Jump to content

Падар ва писар

From Wikisource

ПАДАР ВА ПИСАР



Гар писар, созӣ хатое, вой бар ҳоли падар,

Чун уқоб аз арш афтад, бишканад боли падар.

Пеш аз оне, ки қадам монӣ ба гирдоби бало,

Як каме андеша кун аз қомати доли падар.

Дар раҳе, ки нест судаш ҷуз зиён, дониста бош,

Меравад аз каф агар гардӣ хазон, моли падар.

Шояд огаҳ нестӣ, хоҳӣ шавӣ огаҳ, бубин,

Чун падар бе ту азият ёбад атфоли падар.

Пас нагардӣ аз раҳат, то вопасин рӯзи ҳаёт

Бо машаққат бигзарад ҳар моҳу ҳар соли падар.

Боз як бори дигар аз ман ба ту ин маслиҳат,

Чун дарича боз бинмо гӯш бар қоли падар.