Jump to content

Ҳар шабе дар хоб бинам тарҳи симои туро ...

From Wikisource

* * *


Ҳар шабе дар хоб бинам тарҳи симои туро,

Пеши чашм орам саҳаргаҳ чашми дарёи туро.

Аз роҳе, ки чида-чида пой бигзорӣ ба дил,

Чида-чида бигзорам нақши қадамҳои туро.

Ваъдаи имрӯзу фардоят маро девона кард,

То чӣ хоҳад шуд, чу бинам рӯи фардои туро.

Қасди ман ин аст аз дунёи ишқу ошиқӣ,

То бикучонам ба шеъри худ дунёи туро.

Афканам то гӯр бори зиндагиро зи дӯш,

То ба гӯр, аммо барам сарбори савдои туро.


Лоиқ Шералӣ, 1986 сол