Jump to content

Рафтанд хубони ҷаҳон...

From Wikisource

***


Рафтанд хубони ҷаҳон бо нола аз дасти аҷал,

Барнову пиру нотавон бо нола аз дасти аҷал.

Рафтанд аз боғи ҷаҳон Искандару шоҳаншаҳон,

Ҷамшеду Доро ногаҳон, бо нола аз дасти аҷал.

Ку Юсуфи гулпераҳан, Яъкуб дар байтулхазан,

Оду Самуду анҷуман, бо нола аз дасти аҷал.

Ин олами боғи фано бо Мустафо шуд бевафо,

Ин дам чӣ меояд зи мо, бо нола аз дасти аҷал.

Бубакру Умар шуд куҷо, Усмон, Алии Муртазо,

Нурони чашми Мустафо, бо нола аз дасти аҷал.

Ин арғувонат заъфарон, чашмони мастат хунфишон,

Боғи ҳаёти тан хазон, бо нола аз дасти аҷал.

Сад чораат бечора шуд, мардум ҳама овора шуд,

Дил дар дарунат пора шуд, бо нола аз дасти аҷал.

Сад пола бар афлок шуд, хоке ба сӯйи хок шуд,

Дилҳо ҳама ғамнок шуд, бо нола аз дасти аҷал.

Як лаҳза бар худ нола кун, домони дил пуржола кун,

Рухсораҳоро лола кун, бо нола аз дасти аҷал.

Чун мавҷи дил туғён бизан, дар хуни дил ҷавлон бизан,

Сар бар дари Раҳмон бизан, бо нола аз дасти аҷал.

Эй дил, сухан кӯтоҳ кун, Наққошро огоҳ кун,

Рӯ ҷониби Аллоҳ кун, бо нола аз дасти аҷал.