури хешовандони мо ҳар он чи аз чизу чораат назди ман бишносӣ, барои худ бигир». Вале Яъқуб намедонист, ки Роҳел онҳоро дуздидааст.
33 Ва Лобон ба хаймаи Яъқуб, ва ба хаймаи Леё, ва ба хаймаи ду каниз даромад, лекин наёфт. Ва аз хаймаи Леё баромада, ба хаймаи Роҳел даромад.
34 Ва Роҳел бутҳоро гирифта, зери зини шутур ниҳод, ва бар онҳо нишаст. Ва Лобон тамоми хаймаро тафтиш кард, лекин наёфт.
35 Ба падараш гуфт: «Ба назари оғои ман бад нанамояд, ки дар ҳузурат бархоста наметавонам, зеро ки қоидаи занон бар ман аст». Ва ҷустуҷӯ карда, бутҳоро наёфт.
36 Ва Яъқуб ба хашм омада, бо Лобон мунозира кард. Ва Яъқуб ба ҷавоби Лобон гуфт: «Гуноҳ ва хатои ман чист, ки маро таъқиб мекунӣ?
37 Модоме ки ҳамаи чизҳои маро тафтиш кардӣ, аз ҳамаи чизҳои хонаи худ чӣ ёфтӣ? Ин ҷо пеши хешовандони ман ва хешовандони худ бинеҳ, то ки дар миёни ҳар дуи мо ҳакам шаванд.
38 Дар ин бист сол, ки ман бо ту будам, мешҳо ва модабузҳои ту бача напартофтаанд, ва қӯчқорҳои рамаи туро нахӯрдаам;
39 ҳайвони кафидаро пеши ту наовардаам: худам товонашро медодам; чизе хоҳ рӯзона талаф мешуд ва хоҳ шабона талаф мешуд, талофии онро аз ман мегирифтӣ.
40 Рӯзҳо аз гармӣ ва шабҳо аз хунукӣ азоб мекашидам; ва хоб аз чашмам мегурехт.
41 Чунин буд бист соли умри ман дар хонаи ту. Ба ту чордаҳ сол барои ду духтарат ва шаш сол барои чорвоят хизмат кардам; ва ту даҳ маротиба музди маро тағьир додӣ.
42 Агар Худои падарам, Худои Иброҳим ва Ҳайбати Исҳоқ бо ман намебуд, ту ҳоло маро тиҳидаст равона мекардӣ. Худо мусибати маро, ва ранҷи дастҳои маро дид, ва дишаб доварӣ кард».
43 Ва Лобон ба ҷавоби Яъқуб гуфт: «Ин духтарон духтарони мананд; ва ин фарзандон фарзандони мананд; ва ин чорво чорвои ман аст, ва ҳар он чи ту мебинӣ, аз они ман аст; пас имрӯз ба ин духтарони худам ва ба фарзандоне ки зоидаанд, ман чӣ кор карда метавонам?
44 Ва акнун биё, ман ва ту аҳд бибандем, то ки дар миёни ман ва ту шаҳодате бошад».
45 Ва Яъқуб санге гирифта, мисли сутуне рост монд.
46 Ва Яъқуб ба хешовандони худ гуфт: «Санг ҷамъ кунед!» Ва онҳо санг ҷамъ карда, пуштае сохтанд; ва дар он ҷо, бар пушта хӯрок хӯрданд.
47 Ва Лобон онро Яҷар-Соҳадуто номид, вале Яъқуб онро Ҷалъэд номид.
48 Ва Лобон гуфт: «Имрӯз ин пушта дар миёни ман ва ту шоҳид аст». Ба ин сабаб онро Ҷалъэд номид,
49 ва Мисфо низ; ба он сабаб, ки гуфт: «Худованд дар миёни ман ва ту дидбонӣ кунад, вақте ки аз назари якдигар ғоиб шавем.
50 Агар духтарони маро озор диҳӣ, ва агар болои духтарони ман занони дигар бигирӣ, агарчи ҳеҷ касе дар миёни мо нест, вале огоҳ бош, ки Худо дар миёни ман ва ту шоҳид аст».
51 Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Инак ин пушта ва инак сутуне ки дар миёни худам ва ту гузоштам.
52 Ин пушта шоҳид аст ва ин сутун шоҳид аст, ки ман аз ин пушта сӯи ту нагзарам, ва ту аз ин пушта ва ин сутун бо қасди баде сӯи ман нагзарӣ.
53 Худои Иброҳим ва Худои Ноҳӯр, ки Худои падари онҳост, дар миёни мо ҳакам бошанд». Ва Яъқуб ба Ҳайбати падари худ Исҳоқ қасам ёд кард.
54 Ва Яъқуб дар он кӯҳ ҷонвареро қурбонӣ кард, ва хешовандони худро ба нон хӯрдан даъват намуд, ва онҳо нон хӯрданд ва дар кӯҳ шабро гузаронданд.
55 Бомдодон Лобон бархоста, набераҳо ва духтарони худро бӯсид, ва онҳоро баракат дод, ва равона шуд, ва Лобон ба маскани худ баргашт.

Боби сию дуюм[edit]

1 Ва Яъқуб роҳи худро пеш гирифт. Ва фариштагони Худо ба ӯ вохӯрданд.
2 Ва чун Яъқуб онҳоро дид, гуфт: «Ин лашкари Худост!» Ва он мавзеъро Маҳаноим номид.
3 Ва Яъқуб пешопеши худ назди бародараш Эсов ба сарзамини Сеир, ба саҳрои Адӯм қосидонро фиристод;
4 Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Ба оғоям Эсов бигӯед, ки бандаи ту Яъқуб чунин арз мекунад: "Бо Лобон иқомат доштам, ва то кунун таваққуф намудам;
5 ва ман молики барзаговон ва харон ва гӯсфандон, ва ғуломон ва канизон мебошам; ва фиристодам, то ки оғоямро огоҳӣ диҳам, ва дар назарат илтифот ёбам"».
6 Ва қосидон назди Яъқуб баргашта, гуфтанд: «Назди бародарат Эсов расидем; ва ӯ ба пешвози мо меояд, ва чорсад одам ҳамроҳи ӯст».
7 Ва Яъқуб бағоят тарсид ва мушавваш шуд, ва касонеро, ки бо ӯ буданд, ва гӯсфандон ва говон ва шутуронро ба ду бошишгоҳ тақсим кард.
8 Ва гуфт: «Агар Эсов ба як бошишгоҳ омада, онро зарба занад, бошишгоҳи дигар наҷот меёбад».
9 Ва Яъқуб гуфт: «Эй Худои падарам Иброҳим ва Худои падарам Исҳоқ, эй Худованде ки ба ман гуфтаӣ: "Ба замини худ ва ба зодгоҳи худ баргард, ва Ман ба ту эҳсон кунам"!
10 Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам; зеро ки бо чӯбдасти худ аз ин Ӯрдун гузашта будам; ва ҳоло молики ду бошишгоҳ мебошам.
11 Марҳамат карда, маро аз дасти бародарам, аз дасти Эсов наҷот деҳ; зеро ман аз ӯ метарсам, ки мабодо биёяд ва маро, ва модару фарзандонро зарба занад.
12 Ва Ту гуфтаӣ: "Ман ба ту эҳсон кунам, ва насли туро мисли реги дарьё гардонам, ки аз бисьёрӣ онро натавон шумурд"».
13 Ва он шабро дар ҳамон ҷо гузаронд. Ва аз он чи дар дасташ буд, тӯҳфае барои бародари худ Эсов гирифт:
14 дусад модабуз ва бист нарбуз, дусад меш ва бист қӯчқор,
15 сӣ модашутури ширдеҳ бо бачаҳошон, чил модагов ва даҳ барзагов, бист модахар ва даҳ нархар.
16 Ва ба дасти ғуломони худ ҳар рамаро алоҳида дод, ва ба ғуломони худ гуфт: «Аз пеши ман гузашта равед, ва дар мобайни рамаҳо фосилае бигзоред».
17 Ва ба нахустин амр фармуда, гуфт: «Чун бародарам Эсов ба ту вохӯрад, ва аз ту пурсида, бигӯяд: "Аз они кистӣ? Ва куҷо меравӣ? Ва инҳо, ки пеши туст, аз они кист?"
18 Ба ӯ бигӯй: "Аз они бандаат Яъқуб аст; инҳо тӯҳфаест, ки ба оғоям Эсов фиристода шудааст; ва инак, худаш низ дар ақиби мост"».
19 Ва ҳамчунин ба дуюмин, ба сеюмин ва ба ҳамаи онҳое ки аз ақиби рамаҳо мерафтанд, амр фармуда, гуфт: «Чун ба Эсов бирасед, ба ӯ чунин гӯед;
20 ва низ гӯед: "Инак, бандаат Яъқуб дар ақиби мост"». Зеро ба дили худ гуфт: «Дили ӯро бо тӯҳфае ки пешопеши ман меравад, нарм мекунам ва баъд аз он бо ӯ рӯ ба рӯ мешавам; шояд, маро қабул кунад».
21 Ва тӯҳфа пешопеш гузашта рафт; ва ӯ он шабро дар бошишгоҳ гузаронд.
22 Ва шабонгоҳ бархост, ва ду занаш ва ду канизаш ва ёздаҳ писарашро гирифта, аз маъбари Яббӯқ гузашт.
23 Ва онҳоро гирифта, аз он наҳр гузаронид, ва тамоми дороии худро гузаронид.
24 Ва Яъқуб танҳо монд. Ва касе бо ӯ то дамидани субҳ гӯштин гирифт;
25 ва чун он кас дид, ки зӯраш ба ӯ намерасад, ба банди сурини ӯ расид, ва банди сурини Яъқуб, ҳангоми бо Вай гӯштин гирифтан, фушурда шуд.
26 Ва гуфт: «Маро сар деҳ; зеро ки субҳ дамид». Гуфт: «То маро баракат надиҳӣ, Туро сар намедиҳам».
27 Ба ӯ гуфт: «Номат чист?» Гуфт: «Яъқуб».
28 Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ».
29 Ва Яъқуб савол дода, гуфт: «Хоҳишмандам, номи Худро бигӯй». Гуфт: «Чаро номи Маро мепурсӣ?» Ва ӯро дар он ҷо баракат дод.
30 Ва Яъқуб он мавзеъро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд.
31 Ва ҳангоме ки аз Фануил мегузашт, офтоб тулӯъ кард; ва ӯ бар сурини худ мелангид.
32 Сабаб ҳамин аст, ки банӣ-Исроил ирқуннисоро*, ки дар банди сурин аст, то имрӯз намехӯранд, зеро ки ба ирқуннисои банди сурини Яъқуб расида буд.

Боби сию сеюм[edit]

1 Ва Яъқуб чашм андохта, дид, ки инак, Эсов меояд, ва чорсад одам ҳамроҳи ӯст. Ва бачаҳоро ба Леё ва Роҳел ва ду каниз тақсим кард.
2 Ва канизонро бо бачаҳошон пеш гузошт, ва Леёро бо бачаҳояш дар ақиби онҳо, ва Роҳелро бо Юсуф дар охир.
3 Ва худаш пешопеши онҳо рафт, ва ҳафт маротиба то замин саҷда кард, то ки ба бародари худ расид.
4 Ва Эсов ба пешвози ӯ давид, ва ӯро ба оғӯш кашид, ва сар бар гардани ӯ ниҳод, ва ӯро бӯсид, ва бигиристанд.
5 Ва Эсов чашм андохта, занону бачагонро дид, ва гуфт: «Инҳо ба ту кистанд?» Гуфт: «Фарзандоне ки Худо ба бандаат бахшидааст».
6 Ва канизон бо бачаҳошон наздик омада, саҷда карданд.
7 Ва Леё бо бачаҳояш низ наздик омада, саҷда карданд. Ва дар охир Юсуф ва Роҳел наздик омада, саҷда карданд.
8 Ва гуфт: «Аз баҳри чист туро тамоми ин гурӯҳе ки ба он вохӯрдам?» Гуфт: «То ки дар назари оғоям илтифот ёбам».
9 Ва Эсов гуфт: «Эй бародарам, ман бисьёр дорам; он чи аз они туст, аз они ту бошад».
10 Ва Яъқуб гуфт: «Не, агар дар назарат илтифот ёфта бошам, тӯҳфаи маро аз дастам бигир; зеро ки рӯи туро дидам, мисли дидани рӯи Худо, ва ту ба ман бо чашми нек назар кардӣ.
11 Баракати маро, ки бароят оварда шуд, бигир; чунки Худо ба ман эҳсон кардааст, ва ҳама чиз дорам». Ва чун Яъқуб ӯро розӣ кард, ӯ гирифт.
12 Ва гуфт: «Кӯч карда, биравем; ва ман пешопеши ту меравам».
13 Ва Яъқуб гуфт: «Оғоям медонад, ки бачагон нозуканд, ва гӯсфандон ва говони ширдеҳ бо ман аст, ва агар онҳоро як рӯз ҳай кунанд, тамоми чорво мемирад.
14 Бигзор оғоям аз бандаи худ пештар биравад, ва ман мувофиқи коре ки маро дар пеш аст, ва мувофиқи қадами бачагон оҳиста-оҳиста равона мешавам, то ки назди оғоям ба Сеир бирасам».
15 Ва Эсов гуфт: «Аз мардуме ки бо мананд, назди ту мегузорам». Гуфт: «Чӣ лозим аст? Фақат дар назари оғоям илтифот ёбам шудааст».
16 Ва ҳамон рӯз Эсов роҳи худро пеш гирифта, ба Сеир баргашт.
17 Вале Яъқуб ба Суккӯт равона шуд, ва хонае барои худ бино кард, ва барои чорвои худ соябонҳо сохт. Аз ин сабаб он мавзеъро Суккӯт номид.
18 Ва Яъқуб аз Фаддони Арам баргашта, сиҳат саломат ба шаҳри Шакем, ки дар замини Канъон аст, омад ва дар рӯ ба рӯи шаҳр манзил кард.
19 Ва он қитъаи заминро, ки дар он ҷо барои худ хайма барафрошта буд, аз дасти фарзандони Ҳамӯр, падари Шакем, ба сад сикка харид.
20 Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва онро ба исми Худованд Худои Исроил хонд.

Боби сию чорум[edit]

1 Ва Дино, духтари Леё, ки ба Яъқуб зоида буд, барои дидани духтарони он замин берун рафт.
2 Ва Шакем, писари Ҳамӯри ҳиввӣ, ки амири он замин буд, ӯро дид, ва ӯро гирифт, ва бо ӯ хобид, ва ба номӯси ӯ таҷовуз кард.
3 Ва дилаш ба Дино, духтари Яъқуб баста шуда, ошиқи он духтар гашт, ва суханони дилпазир ба он духтар гуфт.
4 Ва Шакем ба падари худ Ҳамӯр гуфт: «Ин духтарро барои ман ба занӣ бигир».
5 Ва Яъқуб шунид, ки ба номӯси духтараш Дино таҷовуз намудааст; вале азбаски писаронаш бо чорвои ӯ дар саҳро буданд, Яъқуб то омадани онҳо хомӯш нишаст.
6 Ва Ҳамӯр, падари Шакем, назди Яъқуб берун рафт, то ки бо ӯ сухан гӯяд.
7 Ва чун писарони Яъқуб аз саҳро омада, инро шуниданд, ин мардон малул шуданд ва хеле ба хашм омаданд, зеро ки бо духтари Яъқуб хобида, қабоҳате дар ҳаққи Исроил карда буд, ва ин кирдор нораво буд.
8 Ва Ҳамӯр бо онҳо гап зада, гуфт: «Дили писарам Шакем шефтаи духтари шумост, пас ӯро ба вай ба занӣ бидиҳед.
9 Ва бо мо қудову анда шуда, духтарони худро ба мо бидиҳед ва духтарони моро барои худ бигиред.
10 Ва бо мо ҳамнишин шавед, ва ин замин дар ихтиёри шумо бошад; дар он бимонед, ва тиҷорат кунед, ва онро тасарруф намоед».
11 Ва Шакем ба падар ва бародарони духтар гуфт: «Фақат дар назари шумоён илтифот ёбам шудааст, ва он чи ба ман бигӯед, хоҳам дод.
12 Маҳр ва тӯҳфаҳои зиёде талаб кунед, ва он чи ба ман бигӯед, хоҳам дод, фақат духтарро ба занӣ ба ман бидиҳед».
13 Ва писарони Яъқуб ба ҷавоби Шакем ва падараш Ҳамӯр бо макр сухан ронданд, зеро ки ба номӯси хоҳари онҳо Дино таҷовуз карда буд.
14 Ва ба онҳо гуфтанд: «Чунин корро карда наметавонем, ки хоҳари худро ба шахси номахтун бидиҳем, зеро ки ин барои мо нанг аст.
15 Фақат бо он шарт ба шумо розигӣ медиҳем, ки мисли мо бошед, ва тамоми наринаи худро хатна кунед.
16 Он гоҳ духтарони худро ба шумо бидиҳем ва духтарони шуморо барои худ бигирем, ва бо шумо ҳамнишин гардида, як қавм шавем.
17 Вале агар ба мо гӯш надиҳед ва хатна накунед, духтари худро гирифта, баромада меравем».
18 Ва суханони онҳо ба назари Ҳамӯр ва ба назари Шакем писари Ҳамӯр писанд афтод.
19 Ва он ҷавон дар иҷрои ин кор таъхир накард; зеро ки духтари Яъқубро дӯст медошт. Ва ӯ аз тамоми аҳли байти падараш мӯҳтарамтар буд.
20 Ва Ҳамӯр ва писараш Шакем назди дарвозаи шаҳри худ омаданд ва бо мардуми шаҳри худ гап зада, гуфтанд:
21 «Ин одамон бо мо сулҳандеш ҳастанд; бигзор онҳо дар ин замин маскан гиранд ва дар он тиҷорат кунанд; ва инак, замини фарох дар ихтиёри онҳост. Духтарони онҳоро ба занӣ бигирем, ва духтарони худро ба онҳо бидиҳем.
22 Фақат бо чунин шарт онҳо розианд бо мо ҳамнишин гардида, як қавм шаванд, ки ҳар наринаи мо низ хатна карда шавад, чунон ки онҳо махтун мебошанд.
23 Оё рамаҳои онҳо, дороии онҳо, ва тамоми чорвои онҳо аз они мо намешавад? Фақат ба онҳо розигӣ диҳем, ва онҳо бо мо ҳамнишин хоҳанд шуд».
24 Ва ба суханони Ҳамӯр ва писараш Шакем ҳамаи касоне ки аз дарвозаи шаҳри ӯ мебаромаданд, розӣ шуданд, ва ҳар наринаро ҳамаи онҳое ки аз дарвозаи шаҳри ӯ мебаромаданд, хатна карданд.
25 Ва дар рӯзи сеюм, ҳангоме ки онҳо дардманд буданд, ду писари Яъқуб, Шимъӯн ва Левӣ, бародарони Дино, ҳар яке шамшери худро гирифта, далерона ба шаҳр ҳамла оварданд ва ҳамаи мардонро куштанд;
26 ва Ҳамӯр ва писараш Шакемро ба дами шамшер куштанд, ва Диноро аз хонаи Шакем гирифта, берун омаданд.
27 Писарони Яъқуб назди кушташудагон омаданд, ва шаҳрро тороҷ карданд, зеро ки ба номӯси хоҳари онҳо таҷовуз карда буданд.
28 Гӯсфандони онҳоро, ва говони онҳоро, ва харони онҳоро, ва он чи дар шаҳр ва он чи дар саҳро буд, гирифтанд.
29 Ва тамоми сарвати онҳоро, ва ҳамаи кӯдакони онҳоро, ва занони онҳоро асир карданд, ва он чи дар хонаҳо буд, тороҷ карданд.
30 Ва Яъқуб ба Шимъӯн ва Левӣ гуфт: «Маро ба изтироб андохтед, ва маро дар назари сокинони ин сарзамин, яъне канъониён ва фариззиён, манфур гардондед. Ва одами ман камшумор аст, ва агар бар зидди ман ҷамъ шуда, маро зарба зананд, ман бо аҳли байтам маҳв гардам».
31 Гуфтанд: «Магар равост, ки бо хоҳари мо мисли фоҳишае амал кунад?»

Боби сию панҷум[edit]

1 Ва Худо ба Яъқуб гуфт: «Бархоста, сӯи Байт-Ил равона шав, ва он ҷо бинишин; ва он ҷо қурбонгоҳе бисоз барои Худо, ки ҳангоми гурехтанат аз пеши бародарат Эсов бар ту зоҳир гардид».
2 Ва Яъқуб ба аҳли байти худ ва ҳамаи касоне ки бо ӯ буданд, гуфт: «Худоҳои бегонаро, ки дар миёни шумост, дур созед, ва худро покиза кунед, ва либоси худро иваз намоед;
3 ва бархоста, сӯи Байт-Ил равона шавем, ва он ҷо ман қурбонгоҳе бисозам барои Худо, ки маро дар рӯзи тангии ман иҷобат намуд, ва дар роҳе ки рафтам, бо ман буд».
4 Ва ҳамаи худоҳои бегонаро, ки дар дасташон буд, ва гӯшвораҳоро, ки дар гӯшашон буд, ба Яъқуб доданд, ва Яъқуб онҳоро зери дарахти булут, қи дар наздикии Шакем буд, гӯр кард.
5 Ва кӯч карданд. Ва ваҳми Худо бар шаҳрҳои гирду пеши онҳо буд, ва банӣ-Яъқубро таъқиб накарданд.
6 Ва Яъқуб ба Луз, ки дар замини Канъон аст, ва ҳамон Байт-Ил бошад, расид; худи ӯ ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд.
7 Ва он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва он маконро Ил-Байт-Ил номид, зеро ки дар он ҷо, ҳангоме ки аз пеши бародари худ гурехт, бар ӯ Худо зоҳир гардида буд.
8 Ва Дебӯро, дояи Ривқо, мурд, ва дар домани Байт-Ил, зери дарахти булут дафн карда шуд, ки онро булути гирья номид.
9 Вақте ки Яъқуб аз Фаддони Арам гашта меомад, Худо бар ӯ бори дигар зоҳир гардид, ва ӯро баракат дод.
10 Ва Худо ба ӯ гуфт: «Номи ту Яъқуб аст, аммо минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки номи ту Исроил хоҳад буд». Ва ӯро Исроил ном ниҳод.
11 Ва Худо ба ӯ гуфт: «Ман Худои Қодир ҳастам; борвар ва афзун шав; халқ ва гурӯҳи халқҳо аз ту ба вуҷуд оянд, ва подшоҳон аз камари ту бароянд.
12 Ва заминеро, ки ба Иброҳим ва Исҳоқ додаам, ба ту хоҳам дод, ва ба наслат баъд аз ту ин заминро хоҳам дод».
13 Ва Худо дар он ҷое ки бо ӯ сухан гуфт, аз пеши ӯ сууд кард.
14 Ва Яъқуб дар он ҷое ки Худо бо ӯ сухан гуфт, сутуне барпо намуд, сутуне аз санг; ва ҳадияи рехтанӣ бар он рехт, ва равған бар он рехт.
15 Ва Яъқуб он маконро, ки Худо дар он ҷо бо ӯ сухан гуфт, Байт-Ил ном ниҳод.
16 Ва аз Байт-Ил кӯч карданд; ва чун андак масофате монда буд, ки ба Эфрот бирасанд, Роҳел зоид, ва дар зоиданаш душворӣ кашид.
17 Ва ҳангоме ки дар зоиданаш душворӣ мекашид, доя ба ӯ гуфт: «Натарс, зеро ки ин низ бароят писар аст».
18 Ва дар вақти ҷон доданаш, зеро ки мурд, ӯро Бен-Ӯнӣ ном ниҳод, вале падараш ӯро Биньёмин номид.
19 Ва Роҳел вафот ёфт, ва дар роҳи Эфрот, ки ҳамон Байт-Лаҳм бошад, дафн карда шуд.
20 Ва Яъқуб бар қабри ӯ сутуне гузошт, ки он то имрӯз сутуни қабри Роҳел аст.
21 Ва Исроил кӯч кард, ва хаймаи худро дар он тарафи бурҷи Эдар барафрошт.
22 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар вақти иқомати Исроил дар он сарзамин Реубен рафта, бо суррияи падари худ Билҳо хобид. Ва Исроил инро шунид. Ва банӣ-Яъқуб дувоздаҳ нафар буданд.
23 Писарони Леё: Реубен, нахустзодаи Яъқуб, Шимъун, Левӣ, Яҳудо, Иссокор ва Забулун.
24 Писарони Роҳел: Юсуф ва Биньёмин.
25 Ва писарони Билҳо, канизи Роҳел: Дон ва Нафтолӣ.
26 Ва писарони Зилфо, канизи Леё: Ҷод ва Ошер. Инҳоянд писарони Яъқуб, ки дар Фаддони Арам ба ӯ таваллуд шуданд.
27 Ва Яъқуб назди падари худ Исҳоқ ба Мамре, ба Қирьяи Арбаъ, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, омад, ки он ҷо Иброҳим ва Исҳоқ дар мусофират буданд.
28 Ва айёми Исҳоқ саду ҳаштод сол буд.
29 Ва Исҳоқ ҷон супурд ва мурд, ва пиру солхӯрда шуда, ба қавми худ пайваст, ва писарони ӯ Эсов ва Яъқуб ӯро ба хок супурданд.

Боби сию шашум[edit]

1 Ин аст насаби Эсов, ки ҳамон Адӯм бошад.
2 Эсов занони худро аз духтарони канъониён гирифт: Одо духтари Элӯни ҳиттиро, Оҳалибомо духтари Ано, духтари Сибъӯни ҳиввиро,
3 ва Босмат духтари Исмоил, хоҳари Набойӯтро.
4 Одо Алифозро ба Эсов зоид; Босмат Реуилро зоид.
5 Оҳалибомо Яуш, Яълом ва Қӯраҳро зоид. Инҳоянд писарони Эсов, ки ба ӯ дар замини Канъон таваллуд шуданд.
6 Ва Эсов занони худ, ва писарони худ, ва духтарони худ, ва тамоми аҳли байти худ, ва рамаҳои худ, ва тамоми чорвои худ, ва тамоми дороии худро, ки дар замини Канъон пайдо карда буд, гирифта, аз пеши бародари худ Яъқуб ба замини дигаре рафт,
7 зеро ки дороии онҳо он қадар бисьёр буд, ки наметавонистанд якҷоя иқомат кунанд, ва замини мусофираташон ба сабаби бисьёрии чорвояшон онҳоро гунҷоиш дода наметавонист.
8 Ва Эсов дар кӯҳи Сеир маскан гирифт, ки Эсов ҳамон Адӯм бошад.
9 Ва ин аст насаби Эсов, падари адӯмиён, дар кӯҳи Сеир.
10 Ин аст номҳои писарони Эсов: Алифоз, писари Одо, зани Эсов, ва Реуил, писари Босмат, зани Эсов.
11 Ва писарони Алифоз Темон, Ӯмор, Сафӯ, Ҷаътом ва Қеназ буданд.
12 Ва Тимнаъ суррияи Алифоз, писари Эсов буд, ва Амолеқро ба Алифоз зоид. Инҳоянд писарони Одо, зани Эсов.
13 Инҳоянд писарони Реуил: Наҳат, Зараҳ, Шаммо ва Миззо. Инҳо писарони Босмат, зани Эсов буданд.
14 Ва инҳо писарони Оҳалибомо, духтари Ано, духтари Сибъӯн, зани Эсов буданд, ки вай Яуш, Яълом ва Қӯраҳро ба Эсов зоид.
15 Инҳоянд умарои писарони Эсов. Писарони Алифоз, нахустзодаи Эсов: амир Темон, амир Ӯмор, амир Сафӯ, амир Қеназ,
16 Амир Қӯраҳ, амир Ҷаътом, амир Амолеқ. Инҳоянд умарои Алифоз дар замини Адӯм; инҳоянд писарони Одо.
17 Инҳоянд писарони Реуил, писари Эсов: амир Наҳат, амир Зараҳ, амир Шаммо, амир Миззо. Инҳоянд умарои Реуил дар замини Адӯм; инҳоянд писарони Босмат, зани Эсов.
18 Инҳоянд писарони Оҳалибомо, зани Эсов: амир Яуш, амир Яълом, амир Қӯраҳ. Инҳоянд умарои Оҳалибомо, духтари Ано, зани Эсов.
19 Инҳоянд писарони Эсов, ва инҳоянд умарои онҳо. Ин Адӯм аст.
20 Инҳоянд писарони Сеири ҳӯрӣ, ки дар он сарзамин иқомат доштанд: Лӯтон, Шӯбол, Сибъӯн, Ано,
21 Дишӯн, Эсар ва Дишан. Инҳоянд умарои ҳӯриён, писарони Сеир, дар замини Адӯм.
22 Ва писарони Лӯтон Ҳӯрӣ ва Ҳемом буданд, ва хоҳари Лӯтон Тимнаъ буд.
23 Инҳоянд писарони Шӯбол: Алвон, Монаҳат, Эбол, Шафӯ ва Ӯном.
24 Инҳоянд писарони Сибъӯн: Аё ва Ано; ҳамон Ано, ки ҳангоми чаронидани харони падари худ Сибъӯн дар биёбон чашмаҳои оби гармро ёфт.
25 Инҳоянд фарзандони Ано: Дишан ва Оҳалибомо, духтари Ано.
26 Инҳоянд писарони Дишӯн: Ҳамдон, Ашбон, Итрон ва Карон.
27 Инҳоянд писарони Эсар: Билҳон, Заъвон ва Ақон.
28 Инҳоянд писарони Дишан: Ус ва Арон.
29 Инҳоянд умарои ҳӯриён: амир Лӯтон, амир Шӯбол, амир Сибъӯн, амир Ано,
30 амир Дишӯн, амир Эсар, амир Дишан. Инҳоянд умарои ҳӯриён бар ҳасби умарои онҳо дар замини Сеир.
31 Инҳоянд подшоҳоне ки дар замини Адӯм подшоҳӣ кардаанд пеш аз он ки подшоҳе дар банӣ-Исроил подшоҳӣ кунад:
32 Балаъ ибни Баӯр дар Адӯм подшоҳӣ кард, ва номи шаҳри ӯ Динҳоба буд.
33 Ва Балаъ мурд, ва дар ҷояш Йӯбоб ибни Зараҳ аз Басра подшоҳӣ кард.
34 Ва Йӯбоб мурд, ва дар ҷояш Ҳӯшом аз замини темониён подшоҳӣ кард.
35 Ва Ҳӯшом мурд, ва дар ҷояш Ҳадад ибни Бадад, ки дар саҳрои Мӯоб Мидьёнро шикаст дод, подшоҳӣ кард, ва номи шаҳри ӯ Авит буд.
36 Ва Ҳадад мурд, ва дар ҷояш Самло аз Масреқо подшоҳӣ кард.
37 Ва Самло мурд, ва дар ҷояш Шоул аз Раҳӯбӯти лаби наҳр подшоҳӣ кард.
38 Ва Шоул мурд, ва дар ҷояш Баал-Ҳонон ибни Акбӯр подшоҳӣ кард.
39 Ва Баал-Ҳонон ибни Акбӯр мурд, ва дар ҷояш Ҳадар подшоҳӣ кард, ва номи шаҳраш Фоу буд, ва номи занаш Маҳетабъил духтари Матрад, духтари Мезоҳоб буд.
40 Ва ин аст номҳои умарои Эсов бар ҳасби қабилаҳои онҳо ва маконҳои онҳо ва номҳои онҳо: амир Тимнаъ, амир Алво, амир Ятет,
41 амир Оҳалибомо, амир Эло, амир Финӯн,
42 амир Қеназ, амир Темон, амир Мибсор,
43 амир Маҷдиил, амир Иром. Инҳоянд умарои Адӯм, бар ҳасби маскани онҳо, дар замини тасарруфи онҳо. Ин аст Эсов, падари адӯмиён.

Боби сию ҳафтум[edit]

1 Ва Яъқуб дар замини мусофирати падари худ, дар замини Канъон маскан гирифт.
2 Ин аст насаби Яъқуб. Юсуф, дар синни ҳафдаҳсолагӣ, бо бародарони худ чорво мечаронид, ва ин навҷавон бо писарони Билҳо ва бо писарони Зилфо, занони падараш, буд. Ва Юсуф рафтори бади онҳоро ба падарашон хабар медод.
3 Ва Исроил Юсуфро аз ҳамаи писарони худ зиёдтар дӯст медошт, чунки ӯ писари пиронсолагиаш буд; ва барои ӯ куртаи рангин кард.
4 Ва чун бародаронаш диданд, ки падарашон ӯро аз ҳамаи бародаронаш зиёдтар дӯст медорад, аз ӯ нафрат карданд, ва бо ӯ осуда сухан гуфта наметавонистанд.
5 Ва Юсуф хобе дида, онро ба бародарони худ нақл кард; ва онҳо боз зиёдтар аз ӯ нафрат карданд.
6 Ба онҳо гуфт: «Хоберо, ки дидаам, бишнавед:
7 Инак, мо дар киштзор бандҳо мебастем; ва инак, банди ман бархост ва рост истод; ва инак, бандҳои шумо гирд омада, ба банди ман саҷда карданд».
8 Бародаронаш ба ӯ гуфтанд: «Наход ки бар мо подшоҳӣ мекарда бошӣ? Наход ки бар мо ҳукмфармо мешуда бошӣ?» Ва барои хобҳо ва суханонаш боз ҳам зиёдтар аз у нафрат карданд.
9 Ва ӯ боз хоби дигаре дид, ва онро ба бародарони худ нақл карда, гуфт: «Инак, боз хобе дидам, ва инак, офтоб ва моҳ ва ёздаҳ ситорагон ба ман саҷда карданд».
10 Ва ӯ ба падар ва бародарони худ нақл кард; ва падараш ӯро мазаммат намуда, гуфт: «Ин чӣ хобест, ки дидаӣ? Наход ки ман, ва модарат, ва бародаронат омада, ба ту то замин саҷда мекарда бошем?»
11 Бародаронаш ба ӯ ҳасад бурданд; ва падараш инро дар хотир нигоҳ дошт.
12 Бародаронаш барои чаронидани чорвои падарашон ба Шакем рафтанд.
13 Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Магар бародаронат дар Шакем намечаронанд? Биё, то ки туро назди онҳо бифиристам». Ба ӯ гуфт: «Лаббай!»
14 Ва ба ӯ гуфт: «Бирав ва саломатии бародаронат ва саломатии чорворо бубин, ва ба ман хабар биёр». Ӯро аз водии Ҳебрӯн фиристод, ва ӯ ба Шакем омад.
15 Ва шахсе ӯро дид, ки дар саҳро овора шуда гаштааст; ва он шахс аз ӯ пурсида, гуфт: «Чӣ меҷӯӣ?»
16 Гуфт: «Ман бародарони худро меҷӯям; хоҳишмандам, ба ман бигӯй, ки онҳо дар куҷо мечаронанд?»
17 Ва он шахс гуфт: «Аз ин ҷо баромада рафтанд; зеро шунидам, ки мегуфтанд: "Ба Дӯтон меравем"». Ва Юсуф аз ақиби бародарони худ рафта, онҳоро дар Дӯтон ёфт.
18 Вале онҳо ӯро аз дур диданд, ва пеш аз он ки ба онҳо наздик ояд, қасд карданд, ки ӯро бикушанд.
19 Ва ба якдигар гуфтанд: «Инак, соҳиби хобҳо ба ин ҷо меояд;
20 акнун биёед, ӯро бикушем ва ба яке аз ин чоҳҳо биафканем, ва гӯем, ки ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст; ва бубинем, ки хобҳояш чӣ мешавад».
21 Вале Реубен инро шунида, ӯро аз дасти онҳо раҳо кард, ва гуфт: «Ӯро накушем!»
22 Ва Реубен ба онҳо гуфт: «Хун нарезед; ӯро ба ин чоҳе ки дар биёбон аст, биафканед, ва дасти тааддӣ бар ӯ дароз накунед». Мехост, ки ӯро аз дасти онҳо раҳонида, назди падари худ гардонда фиристонад.
23 Вақте ки Юсуф назди бародарони худ расид, куртаи Юсуфро, он куртаи рангинро, ки дар бар дошт, кашиданд,
24 ва ӯро гирифта, дар чоҳ афканданд; вале чоҳ холӣ буд: об надошт.
25 Ва барои нон хӯрдан нишастанд, ва чашм андохта, диданд, ки инак, корвони исмоилиён аз Ҷилъод меояд, ва шутурони онҳо атриёт, баласон ва лодан мекашонанд; мераванд, то ки онро ба Миср бибаранд.
26 Ва Яҳудо ба бародарони худ гуфт: «Чӣ суд аст аз он ки бародари худро бикушем ва хунашро махфӣ дорем?
27 Биёед, ӯро ба исмоилиён бифрӯшем, ва дасти мо бар ӯ набошад; зеро ки ӯ бародар ва гӯшти мост». Бародаронаш гапи ӯро гӯш карданд.
28 Ва ҳангоме ки тоҷирони мидьёнӣ аз пеши онҳо мегузаштанд, Юсуфро аз чоҳ кашида бароварданд, ва Юсуфро ба исмоилиён ба бист сиккаи нуқра фурӯхтанд; ва Юсуфро ба Миср бурданд.
29 Ва Реубен ба сари чоҳ баргашт; ва инак, Юсуф дар чоҳ нест. Ва ҷомаи худро чок зад,
30 ва назди бародарони худ баргашт, ва гуфт: «Бача нест, ва ман куҷо биравам?»
31 Ва куртаи Юсуфро гирифтанд, ва нарбузеро кушта, куртаро ба хун олуда карданд;
32 ва куртаи рангинро фиристоданд, ва ба падари худ расонида, гуфтанд: «Инро ёфтем; бишнос, ки оё куртаи писари туст ё не».
33 Ва онро шинохта, гуфт: «Куртаи писари ман аст! Ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст! Яқинан Юсуф дарида шудааст!»
34 Ва Яъқуб либоси худро чок зада, палос дар бар кард, ва рӯзҳои бисьёр барои писари худ мотам гирифт.
35 Ва ҳамаи писаронаш ва духтаронаш ҷамъ омаданд, то ки ӯро тасаллӣ диҳанд; вале ӯ тасаллиро қабул намекард, ва мегуфт: «Бо мотам назди писари худ ба гӯр меравам». Ва падараш барои ӯ мегирист.
36 Ва мидьёниён Юсуфро дар Миср ба Фӯтифар, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, фурӯхтанд.

Боби сию ҳаштум[edit]

1 Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Яҳудо аз пеши бародарони худ рафта, назди шахси адӯломӣ, ки Ҳиро ном дошт, меҳмон шуд.
2 Ва дар он ҷо Яҳудо духтари марди канъониро, ки Шуа ном дошт, дид; варо ба занӣ гирифт, ва бо вай хобид.
3 Вай ҳомила шуда, писаре зоид; ва ӯро Эр ном ниҳод.
4 Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид; ва ӯро Ӯнон ном ниҳод.
5 Ва боз писаре зоид, ва ӯро Шело ном ниҳод. Дар вақти таваллуди ӯ Яхудо дар Казиб буд.
6 Ва Яҳудо ба нахустзодаи худ Эр зане гирифт, ки номаш Томор буд.
7 Ва нахустзодаи Яҳудо, Эр, дар назари Худованд бад буд, ва Худованд ӯро миронид.
8 Ва Яҳудо ба Ӯнон гуфт: «Бо зани бародарат бихоб ва ҳамчун додаршӯй варо ба занӣ гирифта, насле барои бародари худ ба вуҷуд овар.
9 Вале Ӯнон медонист, ки он насл аз они ӯ нахоҳад буд; бинобар ин, ҳар гоҳ, ки назди зани бародараш мехобид, манӣ ба замин мерехт, то ки насле барои бародари худ надиҳад.
10 Ва ин кори ӯ дар назари Худованд бад намуд; ӯро низ миронид.
11 Ва Яҳудо ба келини худ Томор гуфт: «Дар хонаи падари худ бева бинишин то даме ки писарам Шело калон шавад». Зеро гуфт: «Мабодо ӯ низ мисли бародаронаш бимирад». Ва Томор рафта, дар хонаи падари худ бимонд.
12 Вақти бисьёре гузашт, ва духтари Шуа, зани Яҳудо, мурд. Ва Яҳудо, баъд аз он ки тасаллӣ ёфт, бо дӯсти худ Ҳирои адӯломӣ назди пашмбурони рамаи худ ба Тимно рафт.
13 Ва ба Томор хабар дода, гуфтанд: «Инак, падаршӯят барои буридани пашми рамаи худ ба Тимно меравад».
14 Ва либоси бевагии худро кашида, ба сари худ чодаре партофт, ва рӯяшро пӯшида, назди дарвозаи Энаим, ки дар сари роҳи Тимно мебошад, нишаст; зеро дид, ки Шело калон шудааст, ва ӯро ба вай ба занӣ надоданд.
15 Ва ӯро Яҳудо бидид, ва ӯро фоҳиша гумон кард, зеро ки он зан рӯи худро пӯшида буд.
16 Ва аз роҳ ба тарафи ӯ гашта, гуфт: «Биё, бо ту бихобам». Зеро надонист, ки келини ӯст. Гуфт: «Ба ман чӣ медиҳӣ, агар бо ман бихобӣ?»
17 Гуфт: «Бузғолае аз рама мефиристам». Гуфт: «Оё то вақти фиристоданат гараве медиҳӣ?»
18 Гуфт: «Ба ту чӣ гарав диҳам?» Гуфт: «Мӯҳр ва зуннори худро, ва асое ки дар даст дорӣ». Ва ба ӯ дод, ва бо ӯ хобид; ва ӯ аз вай ҳомила шуд.
19 Ва бархоста, бирафт, ва чодарро аз сари худ кашида, либоси бевагии худро пӯшид.
20 Ва Яҳудо бузғоларо ба воситаи дӯсти адӯломии худ фиристод, то ки гаравро аз дасти он зан бигирад; вале ӯро наёфт.
21 Ва аз мардуми он мавзеъ пурсида, гуфт: «Он фоҳишае ки дар сари роҳи Энаим нишаста буд, куҷост?» Гуфтанд: «Фоҳишае дар ин ҷо набуд».
22 Ва назди Яҳудо баргашта, гуфт: «Ӯро наёфтам; ва мардуми он мавзеъ низ гуфтанд, ки фоҳишае дар ин ҷо набуд».
23 Ва Яҳудо гуфт: «Бигзор барои худ нигоҳ дорад, мабодо расво шавем; инак, ин бузғоларо фиристодам; вале ту ӯро наёфтӣ».
24 Ва баъд аз гузаштани қариб се моҳ ба Яҳудо хабар дода, гуфтанд: «Келинат Томор зино кардааст, ва инак, аз зино низ ҳомила шудааст». Ва Яҳудо гуфт: «Ӯро берун оред, то ки сӯзонида шавад».
25 Вақте ки ӯро берун оварданд, ӯ назди падаршӯи худ фиристода, гуфт: «Ман аз соҳиби ин чизҳо ҳомила шудаам». Ва гуфт: «Бишнос, ки ин мӯҳр ва зуннор ва асо аз они кист».
26 Ва Яҳудо шинохта, гуфт: «Ҳақ ба ҷониби ӯст, чунки ӯро ба писари худ Шело надодам». Вале дигар ҳаргиз бо ӯ нахобид.
27 Дар вақти зоиданаш маълум шуд, ки дар батнаш экизак аст.
28 Ва ҳангоме ки мезоид, яке дасти худро берун овард; ва доя риштаи қирмизӣ гирифта, бар дасташ баст, ва гуфт: «Ин аввал берун омад».
29 Вале дасташро боз кашид; ва инак, бародараш берун омад. Ва доя гуфт: «Чӣ гуна рахнае барои худ кушодаӣ!» Ва ӯро Форас ном ниҳоданд.
30 Сонӣ бародари ӯ, ки бар дасташ риштаи қирмизӣ буд, берун омад, ва ӯро Зораҳ номиданд.

Боби сию нӯҳум[edit]

1 Ва Юсуфро ба Миср бурданд; ва ӯро Фӯтифар ном марди мисрӣ, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, аз дасти исмоилиёне ки ӯро ба он ҷо бурда буданд, харид.
2 Ва Худованд бо Юсуф буд; ва ӯ марди комьёб шуд, ва дар хонаи оғои мисрии худ бимонд.
3 Ва оғояш дид, ки Худованд бо ӯст, ва ҳар он чи ӯ мекунад, Худованд дар дасти ӯ муваффақият меоварад.
4 Ва Юсуф дар назари вай илтифот ёфт, ва ба вай хизмат мекард. Ва ӯро ба хонаи худ баргумошт, ва тамоми дороии худро ба дасти ӯ дод.
5 Ва аз ҳамон вақте ки ӯро ба хонаи худ ва ба тамоми дороии худ баргумошт, Худованд хонаи он мисриро барои хотири Юсуф баракат дод, ва баракати Худованд бар ҳамаи дороии вай чи дар хона, чи дар саҳро буд.
6 Ва ҳар он чи дошт, ба дасти Юсуф вогузошт; ва аз он чи бо ӯ буд, ҳеҷ хабар надошт, ҷуз ноне ки мехӯрд. Ва Юсуф хушандом ва хушрӯй буд.
7 Ва баъд аз ин ҳодисот чунин воқеъ шуд, ки зани оғояш бар Юсуф чашм андохта, гуфт: «Бо ман бихоб».
8 Вале ӯ розӣ нашуда, ба зани оғои худ гуфт: «Инак, оғои ман аз он чи бо ман дар хона аст, хабар надорад, ва ҳар он чи дорад, ба дасти ман додааст;
9 аз ман калонтаре дар ин хона нест; ва ӯ ҳеҷ чизе аз ман дареғ надоштааст, ҷуз ту, чунки ту зани ӯ ҳастӣ; пас чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?»
10 Ва агарчи вай ҳаррӯза ба Юсуф сухан мегуфт, ки бо вай бихобад ва назди вай бошад, ӯ гапи варо гӯш намекард.
11 Ва рӯзе воқеъ шуд, ки ӯ ба хона даромад, то ки бо кори худ машғул шавад, аммо аз аҳли хона касе он ҷо, дар хона набуд;
12 вай ӯро аз ҷомааш дошта, гуфт: «Бо ман бихоб». Вале ӯ ҷомаи худро дар дасти вай монда, давид ва берун рафт.
13 Чун зан дид, ки Юсуф ҷомаи худро дар дасти вай монд ва давида, берун рафт,
14 аҳли хонаашро фарьёд карда, гуфт: «Бубинед, марди ибриро назди мо овард, то ки моро масхара кунад. Ӯ назди ман омад, то ки бо ман бихобад; лекин ман бо овози баланд фарьёд задам;
15 ва чун шунид, ки ман овози худро баланд карда, фарьёд задам, ҷомаашро пеши ман монд ва давида, берун рафт».
16 Ва ҷомаи ӯро назди худ нигоҳ дошт то вақте ки оғояш ба хона омад.
17 Ва ба вай ҳамон суханонро такрор карда, гуфт: «Он ғуломи ибрӣ, ки ба мо овардӣ, назди ман омад, то ки маро масхара кунад;
18 ва чун овози худро баланд карда, фарьёд задам, ҷомаи худро пеши ман монд ва гурехта, берун рафт».
19 Вақте ки оғояш суханони зани худро шунид, ки ба ӯ нақл карда, гуфт: «Ғуломат ба ман чунин рафтор кард», ӯ ба ғазаб омад;
20 ва оғои Юсуф ӯро гирифта, дар зиндоне андохт, ки дар он ҷо маҳбусони подшоҳ буданд. Ва он ҷо ӯ дар зиндон буд.
21 Ва Худованд бо Юсуф буд, ва ба ӯ эҳсон мекард, ва ӯро дар назари сардори зиндон илтифот бахшид.
22 Ва сардори зиндон ҳамаи маҳбусонеро, ки дар зиндон буданд, ба дасти Юсуф дод, ва ҳар коре ки дар он ҷо мекарданд, ӯ идоракунандаи он буд.
23 Сардори зиндон ба ҳеҷ як чизе ки дар дасти Юсуф буд нигоҳ намекард: чунки Худованд бо ӯ буд, ва дар ҳар кори ӯ Худованд муваффақият меовард.

Боби чилум[edit]

1 Баъд аз ин ҳодисот чунин воқеъ шуд, ки соқии подшоҳи Миср ва нонвой пеши оғои худ подшоҳи Миср хато карданд.
2 Ва фиръавн ба ду дарбории худ: ба сарсоқӣ ва ба сарнонвой хашм гирифт.
3 Ва онҳоро дар хонаи сардори посбонон, дар зиндоне ки Юсуф он ҷо бандӣ буд, андохт.
4 Сардори посбонон Юсуфро бар онҳо баргумошт, ва ӯ ба онҳо хизмат мекард. Ва муддате онҳо дар ҳабс буданд.
5 Ва соқӣ ва нонвои подшоҳи Миср, ки дар зиндон бандӣ буданд, ҳар ду дар як шаб хоб диданд, ҳар яке мувофиқи таъбири хоби худ хоб диданд.
6 Ва бомдодон Юсуф назди онҳо омада, дид, ки инак, онҳо бедимоғ ҳастанд.
7 Ва аз дарбориёни фиръавн, ки бо ӯ дар хонаи оғояш буданд, пурсида, гуфт: «Чаро имрӯз чеҳраи шумо ғамгин аст?»
8 Ба ӯ гуфтанд: «Хобе дидем, ва касе нест, ки онро таъбир кунад». Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Оё таъбирҳо аз Худо нест? Ба ман нақл кунед».
9 Ва сарсоқӣ хоби худро ба Юсуф нақл карда, гуфт: «Хоб дидам, ки инак, токе пеши ман буд;
10 ва ток се шоха дошт; ва он бишукуфт, ва ғӯра баст, ва шингилҳои ангураш пухт.
11 Ва ҷоми фиръавн дар дастам буд, ва ангурҳоро гирифта, дар ҷоми фиръавн фушурдам, ва ҷомро ба дасти фиръавн додам».
12 Ва Юсуф ба вай гуфт: «Таъбираш ин аст: се шоха се рӯз аст.
13 Баъд аз се рӯз фиръавн саратро барафрозад ва ба мансабат баргардонад, ва ҷоми фиръавнро ба дасти вай хоҳӣ дод, ба тариқи пештара, ки соқии ӯ будӣ.
14 Вақте ки аҳволи ту некӯ шавад, маро ёд кун; ва ба ман эҳсон фармуда, маро назди фиръавн зикр намо, ва маро аз ин хона берун овар.
15 Зеро ки ман аз замини ибриён дуздида шудаам; ва ин ҷо низ ҳеҷ коре накардаам, ки маро дар зиндон андозанд».
16 Ва чун сарнонвой дид, ки некӯ таъбир кард, ба Юсуф гуфт: «Ман низ хоб дидам, ки инак, се сабад кулча бар сари ман аст;
17 ва дар сабади болоӣ ҳар гуна хӯрок барои фиръавн аз ҳунари нонвой мебошад; вале мурғон онҳоро аз сабаде ки бар сари ман аст, мехӯранд».
18 Ва Юсуф ба ҷавоб гуфт: «Таъбираш ин аст: се сабад се рӯз аст;
19 баъд аз се рӯз фиръавн сари туро аз танат ҷудо кунад, ва туро бар дарахте овезад; ва мурғон гӯшти баданатро бихӯранд».
20 Дар рӯзи сеюм, ки рӯзи таваллуди фиръавн буд, ӯ зиёфате барои тамоми чокарони худ орост, ва дар миёни чокарони худ сарсоқӣ ва сарнонвойро ҳозир кард.
21 Ва сарсоқиро ба мансаби ӯ баргардонид, ва ӯ ҷомро ба дасти фиръавн дод.
22 Вале сарнонвойро ба дор кашид, чунон ки Юсуф ба онҳо таъбир карда буд.
23 Ва сарсоқӣ Юсуфро ба ёд наовард, балки ӯро фаромӯш кард.

Боби чилу якум[edit]

1 Ва воқеъ шуд баъд аз гузаштани ду сол, ки фиръавн хобе дид: инак, ӯ дар канори наҳри Нил истодааст.
2 Ва инак, аз наҳр ҳафт модагови хубсурат ва фарбеҳ баромаданд, ва дар чаманзор чаридан гирифтанд.
3 Ва инак, аз паси онҳо хафт модагови дигари бадсурат ва лоғар аз наҳр баромаданд, ва дар паҳлуи он модаговон дар соҳили наҳр биистоданд.
4 Ва ин модаговони бадсурат ва лоғар ҳафт модагови хубсурат ва фарбеҳро хӯрданд. Ва фиръавн бедор шуд.
5 Ва боз хобаш бурд, ва дуюмбора хобе дид: инак, ҳафт хӯшаи солим ва некӯ дар як поя сабзида баромаданд.
6 Ва инак, ҳафт хӯшаи холӣ ва аз боди шарқӣ хушкшуда аз паи онҳо рӯиданд.
7 Ва ин хӯшаҳои холӣ ҳафт хӯшаи солим ва пурборро фурӯ бурданд. Ва фиръавн бедор шуд, ва ин буд хобаш.
8 Субҳгоҳон хотираш мушавваш шуд, ва кас фиристода, ҳамаи соҳирони Мисрро, ва ҳамаи ҳакимони онро даъват намуд, ва фиръавн ба онҳо хоби худро нақл кард, вале касе набуд, ки онро ба фиръавн таъбир кунад.
9 Ва сарсоқӣ ба фиръавн арз намуда, гуфт: «Хатоҳои ман имрӯз ба хотирам омад.
10 Фиръавн ба чокарони худ хашм гирифта, маро ва сарнонвойро дар хонаи сардори посбонон бандӣ карда буд.
11 Ва ман ва ӯ дар як шаб хобе дидем, ҳар яке мувофиқи таъбири хоби худ хоб дидем.
12 Ва он ҷо ҷавони ибрӣ, ғуломи сардори посбонон, бо мо буд, ва хобҳои худро ба ӯ нақл кардем, ва ӯ онҳоро ба мо таъбир кард, ба ҳар яке мувофиқи хобаш таъбир кард.
13 Ва чӣ тавре ки ба мо таъбир кард, ҳамон тавр воқеъ шуд: ман ба мансаби худ баргардонида шудам, ва он дигаре ба дор кашида шуд».
14 Ва фиръавн кас фиристода, Юсуфро даъват намуд; ва ӯро зуд аз зиндон бароварданд. Ва ӯ мӯйсару риши худро тарошида ва либоси худро иваз карда, назди фиръавн омад.
15 Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Хобе дидам, ва касе нест, ки онро таъбир кунад, ва дар бораи ту шунидам, ки хобро фаҳмида, таъбир мекунӣ».
16 Ва Юсуф ба ҷавоби фиръавн гуфт: «Ин аз ман нест; Худо ба саломатии фиръавн ҷавоб хоҳад дод».
17 Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Дар хоби худ дидам, ки инак, дар соҳили наҳри Нил истодаам.
18 Ва инак, аз наҳр ҳафт модагови фарбеҳ ва хубсурат баромаданд; ва дар чаманзор чаридан гирифтанд.
19 Ва инак, аз паси онҳо ҳафт модагови дигари лоғарандом ва хеле бадсурат ва камгӯшт баромаданд, ки дар тамоми замини Миср ба зиштӣ мисли онҳо надидаам.
20 Ва ин модаговони лоғар ва бадсурат ҳафт модагови фарбеҳи аввалро хӯрданд.
21 Ва чун ба шиками онҳо даромаданд, маълум нашуд, ки ба шиками онҳо даромадаанд. Ва сурати онҳо мисли аввала зишт буд. Ва ман бедор шудам.
22 Ва боз хоб дидам, ки инак, ҳафт хӯшаи пурбор ва некӯ дар як поя сабзида баромаданд.
23 Ва инак, ҳафт хӯшаи борик, холӣ ва аз боди шарқӣ хушкшуда аз паси онҳо рӯиданд.
24 Ва ин хӯшаҳои холӣ ҳафт хӯшаи некӯро фурӯ бурданд. Ва ман ба соҳирон гуфтам, вале касе нест, ки ба ман шарҳ диҳад».
25 Ва Юсуф ба фиръавн гуфт: «Хоби фиръавн якест: он чи Худо карданист, ба фиръавн хабар додааст.
26 Ҳафт модагови некӯ ҳафт сол аст; ва ҳафт хӯшаи некӯ ҳафт сол аст; хоб якест.
27 Ва ҳафт модагови лоғар ва зишт, ки аз паси онҳо баромадаанд, ҳафт сол аст, ва ҳафт хӯшаи холии аз боди шарқӣ хушкшуда ҳафт соли қаҳтӣ мебошад.
28 Аз ҳамин сабаб он суханро ба фиръавн гуфтам: он чи Худо карданист, ба фиръавн зоҳир сохтааст.
29 Инак, ҳафт соли фаровонии бузург дар тамоми замини Миср фаро мерасад.
30 Вале баъд аз онҳо ҳафт соли қаҳтӣ меояд; ва тамоми он фаровонӣ дар замини Миср фаромӯш мешавад, ва қаҳтӣ заминро табоҳ мекунад.
31 Ва фаровонӣ дар замин маълум намешавад, ба сабаби қаҳтие ки аз паси он меояд, зеро ки он бағоят сахт хоҳад буд.
32 Ва ба фиръавн ду бор такрор шудани ин хоб далели он аст, ки ин чиз ҳақиқатан аз ҷониби Худост, ва Худо онро ба зудӣ ба амал хоҳад овард.
33 Ва акнун бигзор фиръавн марди оқил ва ҳакимро пайдо кунад, ва ӯро бар замини Миср бигуморад.
34 Фиръавн чунин бикунад, ва нозиронро бар замин таъин намояд, ва дар ҳафт соли фаровонӣ панҷьяк аз замини Миср бигирад.
35 Ва бигзор хӯроквории ин солҳои некӯро, ки меояд, ҷамъ оваранд, ва ғалларо зери дасти фиръавн захира кунанд, ва дар шаҳрҳо хӯрокворӣ нигоҳ доранд.
36 Ва ин хӯрокворӣ барои замин ба ҳафт соли қаҳтие ки дар замини Миср фаро мерасад, захира шавад, то ки замин аз қаҳтӣ табоҳ нагардад».
37 Ин сухан ба назари фиръавн ва ба назари ҳамаи чокаронаш писанд афтод.
38 Ва фиръавн ба чокарони худ гуфт: «Оё касеро мисли ин мард ёфта метавонем, ки Рӯҳи Худо дар ӯст?»
39 Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Азбаски Худо тамоми ин нуктаро ба ту маълум кардааст, касе мисли ту оқил ва ҳаким нест;
40 ту бар хонаи ман бош, ва тамоми қавми ман каломи туро риоя кунанд; ман фақат дар хусуси тахт аз ту бузургтар бошам».
41 Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Бидон, ки туро бар тамоми замини Миср баргумоштам».
42 Ва фиръавн нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба дасти Юсуф пӯшонид; ва ӯро ба либоси катони нозук ороста кард, ва тавқи тилло бар гарданаш овехт;
43 ва ӯро ба аробаи дуюмини худ савор кунонид, ва пешопеши ӯ нидо мекарданд: «Зону занед!» Ва ӯро бар тамоми замини Миср баргумошт.
44 Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ман фиръавн ҳастам, вале бидуни фармони ту ҳеҷ кас даст ё пои худро дар тамоми замини Миср баланд накунад».
45 Ва фиръавн Юсуфро Софнат-фаънеаҳ номид, ва Оснат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯнро ба ӯ ба занӣ дод. Ва Юсуф сар то сари замини Миср сафар кард.
46 Ва Юсуф сисола буд, вақте ки пеши фиръавн, подшоҳи Миср, биистод, ва Юсуф аз пеши фиръавн берун рафта, тамоми замини Мисрро тай намуд.
47 Ва замин дар ҳафт соли фаровонӣ аз ҳар донае миқдори бисьёр ҳосил овард.
48 Ва ӯ тамоми хӯроквории ҳафт солро, ки дар замини Миср рӯида буд, ҷамъ овард, ва хӯроквориро дар шаҳрҳо захира кард; ва хӯроквории киштзори гирду пеши ҳар шаҳрро дар дохили он гузошт.
49 Ва Юсуф ғалладонаи зиёде мисли реги дарьё захира кард, то ба дараҷае ки аз ҳисоб кардан бозмонд; зеро ки аз ҳисоб берун буд.
50 Ва пеш аз фаро расидани солҳои қаҳтӣ ба Юсуф ду писар таваллуд шуд, ки онҳоро Оснат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯн, ба ӯ зоид.
51 Ва Юсуф нахустзодаи худро Менашше ном ниҳод, зеро ки, гуфт ӯ, «Худо маро аз тамоми машаққатам ва аз тамоми хонаи падарам фаромӯшӣ дод».
52 Ва дуюминро Эфроим номид, зеро ки, гуфт ӯ, «Худо маро дар замини мазаллатам борвар гардонид».
53 Ва ҳафт соли фаровонӣ, ки дар замини Миср буд, ба охир расид.
54 Ва ҳафт соли қаҳтӣ оғоз ёфт, чунон ки Юсуф гуфта буд. Ва дар ҳамаи заминҳо қаҳтӣ рӯй дод, вале дар тамоми замини Миср нон буд.
55 Ва чун тамоми замини Миср низ гирифтори қаҳтӣ шуд, қавм, барои нон назди фиръавн фарьёд заданд. Ва фиръавн ба ҳамаи мисриён гуфт: «Назди Юсуф биравед, ва он чи ӯ ба шумо гӯяд, бикунед».
56 Ва қаҳтӣ тамоми рӯи заминро фаро гирифт; ва Юсуф ҳамаи анборҳоро кушода, ба мисриён ғалла мефурӯхт. Вале қаҳтӣ дар замини Миср қавӣ мешуд.
57 Ва аз ҳамаи кишварҳо барои харидани ғалла назди Юсуф ба Миср меомаданд, зеро ки қаҳтӣ дар тамоми дуньё қавӣ шуд.

Боби чилу дуюм[edit]

1 Ва Яъқуб фаҳмид, ки дар Миср ғалла мавҷуд аст, ва Яъқуб ба писарони худ гуфт: «Чаро нигоҳ карда нишастаед?»
2 Ва гуфт: «Инак, шунидам, ки дар Миср ғалла ҳаст; ба он ҷо биравед, ва барои мо аз он ҷо ғалла бихаред, то ки зист кунем ва намирем».
3 Даҳ бародари Юсуф барои харидани ғалла ба Миср рафтанд.
4 Вале Биньёмин, бародари Юсуфро Яъқуб бо бародарони ӯ нафиристод; зеро гуфт: «Мабодо зиёне ба ӯ расад».
5 Дар миёни ононе ки барои харидани ғалла омаданд, банӣ-Исроил ҳам буданд; зеро ки дар замини Канъон қаҳтӣ буд.
6 Ва Юсуф ҳокими он замин буд; ва ба тамоми қавми он замин ғалла мефурӯхт. Вақте ки бародарони Юсуф омаданд, рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда карданд.
7 Ва чун Юсуф бародарони худро дид, онҳоро шинохт; вале худро ба онҳо ношинос вонамуд кард, ва бо онҳо ба дуруштӣ гап зад, ва ба онҳо гуфт: «Аз куҷо омадед?» Гуфтанд: «Аз замини Канъон, то ки хӯрокворӣ бихарем».
8 Агарчи Юсуф бародарони худро шинохт, онҳо ӯро нашинохтанд.
9 Ва Юсуф хобҳоеро, ки дар бораи онҳо дида буд, ба хотир овард; ва ба онҳо гуфт: «Шумо ҷосус ҳастед; барои дидани урьёнии ин замин омадаед».
10 Ба ӯ гуфтанд: «Не, оғои мо; ғуломонат барои харидани хӯрокворӣ омадаанд.
11 Мо ҳама писарони як шахс ҳастем; мо одамони дурусткорем; ғуломонат ҷосус нестанд».
12 Ба онҳо гуфт: «Не, шумо барои дидани урьёнии замин омадаед».
13 Гуфтанд: «Мо, ғуломонат, дувоздаҳ бародаронем; мо писарони як шахс ҳастем дар замини Канъон, ва инак, хурдӣ имрӯз пеши падари мост, ва яке нест».
14 Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ҳамин аст он чи ба шумо гуфтам, ки ҷосус ҳастед.
15 Ба ин тариқ озмуда хоҳед шуд: қасам ба ҷони фиръавн, ки аз ин ҷо берун нахоҳед рафт, магар ки бародари хурдии шумо ба ин ҷо биёяд.
16 Як нафарро аз байни худ бифиристед, то ки бародари шуморо биёрад; ва шумо ба ҳабс гирифта мешавед, то ки суханони шумо санҷида шавад, ки ҳақ ба ҷониби шумост ё не; вагар на, қасам ба ҷони фиръавн, ки шумо ҷосус ҳастед».
17 Ва онҳоро серӯза ба ҳабс гирифт.
18 Ва рӯзи сеюм Юсуф ба онҳо гуфт: «Чунин бикунед ва зинда бимонед, зеро ки ман аз Худо метарсам.
19 Агар шумо одамони дурусткор бошед, бигзор як бародари шумо дар ҳабсхонаи шумо бимонад; ва шумо биравед, ва ғалла барои гуруснагии хонаҳои худ бибаред.
20 Ва бародари хурдии худро назди ман биёред, то ки суханони шумо тасдиқ шавад, ва намиред». Ва чунин карданд.
21 Ва ба якдигар гуфтанд: «Дар ҳақиқат мо назди бародари худ гуноҳкор ҳастем. Вақте ки ба мо тазаррӯъ мекард, азияти ҷони ӯро дидем ва гӯш наандохтем; аз ин рӯ ин азият ба сари мо омад».
22 Ва Реубен ба ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ба шумо нагуфта будам, ки ба муқобили бача гуноҳ накунед? Вале гӯш накардед; ва инак, хуни ӯ бозхост мешавад».
23 Ва онҳо надонистанд, ки Юсуф мефаҳмад; зеро ки тарҷумоне дар миёни онҳо буд.
24 Ва Юсуф худро аз онҳо канор гирифта, бигирист. Ва назди онҳо баргашта, бо онҳо гуфтугӯ кард, ва Шимъунро аз миёни онҳо гирифта, дар пеши назари онҳо ӯро бандӣ кард.
25 Ва Юсуф фармон дод, ки ҷуволҳои онҳоро аз ғалла пур кунанд, ва нуқраи онҳоро дар халтаи ҳар яке баргардонанд, ва ба онҳо тӯшаи роҳ бидиҳанд. Ва ба онҳо чунин карданд.
26 Ва ғаллаи худро ба харони худ бор карда, аз он ҷо равона шуданд.
27 Ва чун яке халтаи худро дар манзил кушод, то ки хӯроке ба хари худ диҳад, нуқраи худро дид, ки инак, дар даҳани халтаи ӯст.
28 Ва ба бародарони худ гуфт: «Нуқраи ман баргардонида шудааст! Инак, дар халтаи ман аст!» Ва дили онҳо ба тапиш афтод, ва ба якдигар бо тарсу ларз мегуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки Худо ба мо кардааст?»
29 Ва назди падари худ Яъқуб ба замини Канъон омаданд, ва аз он чи ба онҳо рӯй дод, хабар дода, гуфтанд:
30 «Он марде ки ҳокими он замин аст, бо мо ба дуруштӣ сухан гуфт, ва моро ҷосусони он замин гумон кард.
31 Вале ба ӯ гуфтем: "Мо одамони дурусткорем; мо ҷосус нестем.
32 Мо, дувоздаҳ бародарон, писарони падари худ ҳастем; яке нест, ва хурдӣ имрӯз назди падари мо дар замини Канъон аст".
33 Ва он марде ки ҳокими он замин аст, ба мо гуфт: "Ба ин тариқ хоҳам фаҳмид, ки шумо дурусткор ҳастед: яке аз бародарони худро назди ман бимонед; ва ғалла барои гуруснагии хонаҳои худ бигиред, ва бирaвед.
34 Ва бародари хурдии худро назди ман биёред, то донам, ки шумо ҷосус нестед, балки одамони дурусткоред; он гоҳ бародари шуморо ба шумо бидиҳам, ва дар ин замин додугирифт кунед"».
35 Ва ҳангоме ки онҳо халтаҳои худро холӣ мекарданд, инак, ҳамьёни нуқраи ҳар яке дар халтаи вай буд. Ва чун онҳо ва падарашон ҳамьёнҳои нуқраро диданд, ҳаросон шуданд.
36 Ва падари онҳо Яъқуб ба онҳо гуфт: «Маро аз фарзандонам маҳрум кардед: Юсуф нест, ва Шимъӯн нест, ва Биньёминро мехоҳед бибаред, — ин ҳама кулфатҳо бар сари ман аст!»
37 Ва Реубен ба падари худ арз намуда, гуфт: «Ду писари маро бикуш, агар ӯро назди ту набиёрам; ӯро ба дасти ман бисупор; ва ман ӯро назди ту баргардонам».
38 Гуфт: «Писарам бо шумо нахоҳад рафт, зеро ки бародараш мурдааст, ва ӯ танҳо мондааст. Ва агар дар роҳе ки меравед, зиёне ба ӯ расад, ҳамоно мӯи сафеди маро бо андӯҳ ба гӯр хоҳед бурд».

Боби чилу сеюм[edit]

1 Ва қаҳтӣ дар замин сахт шуд.
2 Ва ҳангоме ки ғаллаеро, ки аз Миср оварда буданд, хӯрда тамом карданд, падарашон ба онҳо гуфт: «Баргардед, ва андак хӯрокворӣ барои мо бихаред».
3 Ва Яҳудо ба ӯ арз карда, гуфт: «Он мард қатъиян таъкид карда, гуфт: "Агар бародари шумо бо шумо набошад, рӯи маро нахоҳед дид".
4 Агар бародари моро бо мо фиристонӣ, меравем ва хӯрокворӣ бароят мехарем.
5 Вале агар нафиристонӣ, намеравем, зеро ки он мард ба мо гуфт: "Агар бародари шумо бо шумо набошад, рӯи маро нахоҳед дид"».
6 Ва Исроил гуфт: «Чаро ба ман бадӣ карда, ба он мард гуфтед, ки бародари дигаре доред?»
7 Гуфтанд: «Он мард аҳволи мо ва хешу табори моро пурсупос карда, гуфт: "Оё падари шумо ҳанӯз зинда аст? Оё бародари дигаре доред?" Ва мо мувофиқи ин суханон нақл кардем. Магар медонистем, ки "бародари худро биёред" мегӯяд?»
8 Ва Яҳудо ба падари худ Исроил гуфт: «Бачаро бо ман бифиристон; ва мо бархоста, меравем, ва зист мекунем, ва намемирем, ҳам мо, ҳам ту ва ҳам фарзандони мо.
9 Ман зомини ӯ мебошам, ӯро аз дасти ман талаб намо. Агар ӯро назди ту набиёрам ва ба пешат ҳозир насозам, умрбод пеши ту гуноҳкор бошам.
10 Агар мо таъхир намекардем, то ҳол ду маротиба рафта меомадем».
11 Ва падарашон Исроил ба онҳо гуфт: «Ин тавр бошад, чунин бикунед: аз самароти хуби ин замин дар зарфҳои худ бигиред, ва дастовезе барои он мард бибаред: қадаре баласон ва қадаре асал, мум ва лодан, писта ва бодом.
12 Ва нуқраи дучандон ба дасти худ бигиред, ва он нуқраро, ки дар даҳани халтаҳои шумо гардонда монда шуда буд, бо дасти худ гашта диҳед: шояд, саҳве шуда бошад.
13 Ва бародари худро гирифта, ба роҳ дароед, ва назди он мард баргардед.
14 Бигзор Худои Қодир ба шумо пеши он мард шафқат нишон диҳад, то ки бародари дигари шумо ва Биньёминро ҳамроҳи шумо фиристонад. Ва ман агар аз фарзандон маҳрум шуда бошам, бигзор маҳрум шавам».
15 Пас он мардон ин дастовезро гирифтанд, ва нуқраи дучандонро ба дасти худ гирифтанд, ва бо Биньёмин ба роҳ даромаданд, ва ба Миср расида, пеши Юсуф биистоданд.
16 Ва Юсуф, чун Биньёминро бо онҳо дид, ба нозири хонаи худ фармуд: «Ин одамонро ба хона бибар, ва ҳайвоне бикуш, ва тадоруке бикун, зеро ки ин одамон дар нимирӯзӣ бо ман хӯрок мехӯранд».
17 Ва он мард аз рӯи гуфтаи Юсуф амал кард, ва ин одамонро ба хонаи Юсуф овард.
18 Ва ин одамон аз омаданашон ба хонаи Юсуф тарсиданд, ва гуфтанд: «Барои нуқрае ки пеш аз ин дар халтаҳои мо гардонда монда шуда буд, моро овардаанд, то ки ба мо хурдагирӣ кунанд, ва ба мо ҳуҷум оваранд, ва моро ғулом гардонанд, ва харони моро».
19 Бинобар ин ба нозири хонаи Юсуф наздик шуданд, ва дар даромадгоҳи хона ба ӯ гап заданд,
20 ва гуфтанд: «Гӯш кун, эй оғо, мо пеш аз ин барои харидани хӯрокворӣ омада будем.
21 Вале чунин воқеъ шуд, ки чун ба манзил расидем ва халтаҳои худро кушодем, — инак, нуқраи ҳар яке дар даҳани халтааш; нуқраи мо мувофиқи вазни он мавҷуд аст, ва мо онро бо дасти худ гашта медиҳем.
22 Ва нуқраи дигаре барои харидани хӯрокворӣ ба дасти худ овардем. Намедонем, ки нуқраи моро кӣ дар халтаҳои мо мондааст».
23 Гуфт: «Хотирҷамъ бошед, натарсед! Худои шумо ва Худои падари шумо ганҷе дар халтаҳои шумо ба шумо додааст; нуқраи шумо ба ман расид». Ва Шимъӯнро пеши онҳо баровард.
24 Ва он мард ин одамонро ба хонаи Юсуф дароварда, об дод, ва онҳо пойҳои худро шустанд; ва хӯрок ба харони онҳо дод.
25 Ва дастовезро то вақти омадани Юсуф дар нимирӯзӣ тайёр карданд; зеро шунида буданд, ки дар он ҷо бояд нон хӯранд.
26 Вақте ки Юсуф ба хона омад, дастовезро, ки дар дасти онҳо буд, пеши ӯ ба хона оварданд, ва то замин ба ӯ саҷда карданд.
27 Ва аз саломатии онҳо пурсид, ва гуфт: «Оё падари пири шумо, ки зикраш карда будед, саломат аст? Оё ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст?»
28 Гуфтанд: «Ғуломат, падари мо, саломат аст, ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст». Ва онҳо таъзим карданд ва саҷда бурданд.
29 Ва чашм андохта, бародари худ Биньёмин, писари модари худро дид, ва гуфт: «Оё ин аст бародари хурдии шумо, ки назди ман зикраш карда будед?» Ва гуфт: «Марҳамати Худо бо ту бод, писарам!»
30 Ва Юсуф шитобон баромада рафт, зеро ки меҳраш нисбат ба бародараш ҷӯш зада, гирьяаш омад, ва ба ҳуҷрае даромада, он ҷо бигирист.
31 Ва рӯи худро шуста, берун омад, ва худро ба даст гирифта, гуфт: «Таом бигузоред».
32 Ва барои ӯ алоҳида гузоштанд, ва барои онҳо алоҳида, ва барои мисриёне ки бо ӯ хӯрок мехӯрданд, алоҳида, зеро ки мисриён бо ибриён хӯрок хӯрда наметавонанд; чунки ин барои мисриён кароҳатангез аст.
33 Ва пеши ӯ бинишастанд, нахустзода мувофиқи нахустзодагиаш ва хурдсол мувофиқи хурдсолиаш, ва ин одамон ба якдигар тааҷҷуб менамуданд.
34 Ва чун луқмаҳо аз пеши Юсуф барои онҳо оварда шуд, луқмаи Биньёмин аз луқмаҳои ҳамаи онҳо панҷ баробар зиёд буд. Ва бо ӯ нӯшиданд, ва кайфашон хеле баланд шуд.

Боби чилу чорум[edit]

1 Ва Юсуф ба нозири хонаи худ амр фармуда, гуфт: «Халтаҳои ин мардонро, ба қадре ки бурда метавонанд, аз хӯрокворӣ пур кун, ва нуқраи ҳар якеро дар даҳани халтааш бимон;
2 ва ҷоми маро, он ҷоми нуқраро, дар даҳани халтаи он хурдӣ бо қимати ғаллаи ӯ бимон». Ва мувофиқи сухане ки Юсуф гуфт, иҷро кард.
3 Бомдодон, чун чашми рӯз кушода шуд, ин мардонро бо харони онҳо равона карданд.
4 Онҳо аз шаҳр баромада, ҳанӯз чандон дур нарафта буданд, ки Юсуф ба нозири хонаи худ гуфт: «Бархоста, аз ақиби ин одамон шитоб кун, ва чун ба онҳо даррасидӣ, бигӯй: "Чаро бадӣ ба ивази некӣ кардед?
5 Оё ин ҳамон ҷом нест, ки оғоям аз он менӯшад? Ва ӯ бо он фол мекушояд. Он чи кардед, бад кардед"».
6 Ва ба онҳо даррасид, ва ин суханонро ба онҳо гуфт.
7 Ба ӯ гуфтанд: «Чаро оғои мо чунин суханонро мегӯяд? Ҳошо, ки ғуломонат коре мисли ин бикунанд.
8 Он нуқраеро, ки дар даҳани ҳалтаҳои худ ёфта будем, аз замини Канъон назди ту гашта овардем; пас чӣ гуна аз хонаи оғоят нуқра ё тилло медуздем?
9 Назди ҳар яке аз ғуломонат ёфт шавад, бимирад; ва мо низ ғуломони оғои ту бошем».
10 Гуфт: «Майлаш; аз рӯи гуфтаи шумо шавад: назди касе ки ёфт шавад, ӯ ғуломи ман бошад, ва шумо озод бошед».
11 Ва шитоб намуда, ҳар яке халтаи худро ба замин фуроварданд, ва ҳар яке халтаи худро кушоданд.
12 Ва кофтуков кард; аз калонӣ сар карда, бо хурдӣ тамом кард; ва ҷом аз халтаи Биньёмин ёфт шуд.
13 Ва либосҳои худро чок заданд, ва ҳар яке хари худро бор карда, ба шаҳр баргаштанд.
14 Вақте ки Яҳудо ва бародаронаш ба хонаи Юсуф омаданд, ӯ ҳанӯз он ҷо буд, ва пеши ӯ бар замин афтоданд.
15 Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардед? Оё надонистед, ки шахсе мисли ман албатта фол мекушояд?»
16 Яҳудо гуфт: «Ба оғои худ чӣ гӯем? Чӣ арз кунем? Ва чӣ гуна худро сафед намоем? Худо гуноҳи ғуломонатро дарьёфтааст; инак, мо ғуломони оғои худ бошем, ҳам мо ва ҳам он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд».
17 Гуфт: «Ҳошо, ки ман чунин кунам: он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд, ғуломи ман бошад, ва шумо ба саломатӣ назди падари худ биравед».
18 Ва Яҳудо ба ӯ наздик омада, гуфт: «Эй оғои ман, марҳамат фармуда ба ғуломи худ изн бидеҳ, ки сухане ба гӯши оғои худ бигӯям, ва бар ғуломи худ хашм нагир; зеро ки ту чун фиръавн ҳастӣ.
19 Оғоям аз ғуломонаш пурсида, гуфт: "Оё шуморо падар ё бародаре ҳаст?"
20 Ва ба оғои худ арз кардем, ки моро падари пире ҳаст, ва ӯро писари пиронсолагӣ, писари хурдӣ, ки бародараш мурдааст, ва ӯ аз модари худ танҳо мондааст; ва падараш ӯро дӯст медорад.
21 Ва ба ғуломони худ гуфтӣ: "Уро назди ман биёред, то ки ба ӯ чашм андозам".
22 Ва ба оғои худ гуфтем: "Он ҷавон аз падари худ ҷудо шуда наметавонад, ва агар аз падари худ ҷудо шавад, ӯ хоҳад мурд".
23 Вале ба ғуломони худ гуфтӣ: "Агар бародари хурдии шумо бо шумо наояд, рӯи маро дигар нахоҳед дид".
24 Ва ҳангоме ки назди ғуломат, падари худ, омадем, суханони оғои худро ба ӯ нақл кардем.
25 Ва падари мо гуфт: "Баргардед, ва андаке хӯрокворӣ барои мо бихаред".
26 Гуфтем: "Рафта наметавонем; лекин агар бародари хурдии мо бо мо равад, меравем; зеро ки рӯи он мардро дида наметавонем, агар бародари хурдии мо бо мо набошад".
27 Ва ғуломат, падарам, ба мо гуфт: "Шумо медонед, ки занам ба ман дуто зоида буд.
28 Ва яке аз назди ман берун рафт, ва ман гуфтам: албатта дарида шудааст; ва то кунун ӯро надидаам;
29 ва агар инро низ аз назди ман бибаред, ва зиёне ба ӯ расад, ҳамоно мӯи сафеди маро бо андӯҳ ба гӯр хоҳед бурд".
30 Ва акнун агар назди ғуломат, падари худ, биравем, ва ин ҷавон бо мо набошад, ва ҳол он ки ҷони ӯ бо ҷони вай баста аст,
31 ва чун бубинад, ки писар нест, ӯ хоҳад мурд; ва ғуломонат мӯи сафеди ғуломат, падари худро бо андӯҳ ба гӯр хоҳанд бурд.
32 Зеро ки ғуломат назди падари худ зомини писар шуда, гуфтам: "Агар ӯро назди ту набиёрам, умрбод пеши падари худ гуноҳкор бошам".
33 Ва акнун бигзор, ки ғуломат ба ивази ин ҷавон дар бандагии оғои худ бимонад, ва ин ҷавон бо бародарони худ биравад.
34 Зеро чӣ гуна назди падари худ биравам, ва ин ҷавон ҳамроҳи ман набошад? Мабодо балоеро, ки ба падарам рӯй диҳад, бубинам».

Боби чилу панҷум[edit]

1 Ва Юсуф пеши ҷамоате ки дар ҳузураш истода буданд, дигар худдорӣ карда натавонист, ва нидо кард: «Ҳамаро аз пеши ман берун бароред!» Ва касе назди Юсуф намонд, вақте ки ӯ худро ба бародаронаш шиносонид.
2 Ва бо овози баланд бигирист, ва мисриён шуниданд, ва аҳли байти фиръавн шунид.
3 Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Ман Юсуф ҳастам! Оё падарам зинда аст?» Вале бародаронаш ба ӯ ҷавоб дода наметавонистанд; зеро ки пеши ӯ мушавваш гардиданд.
4 Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Наздики ман биёед». Ва наздик омаданд. Ва гуфт: «Ман Юсуф, бародари шумо ҳастам, ки маро ба Миср фурӯхтед.
5 Вале акнун ғамгин ва мутаассиф нашавед, ки маро ба ин ҷо фурӯхтед; зеро ки Худо маро пеш аз шумо барои ҳифзи ҳаёт фиристод.
6 Зеро ҳоло ду сол шудааст, ки қаҳтӣ бар замин ҳукмфармост, ва боз панҷ соли дигар на шудгор мешавад, на дарав.
7 Лекин Худо маро пеш аз шумо фиристод, то кӣ шуморо дар замин боқӣ гузорад ва бо наҷоти бузурге ҳаёти шуморо нигоҳ дорад.
8 Пас, на шумо маро ба ин ҷо фиристодаед, балки Худо, ки Ӯ маро падар ба фиръавн, оғо ба тамоми аҳли байти вай ва ҳоким бар тамоми замини Миср гардонид.
9 Шитоб кунед ва назди падарам рафта, ба ӯ гӯед: писари ту Юсуф чунин мегӯяд: "Худо маро оғои тамоми Миср гардондааст; назди ман биё, таъхир накун.
10 Ва дар замини Ҷӯшан маскан хоҳӣ гирифт; ва наздики ман хоҳӣ буд, ту ва писаронат, ва писарони писаронат, ва гӯсфандонат, ва говонат, ва ҳар чизе ки дорӣ.
11 Ва туро дар он ҷо ризқу рӯзӣ хоҳам дод, зеро ки боз панҷ сол қаҳтӣ мешавад; мабодо ту, ва аҳли байти ту, ва ҳар чизе ки дорӣ, бенаво гардед".
12 Ва инак, чашмони шумо ва чашмони бародарам Биньёмин мебинад, ки ин манам, ки бо шумо сухан мегӯям.
13 Пас ба падарам аз тамоми ҷалоли ман дар Миср ва аз он чи дидед, хабар диҳед; ва шитоб намуда, падарамро ба ин ҷо биёред».
14 Ва бар гардани бародари худ Биньёмин афтода, бигирист; ва Биньёмин бар гардани ӯ гирья кард.
15 Ва ҳамаи бародарони худро бӯсид ва дар оғӯш гирифта, бигирист; ва баъд аз он бародаронаш бо ӯ гуфтугӯ карданд.
16 Вақте ки ба гӯши аҳли байти фиръавн овоза расид, ки бародарони Юсуф омадаанд, ин ба назари фиръавн ва ба назари чокаронаш хуш омад.
17 Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ба бародарони худ бигӯ: "Чунин бикунед: маркабҳои худро бор кунед, ва ба замини Канъон равона шавед;
18 ва падари худ ва аҳли байти худро гирифта, назди ман биёед; беҳтарин замини Мисрро ба шумо хоҳам дод, ва аз фарбеҳии замин хоҳед хӯрд".
19 Ва туро амр мефармоям ба онҳо бигӯӣ: "Чунин бикунед: аробаҳо аз замини Миср барои тифлони худ ва барои занони худ бигиред, ва падари худро бардошта биёред;
20 ва аз тарк кардани чизу чораи худ таассуф нахӯред, зеро ки беҳтарини тамоми замини Миср аз они шумост"».
21 Ва банӣ-Исроил чунин карданд. Ва Юсуф, мувофиқи амри фиръавн, аробаҳо ба онҳо дод, ва тӯшаи роҳ ба онҳо дод.
22 Ба ҳар яке аз онҳо як даста либос дод, вале ба Биньёмин сесад сиккаи нуқра ва панҷ даста либос дод.
23 Ва ҳамчунин барои падари худ даҳ хари боршуда бо нозу неъмати Миср ва даҳ модахари боршуда бо ғалла ва нон ва хӯрок барои сафари падари худ фиристод.
24 Ва бародарони худро фиристод, ва чун онҳо равона шуданд, ба онҳо гуфт: «Дар роҳ низоъ накунед».
25 Ва аз Миср баромаданд, ва назди падари худ Яъқуб ба замини Канъон омаданд.
26 Ва ӯро огоҳ намуда, гуфтанд: «Юсуф ҳанӯз зинда аст, ва ӯ ҳокими тамоми замини Миср аст». Вале дили ӯ ошуфта шуд; зеро ки ба гапи онҳо бовар накард.
27 Ва ҳамаи суханонеро, ки Юсуф ба онҳо гуфта буд, ба ӯ нақл карданд; ва аробаҳоеро ки Юсуф барои овардани ӯ фиристода буд, бидид; ва рӯҳи падари онҳо, Яъқуб, боз зинда шуд.
28 Ва Исроил гуфт: «Бас аст! Писари ман Юсуф ҳанӯз зинда аст; меравам ва пеш аз мурданам ӯро мебинам».

Боби чилу шашум[edit]

1 Ва Исроил бо ҳар чи дошт, ба сафар рафт, ва чун ба Беэр-Шобаъ омад, барои Худои падари худ Исҳоқ қурбониҳо забҳ кард.
2 Ва Худо дар рӯъёи шаб ба Исроил хитоб карда, гуфт: «Яъқуб, Яъқуб!» Гуфт: «Лаббай!»
3 Гуфт: «Манам он Худо, Худои падарат; аз рафтан ба Миср натарс; зеро ки дар он ҷо қавми бузурге аз ту ба вуҷуд меоварам.
4 Ман бо ту ба Миср меравам; ва Ман низ туро аз он ҷо берун меоварам; ва Юсуф бо дасти худ чашмони туро мепӯшад».
5 Ва Яъқуб аз Беэр-Шобаъ равона шуд; ва банӣ-Исроил падари худ Яъқубро, ва тифлони худро, ва занони худро бо аробаҳое ки фиръавн барои овардани ӯ фиристода буд, бурданд.
6 Ва чорвои худ ва дороии худро, ки дар замини Канъон пайдо карда буданд, гирифтанд, ва Яъқуб ва тамоми наслаш бо ӯ ба Миср омаданд.
7 Ва писарони худ ва писарони писарони худро бо худ, ва духтарони худ ва духтарони писарони худро, ва тамоми насли худро бо худ ба Миср овард.
8 Ва ин аст номҳои банӣ-Исроил, ки ба Миср омаданд: Яъқуб ва писарони ӯ. Реубен, нахустзодаи Яъқуб.
9 Писарони Реубен: Ҳанӯх, Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ.
10 Писарони Шимъӯн: Ямуил, Ёадин, Ӯҳад, Ёкин, Сӯҳар ва Шоул, ки писари зани канъонӣ буд.
11 Писарони Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.
12 Писарони Яҳудо: Эр, Ӯнон, Шело, Форас ва Зораҳ; вале Эр ва Унон дар замини Канъон мурданд. Писарони Форас Ҳесрӯн ва Ҳомул буданд.
13 Писарони Иссокор: Тӯлоъ, Фувво, Йӯб ва Шимрӯн.
14 Писарони Забулун: Сарад, Элӯн ва Яҳлаил.
15 Инҳоянд писарони Леё, ки онҳоро, ва духтари худ Диноро дар Фаддони Арам ба Яъқуб зоид; ҳамаи писарон ва духтаронаш сию се нафар.
16 Писарони Ҷод: Сифйӯн, Ҳаҷӣ, Шунӣ, Эсбӯн, Эрӣ, Арӯдӣ ва Аръилӣ.
17 Писарони Ошер: Имно, Ишво, Ишвӣ ва Барио ва хоҳари онҳо Сораҳ. Писарони Барио: Ҳабар ва Малкиил.
18 Инҳоянд писарони Зилфо, ки варо Лобон ба духтари худ Леё дод; ва ин шонздаҳ нафарро ба Яъқуб зоид.
19 Писарони Роҳел, зани Яъқуб: Юсуф ва Биньёмин.
20 Ва ба Юсуф дар замини Миср Менашше ва Эфроим таваллуд шуданд, ки онҳоро Оснат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯн ба ӯ зоид.
21 Писарони Биньёмин: Балаъ, Бакар, Ашбел, Ҷеро, Наамон, Эҳӣ, Рӯш, Муфим, Ҳуфим ва Орд.
22 Инҳоянд писарони Роҳел, ки ба Яъқуб таваллуд шуданд; ҷамъ чордаҳ нафар.
23 Писари Дон: Ҳушим.
24 Писарони Нафтолӣ: Яҳсаил, Ҷунӣ, Есар ва Шилем.
25 Инҳоянд писарони Билҳо, ки варо Лобон ба духтари худ Роҳел дод. Вай инҳоро ба Яъқуб ҷамъ ҳафт нафар зоид.
26 Ҳамаи касоне ки бо Яъқуб ба Миср омаданд, онҳое ки аз камари ӯ рӯидаанд, ғайр аз занони писарони Яъқуб, ҷамъ шасту шаш нафар буданд.
27 Ва писарони Юсуф, ки ба ӯ дар Миср таваллуд шуданд, ду нафар буданд. Ҳамаи касони хонадони Яъқуб, ки ба Миср омаданд, ҳафтод нафар буданд.
28 Ва Яҳудоро пеш аз худаш назди Юсуф фиристод, то ки ӯро ба Ҷӯшан роҳнамоӣ кунад. Ва ба замини Ҷӯшан омаданд.
29 Ва Юсуф аробаи худро тайёр кард, ва ба пешвози падари худ Исроил ба Ҷӯшан рафт, ва чун ӯро бидид, ба гарданаш овезон шуд, ва муддате бар гарданаш бигирист.
30 Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Акнун, пас аз дидани рӯи ту, метавонам бимирам; зеро ки ҳанӯз зинда ҳастӣ».
31 Ва Юсуф ба бародарони худ ва ба аҳли байти падари худ гуфт: «Меравам, ва ба фиръавн хабар медиҳам, ва ба вай мегӯям: "Бародаронам. ва аҳли байти падарам, ки дар замини Канъон буданд, назди ман омаданд.
32 Ва ин одамон рамабон ҳастанд, зеро ки мардуми чорводор мебошанд; ва гӯсфандон ва говон ва тамоми дороии худро овардаанд".
33 Ва агар фиръавн шуморо даъват намуда, гӯяд: "Касбу коратон чист?"
34 Бигӯед: "Ғуломонат аз наврасии худ то алҳол мардуми чорводор ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо”, — то ки дар замини Ҷӯшан сокин шавед. Зеро ки ҳар рамабон барои мисриён нафратангез аст».

Боби чилу ҳафтум[edit]

1 Ва Юсуф омад ва ба фиръавн хабар дода, гуфт: «Падарам ва бародаронам бо гӯсфандон ва говони худ ва бо ҳар чи доранд, аз замини Канъон омаданд; ва инак, дар замини Ҷӯшан мебошанд».
2 Ва аз бародарони худ панҷ нафарро гирифта, пеши фиръавн муаррифӣ намуд.
3 Ва фиръавн ба бародарони ӯ гуфт: «Касбу коратон чист?» Ба фиръавн гуфтанд: «Ғуломонат рамабон ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо».
4 Ва ба фиръавн гуфтанд: «Омадем, то ки дар ин замин сокин шавем, зеро ки барои чорвои ғуломонат чарогоҳ нест; чунки қаҳтӣ дар замини Канъон сахт аст. Ва акнун ба ғуломонат изн бидеҳ, ки дар замини Ҷӯшан маскан гирем».
5 Ва фиръавн ба Юсуф хитоб карда, гуфт: «Падарат ва бародаронат назди ту омадаанд.
6 Замини Миср пеши туст; дар беҳтарин ҷои ин замин ба падарат ва бародаронат маскан бидеҳ; бигзор дар замини Ҷӯшан сокин шаванд. Ва агар донӣ, ки дар миёни онҳо одамони қобил ҳастанд, онҳоро нозирони чорвои ман таъин кун».
7 Ва Юсуф падари худ Яъқубро овард, ва ӯро ба фиръавн муаррифӣ намуд; ва Яъқуб фиръавнро баракат дод.
8 Ва фиръавн ба Яъқуб гуфт: «Айёми солҳои умри ту чанд аст?»
9 Ва Яъқуб ба фиръавн гуфт: «Айёми солҳои мусофирати ман саду сӣ сол аст; айёми солҳои умри ман кам ва бад аст, ва ба айёми солҳои умри падарони ман дар айёми мусофирати онҳо нарасидааст».
10 Ва Яъқуб фиръавнро баракат дод, ва аз пеши фиръавн берун рафт.
11 Ва Юсуф ба падар ва бародарони худ маскан дод, ва дар замини Миср, дар беҳтарин замин, дар замини Раамсис, чунон ки фиръавн фармуда буд, мулке ба онҳо дод.
12 Ва Юсуф падари худро, ва бародарони худро, ва тамоми аҳли байти падари худро, мувофиқи талаботи хӯрандаҳошон, бо нон таъмин мекард.
13 Ва дар тамоми замин нон набуд; зеро ки қаҳтӣ бағоят сахт буд, ва замини Миср ва замини Канъон аз қаҳтӣ дар ҳолати табоҳ буд.
14 Ва Юсуф тамоми нуқраро, ки дар замини Миср ва дар замини Канъон буд, ба ивази ғаллае ки мехариданд, ҷамъ кард; ва Юсуф ин нуқраро ба хонаи фиръавн даровард.
15 Ва чун нуқра дар замини Миср ва дар замини Канъон тамом шуд, ҳамаи мисриён назди Юсуф омада, гуфтанд: «Ба мо нон бидеҳ! Чаро пеши ту бимирем? Чунки нуқра тамом шуд».
16 Ва Юсуф гуфт: «Чорвои худро биёред, ва ман ба ивази чорвои шумо медиҳам, модоме ки нуқра тамом шудааст».
17 Ва чорвои худро назди Юсуф оварданд; ва Юсуф ба ивази аспон, ба ивази рамаҳои гӯсфандон, ба ивази рамаҳои говон ва ба ивази харон ба онҳо нон дод; ва ҳамон сол онҳоро ба ивази тамоми чорвои онҳо бо нон таъмин намуд.
18 Вақте ки сол ба охир расид, соли дуюм назди ӯ омада, гуфтанд: «Аз оғои худ махфӣ намедорем, ки нуқра тамом шуд ва рамаҳои чорво дар дасти оғои мост; пеши оғои мо чизе, ҷуз ҷисми мо ва замини мо, боқӣ намондааст.
19 Чаро мо ва замини мо низ дар пеши назари ту ҳалок шавем? Моро ва замини моро ба ивази нон бихар; ва мо бо замини худ ғуломони фиръавн шавем, ту ба мо тухмӣ бидеҳ, то ки зист кунем ва намирем, ва замин табоҳ нашавад».
20 Ва Юсуф тамоми замини Мисрро барои фиръавн харид, зеро ки мисриён ҳар яке киштзори худро фурӯхтанд; чунки қаҳтӣ барояшон сахт буд. Ва замин аз они фиръавн шуд.
21 Ва халқро аз ин канор то он канори Миср ба шаҳрҳо гузаронид.
22 Фақат замини коҳинонро нахарид, зеро ки ба коҳинон ротибае аз ҷониби фиръавн муқаррар шуда буд, ва аз ротибае ки фиръавн ба онҳо дода буд, мехӯрданд; ба ин сабаб замини худро нафурӯхтанд.
23 Ва Юсуф ба халқ гуфт: «Инак, имрӯз шуморо ва замини шуморо барои фиръавн харидам; барои шумо тухмӣ ин ҷост, то заминро кишт кунед.
24 Ва чун ҳосил бирасад, панҷьякашро ба фиръавн бидиҳед; ва чор ҳиссаи он аз они шумо бошад барои зироати замин ва барои хӯроки шумо ва аҳли хонаи шумо, ва барои хӯроки кӯдакони шумо».
25 Гуфтанд: «Ту ба мо ҷон даровардӣ; дар назари оғои худ илтифот биёбем, ва ғуломони фиръавн бошем».
26 Ва Юсуф инро бар замини Миср то имрӯз ба ҳукми қонун даровард: панҷьяк аз они фиръавн бошад; ғайр аз замини коҳинон, ки фақат он аз они фяръавн набуд.
27 Ва Исроил дар замини Миср, дар замини Ҷӯшан маскан гирифт, ва онро соҳибӣ намуд, ва бағоят борвар ва афзун гардиданд.
28 Ва Яъқуб дар замини Миср ҳафдаҳсол бизист; ва айёми солҳои умри Яъқуб саду чилу ҳафт сол буд.
29 Ва чун вақти фавти Исроил наздик шуд, писари худ Юсуфро назди худ хонда, ба вай гуфт: «Агар дар назари ту илтифот ёфта бошам, дасти худро зери рони ман бигузор, ки эҳсон ва вафо бо ман бикунӣ ва маро дар Миср дафн накунӣ,
30 то ки бо падарони худ бихобам: маро аз Миср бурда, дар мақбараи онҳо дафн намоӣ». Гуфт: «Ман мувофиқи гуфтаи ту хоҳам кард».
31 Ва гуфт: «Ба ман қасам ёд кун». Ва ба ӯ қасам ёд кард. Ва Исроил бар сари бистари худ саҷда кард.

Боби чилу ҳаштум[edit]

1 Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки ба Юсуф гуфтанд: «Инак, падарат бемор аст». Ва ду писари худ, Менашше ва Эфроимро бо худ гирифт.
2 Ва Яъқубро огоҳ карда, гуфтанд: «Инак, писарат Юсуф назди ту меояд». Ва Исроил қувваҳои худро ҷамъ карда, бар бистар биншаст.
3 Ва Яъқуб ба Юсуф гуфт: «Худои Қодир дар Луз, дар замини Канъон, бар ман зоҳир гардида, маро баракат дод,
4 ва ба ман гуфт: "Инак, Ман туро борвар ва афзун мегардонам, ва аз ту қавмҳои зиёде ба вуҷуд меоварам, ва ин заминро баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам".
5 Ва ҳоло ду писарат, ки дар замини Миср ба ту зоида шудаанд пеш аз он ки назди ту ба Миср биёям, онҳо аз они ман ҳастанд; Эфроим ва Менашше, мисли Реубен ва Шимъӯн, аз они ман хоҳанд буд.
6 Вале насле ки баъд аз онҳо ба вуҷуд оварӣ, аз они ту бошанд. Онҳо бо номи бародарони худ дар амлокашон номида шаванд.
7 Ва ҳангоме ки ман аз Фаддон меомадам, Роҳел назди ман дар замини Канъон мурд, чун андак масофате монда буд, ки ба Эфрот бирасам, ва ӯро дар он ҷо ба сари роҳи Эфрот, ки ҳамон Байт-Лаҳм бошад, дафн кардам».
8 Ва Исроил писарони Юсуфро дид, ва гуфт: «Инҳо кистанд?»
9 Ва Юсуф ба падари худ гуфт: «Инҳо писарони мананд, ки Худо ба ман дар ин ҷо додааст». Гуфт: «Онҳоро наздики ман биёр, то ки онҳоро баракат диҳам».
10 Ва чашмони Исроил аз пирӣ хира шуда буд: дида наметавонист. Онҳоро наздики ӯ овард, ва ӯ онҳоро бӯсида, ба оғӯш кашид.
11 Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Гумон надоштам, ки рӯи туро мебинам; ва инак, Худо насли туро низ ба ман нишон дод».
12 Ва Юсуф онҳоро аз миёни ду зонуи ӯ берун овард, ва рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда кард.
13 Ва Юсуф ҳар дуи онҳоро гирифт, Эфроимро ба дасти рости худ, муқобили дасти чапи Исроил, ва Менашшеро ба дасти чапи худ, муқобили дасти рости Исроил, ва наздики ӯ овард.
14 Вале Исроил дасти рости худро дароз карда, бар сари Эфроим ниҳод, ки вай хурдӣ буд, ва дасти чапи худро бар сари Менашше. Қасдан дастҳояшро чунин ниҳод, ва ҳол он ки Менашше нахустзода буд.
15 Ва Юсуфро баракат дода, гуфт: «Он Худое ки пешаш падаронам Иброҳим ва Исҳоқ роҳ мерафтанд, он Худое ки маро аз аввали ҳастиям то имрӯз чӯпонӣ мекунад,
16 он фариштае ки маро аз ҳар бадӣ раҳоӣ медиҳад, ин наврасонро баракат диҳад; ва номи ман ва номҳои падаронам Иброҳим ва Исҳоқ дар онҳо хонда шавад, ва дар васати замин бисьёр афзоиш ёбанд».
17 Ва Юсуф дид, ки падараш дасти рости худро бар сари Эфроим ниҳод; ин ба назараш бад намуд. Ва дасти падари худро гирифт, то ки онро аз сари Эфроим бар сари Менашше гузаронад;
18 ва Юсуф ба падари худ гуфт: «Ин тавр не, падарам, зеро ки нахустзода ин аст, дасти рости худро ба сари ӯ бимон».
19 Вале падараш розӣ нашуда, гуфт: «Медонам, писарам, медонам; ӯ низ қавме хоҳад шуд, ва ӯ низ бузург хоҳад шуд; валекин бародари хурдияш аз ӯ бузургтар хоҳад шуд, ва аз насли ӯ халқи сершуморе ба вуҷуд хоҳад омад».
20 Ва дар он рӯз онҳоро баракат дода, гуфт: «Дар ту Исроил баракат хоста, гӯяд: "Худо туро мисли Эфроим ва Менашше гардонад"». Ва Эфроимро бар Менашше бартарӣ дод.
21 Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Инак, ман мемирам. Ва Худо бо шумо хоҳад буд, ва шуморо ба замини падарони шумо боз хоҳад гардонид.
22 Ва ман ба ту қитъаи зиёда аз бародаронат медиҳам, ки онро аз дасти амӯриён бо шамшер ва камони худ гирифтаам».

Боби чилу нӯҳум[edit]

1 Ва Яъқуб писарони худро даъват намуда, гуфт: «Ҷамъ шавед, ва ман шуморо аз он чи дар оянда ба шумо воқеъ хоҳад шуд, хабар медиҳам.
2 Гирд оед ва бишнавед, писарони Яъқуб, ба падари худ Исроил гӯш андозед.
3 Реубен, нахустзодаи ман! Ту — тавоноии ман ва ибтидои қуввати ман, авҷи бузургӣ ва авҷи қудрат.
4 Хурӯшон мисли об будӣ, бартарӣ наёбӣ, зеро ки бар ҷойхоби падари худ баромадӣ; бистари маро палид кардӣ, бар он баромадӣ.
5 Шимъӯн ва Левӣ бародаронанд, олоти ситам аст яроқҳои онҳо.
6 Ба машварати онҳо ҷони ман дохил нашавад, ба маҳфили онҳо ҷалоли ман шарик нашавад, зеро ки дар ғазаби худ одам куштанд, ва барзаговро хостанд бе беху буньёд кунанд.
7 Малъун бод хашми онҳо, зеро ки тунд аст; ва ғазаби онҳо, зеро ки сахт аст; онҳоро дар Яъқуб тақсим кунам, ва дар Исроил пароканда намоям.
8 Яҳудо! Туро бародаронат ситоиш намоянд. Дастат бар гардани душманонат бошад; писарони падарат ба ту саҷда кунанд.
9 Яҳудои шербача, писарам, аз шикор баромад. Монанди шери нар, ва монанди шери мода чӯкида, дар камин хобидааст: кист, ки ӯро бархезонад?
10 Чӯбдасти салтанат аз Яҳудо дур нашавад ва қонунгузор аз камараш, то даме ки Шилӯ* биёяд, ва ба Ӯ қавмҳо итоат намоянд.
11 Курраи худро ба ток ва бачаи модахари худро ба раз бандад. Ҷомаи худро дар май ва либоси худро дар хуни разон шӯяд.
12 Чашмонаш аз май сурхтоб ва дандонаш аз шир сафед бошад.
13 Забулун дар канори баҳр сокин шавад, ва назди бандари киштиҳо, ва ҳудудаш то Сидӯн бошад.
14 Иссокор хари бузургҷуссаест, ки дар миёни қӯраҳо бичӯкад.
15 Ва бидид, ки оромидан хуб аст, ва замин гуворост, пас китфи худро барои боркашӣ хам кард ва бо хизмати хироҷ машғул шуд.
16 Дон қавми худро доварӣ кунад, мисли яке аз сибтҳои Исроил.
17 Дон море бошад дар сари роҳ ва афъие дар канори ҷодда, ки пошнаи аспро бигазад, то ки савораш ба ақиб афтад.
18 Ба мадади ту умедворам, Худованд!
19 Ҷод — издиҳоме бар вай ҳуҷум оваранд, вале вай аз ақиби онҳо ҳамла кунад.
20 Барои Ошер — нонаш равғанин бошад, ва ӯ лаззоти шоҳона бидиҳад.
21 Нафтолӣ ғизоли давандест, ки хабарҳои хуш оварад.
22 Юсуф ниҳоли борварест, ниҳоли борвар бар сари чашма: шохаҳояш аз болои девор вусъат ёбанд.
23 Ва тирандозон айши ӯро талх карданд, ва ба ӯ тир андохтанд, ва кина варзиданд;
24 вале камони ӯ ба қуввааш қоим монд, ва бозуҳои дастҳояш аз дастҳои Қодири Бечуни Яъқуб мустаҳкам шуд. Аз он ҷост Роҳбар ва муттакои Исроил,
25 аз Худои падарат, ки туро мадад мекунад, ва аз Қодири Мутлақ, ки туро баракат медиҳад бо баракоти осмон аз боло, бо баракоти варта, ки дар поён аст, бо баракоти пистонҳо ва батн,
26 бо баракоти падарат, ки аз баракоти падару модарам то ҳадди қадимтарини теппаҳои олам бартарӣ дошт. Ҳамаи инҳо бар сари Юсуф бошанд, ва бар фарқи ӯ, ки аз бародаронаш баргузида шуд.
27 Биньёмин гурги даррандаест, ки бомдодон шикорро бихӯрад ва шомгоҳон ғаниматро тақсим кунад».
28 Инҳоянд ҳамаи дувоздаҳ сибти Исроил; ва ин аст он чи падарашон ба онҳо гуфт; вақте ки онҳоро баракат дод, ҳар якеро мувофиқи баракати вай баракат дод.
29 Ва ба онҳо васият карда, гуфт: «Ман ба қавми худ пайваст мешавам; маро назди падаронам дар мағорае ки дар саҳрои Афрӯни ҳиттӣ воқеъ аст, дафн кунед,
30 дар мағорае ки дар саҳрои Макфело мебошад, ки он дар рӯ ба рӯи Мамре, дар замини Канъон аст, ва онро Иброҳим бо он саҳро аз Афрӯни ҳиттӣ барои моликияти мақбара харида буд.
31 Он ҷо Иброҳим ва занаш Сороро дафн карданд; он ҷо Исҳоқ ва занаш Равқоро дафн карданд; ва он ҷо ман Леёро дафн кардам.
32 Ин саҳро ва мағорае ки дар он аст, аз писарони Ҳит харида шудааст».
33 Ва Яъқуб васияташро ба писарони худ ба поён расонд, ва пойҳои худро ба бистар кашид, ва ҷон супурд, ва ба қавми худ пайваст.

Боби панҷоҳум[edit]

1 Ва Юсуф бар рӯи падари худ афтода, бар вай гирист, ва ӯро бӯсид.
2 Ва Юсуф ба табибон, ки аз чокарони ӯ буданд, амр фармуд, ки падари ӯро ҳунут кунанд; ва табибон Исроилро ҳунут карданд.
3 Ва чил рӯз бар ӯ пур шуд, ки ин рӯзҳо барои ҳунут кардан сарф шуд. Ва мисриён ҳафтод рӯз барои ӯ мотам гирифтанд.
4 Ва чун айёми мотами ӯ гузашт, Юсуф ба аҳли байти фиръавн гуфт: «Агар дар назари шумо илтифот ёфта бошам, марҳамат фармуда ба гӯши фиръавн чунин бирасонед:
5 Падарам маро қасам дода, гуфт: "Инак, ман мемирам; дар қабре ки барои худ дар замини Канъон кандаам, он ҷо маро дафн кун". Ва акнун мехоҳам биравам ва падари худро дафн карда, баргардам».
6 Ва фиръавн гуфт: «Бирав ва, чунон ки падарат туро қасам додааст, ӯро дафн кун».
7 Ва Юсуф бирафт, то ки падари худро дафн намояд. Ва ҳамаи чокарони фиръавн, пирони аҳли байти ӯ, ва ҳамаи пирони Миср бо ӯ рафтанд,
8 ва тамоми аҳли байти Юсуф ва бародаронаш ва аҳли байти падараш. Фақат кӯдакон ва гӯсфандон ва говони худро дар замини Ҷӯшан вогузоштанд.
9 Ва аробаҳо ва саворон низ ҳамроҳаш рафтанд, ва анбӯҳ хеле бузург буд.
10 Вақте ки ба хирмангоҳи Отод, ки дар он тарафи Ӯрдун аст, расиданд, дар он ҷо навҳагарии азим ва бисьёр сахт карданд; ва барои падари худ ҳафт рӯз мотам гирифт.
11 Ва сокинони он замин, канъониён, ин мотамро дар хирмангоҳи Отод диданд, ва гуфтанд: «Ин барои Миср мотами сахт аст!» Аз ин рӯ он мавзеъро Обел-Мисраим* номиданд, ки он дар канори Ӯрдун воқеъ аст.
12 Ва писаронаш ба ӯ ончунон, ки ба онҳо васият карда буд, карданд.
13 Ва писаронаш ӯро ба замини Канъон бурданд, ва ӯро дар мағораи саҳрои Макфело дафн карданд, ки Иброҳим он саҳроро аз Афрӯни ҳиттӣ барои моликияти мақбара дар рӯ ба рӯи Мамре харида буд.
14 Ва Юсуф, баъд аз дафни падари худ, бо бародаронаш ва ҳамаи касоне ки барои дафни падараш бо ӯ баромада буданд, ба Миср баргашт.
15 Ва бародарони Юсуф диданд, ки падари онҳо вафот кард, ва гуфтанд: «Шояд Юсуф ба мо кина варзида, интиқоми он бадиеро, ки ба ӯ кардем, аз мо бигирад?»
16 Ва ба касе фармуданд, ки ба Юсуф бигӯяд: «Падарат пеш аз вафоти худ васият карда, гуфта буд:
17 "Ба Юсуф чунин бигӯед: марҳамат фармуда гуноҳ ва хатоҳои бародаронатро, ки ба ту бадӣ кардаанд, афв фармо"; ва акнун гуноҳи бандагони Худои падаратро афв фармо». Ва ҳангоме ки ба ӯ гуфтанд, Юсуф бигирист.
18 Ва бародаронаш низ омада, пеши ӯ афтоданд, ва гуфтанд: «Инак, ғуломони ту ҳастем».
19 Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Натарсед; оё ман дар ҷои Худо ҳастам?
20 Шумо дар ҳаққи ман қасди бад доштед, вале Худо онро ба некӯӣ гардонид, то коре кунад, ки мардуми зиёдро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
21 Ва акнун натарсед. Ман ризқу рӯзии шумо ва кӯдакони шуморо хоҳам дод». Ва онҳоро тасаллӣ дод, ва суханони дилпазир ба онҳо гуфт.
22 Ва Юсуф дар Миср сукунат дошт, ӯ ва аҳли байти падари ӯ; ва Юсуф саду даҳ сол зиндагонӣ кард.
23 Ва Юсуф писарони насли сеюми Эфроимро дид, ва писарони Шокир, писари Менашше низ бар зонуҳои Юсуф парвариш ёфтанд.
24 Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Ман мемирам; ва Худо шуморо ҳатман тафаққуд хоҳад кард, ва шуморо аз ин замин сӯи замине ки барои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, берун хоҳад овард».
25 Ва Юсуф банӣ-Исроилро қасам дода, гуфт: «Худо шуморо ҳатман тафаққуд хоҳад кард, ва он гоҳ устухонҳои маро аз ин ҷо берун хоҳед овард».
26 Ва Юсуф дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт. Ва ӯро ҳунут карданд; ва дар Миср дар тобут гузошта шуд.

Эзоҳ[edit]

  1. Зиндагӣ.
  2. Ту Худои бинандаи ман
  3. Чоҳи Ҳайи бинандаи ман
  4. Худованд ҳозир хоҳад кард
  5. Сиқл — воҳиди пули қадимӣ, ки маънои «вазн»-ро низ дошт, ва қиматаш аз рӯи вазнаш муайян карда мешуд. Мувофиқи маълумоти қадимӣ, дертар, дар давлати яҳудиён, дар давраи подшоҳии Шимъӯни Макабӣ (асри II пеш аз милод), вазни сиқли нуқра 14,55 грамм ва сиқли тилло 16,37 грамм буд.
  6. Сурх.
  7. Баҳс.
  8. Тӯҳмат.
  9. Вусъат.