Шукрона, шукрона

From Wikisource
Jump to navigation Jump to search

Шукрона


Шукри Истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем.

Давлати мо давлати сулҳофар аст,

Давлати озод дар баҳру бар аст,

Нест ин ҷо аз хазонӣ ҳеч ёд.

Мисли ҷаннат сабзу ҳам муаттар аст.

Одамон ин ҷо ба кори хеш банд,

Комашон ширин зи обу нону қанд.

Гаштаву баргашта гӯянд аз ҳаёт

Мӯсафедон баҳри тифлон панд, панд.

Кишварам, эй кишвари овозадор,

Шукри беши ҳазрати Парвардгор.

Бо дили саршор з-ишқу орзу

Додааст андар барат моро қарор.