Jump to content

Мушу Гурба

From Wikisource
Убайди ЗоконӣМушу Гурба


Мушу Гурба


Агар дорӣ ту ақлу донишу ҳуш,
Биё, бишнав ҳадиси «Гурбаву Муш»!
Бихонам аз бароят достоне,
Ки дар маънои он ҳайрон бимонӣ.

* * *
Эй хирадманди оқилу доно,
Қиссаи «Мушу Гурба» бархоно!
Қиссаи «Мушу Гурба»-и манзум
Гӯш кун ҳамчу дурри ғалтоно!
Аз қазои фалак яке гурба
Буд чун аждаҳо ба Кирмоно.
Шикамаш таблу синааш чу сипар,
Шердумму палангчангоно.
Аз ғиреваш ба вақти ғурридан
Шери дарранда шуд ҳаросоно.
Сари ҳар суфра чун ниҳодӣ пой,
Шер аз вай шудӣ гурезоно.
Рӯзе андар шаробхона шудӣ
Аз барои шикори мушоно.
Дар паси хум ҳаменамуд камин
Ҳамчу дузде, ки дар биёбоно.
Ногаҳон мушаке зи деворе
Ҷаст бар хумми май хурӯшоно.
Сар ба хум барниҳоду май нӯшид,
Маст шуд ҳамчу шери ғурроно.
Гуфт: «Ку гурба, то сараш биканам?!
Пӯсташ пур кунам зи коҳоно!
Гурба дар пеши ман чу саг бошад,
Ки шавад рӯ ба рӯ ба майдоно!».
Гурба инро шуниду дам назадӣ,
Чангу дандон задӣ ба сӯҳоно.
Ногаҳон ҷасту мушро бигирифт
Чун палангшикори кӯҳоно.
Муш гуфто, ки: Ман ғуломи туам,
Афв кун аз ман ин гуноҳоно».
Гурба гуфто: «Дурӯғ камтар гӯй!
Нахӯрам ман фиребу макроно.
Мешунидам ҳар он чӣ мегуфтӣ.
Орводин қаҳба номусалмоно».
Гурба он мушро бикушту бихӯрд,
Суйи масҷид шудӣ хиромоно.
Дасту рӯро бишусту масҳ кашид,
Вирд мехонд ҳамчу муллоно:
«Бор илоҳо, ки тавба кардам ман,
Надарам мушро ба дандоно.
Баҳри ин хуни ноҳақ, эй Халлоқ,
Ман тасаддуқ диҳам ду ман ноно».
Он қадар лоба карду зорӣ кард,
То ба ҳадде, ки гашт гирёно.
Мушаке буд дар паси минбар
Зуд бурд ин хабар ба мушоно:
«Муждагонӣ, ки гурба тоиб шуд,
Зоҳиду обиду мусалмоно».
Буд дар масҷид он ситудахисол
Дар намозу ниёзу афғоно.

Ин хабар чун расид бар мушон,
Ҳама гаштанд шоду хандоно.
Ҳафт муши гузида барҷастанд,
Ҳар яке кадхудову деҳқоно. .
Баргирифтанд баҳри гурба зи меҳр
Ҳар яке туҳфаҳои алвоно .
Он яке шишаи шароб ба каф
В-он дигар – барраҳои бирёно.
Он яке таштаке пур аз кишмиш
В-он дигар як табақ зи хурмоно.
Он яке зарфе аз панир ба даст
В-он дигар мост бо караноно .
Он яке – хончаи палав бар сар,
Афшура , оби лиму, уммоно
Назди гурба шуданд он мушон
Бо салому дуруду эҳсоно.
Арз карданд бо ҳазор адаб,
К-«Эй фидои раҳат ҳама ҷоно.
Лоиқи хидмати ту пешкаше
Кардаем, ин қабул фармоно!».
Гурба чун мушакон бидид, бихонд:
«Ризқакум фис-самои ҳаққоно».
Ман гурусна басе ба сар бурдам,
Ризқам имрӯз шуд фаровоно.

Рӯза будам ба рӯзҳои дигар
Аз барои ризои Раҳмоно.
Ҳар кӣ кори Худо кунад, ба яқин
Рӯзияш мешавад фаровоно».
Баъд аз он гуфт: «Пеш фармоед
Қадаме чанд, эй рафиқоно!»
Мушакон ҷумла пеш мерафтанд,
Танашон ҳамчу бед ларзоно.
Ногаҳон гурба ҷаст бар мушон,
Чун мубориз ба рӯзи майдоно.
Панҷ муши гузидаро бигрифт,
Ҳар яке кадхудову элхоно .
Ду бад-ин чангу ду бад-он чангол,
Як ба дандон чу шери ғурроно.
Он ду муши дигар, ки ҷон бурданд,
Зуд бурданд хабар ба мушоно,
Ки: «Чӣ биншастаед, эй мушон?
Хокатон бар сар, эй ҷавононо!
Панҷ муши раисро бидарид
Гурба бо чангҳову дандоно».
Мушаконро аз ин мусибату ғам,
Шуд либоси ҳама сиёҳоно.
Хокбарсаркунон ҳамегуфтанд:
Эй дареғо, раиси мушоно!
Баъд аз он муттафиқ шуданд, ки мо
Меравем пойи тахти султоно.
То ба шаҳ арзу ҳоли хеш кунем
Аз ситамҳои хайли гурбоно.
Шоҳи мушон нишаста буд ба тахт,
Дид аз дур хайли мушоно.
Ҳама як бор карданаш таъзим,
К-«Эй ту шоҳаншаҳӣ ба давроно.

Гурба кардаст зулм бар моҳо,
Эй шаҳаншаҳ, улам ба қурбоно.
Соле як дона мегирифт аз мо,
Ҳол ҳирсаш шуда фаровоно.
Ин замон панҷ-панҷ мегирад,
Чун шуда тоибу мусалмоно».
Дарди дил чун ба шоҳи худ гуфтанд,
Шоҳ фармуд, к-эй азизоно!
Ман талофӣ ба гурба хоҳам кард,
Ки шавад достон ба давроно».
Баъди як ҳафта лашкаре орост,
Сесаду сӣ ҳазор мушоно.
Ҳама бо найзаҳову тиру камон,
Ҳама бо сайфҳои бурроно.
Фавҷҳои пиёда аз як сӯ,
Теғҳо дар миёна ҷавлоно.
Чунки ҷамъоварии лашкар шуд
Аз Хуросону Рашту Гелоно.
Яккамуше вазири лашкар буд,
Ҳушманду далеру фаттоно.
Гуфт: бояд яке зи мо биравад
Назди гурба ба шаҳри Кирмоно.
Ё биё пойтахт дар хидмат,
Ё ки омода бош ҷангоно».
Мушаке буд элчие зи қадим,
Шуд равона ба шаҳри Кирмоно.
Нарм-нармак ба гурба ҳолӣ кард ,
Ки манам элчие зи мушоно.

Хабар овардаам барои шумо,
Азми ҷанг карда шоҳи мушоно.
Ё бирав пойи тахт дар хидмат,
Ё ки омода бош ҷангоно».
Гурба гуфто, ки: Шоҳ г… хӯрда,
Ман наёям бурун зи Кирмоно».
Лекин андар хафо тадорук кард
Лашкари муъзаме зи гурбоно.
Гурбаҳои бароқи шершикор
Аз Сифоҳону Язду Кирмоно.
Лашкари гурба чун муҳайё шуд,
Дод фармон ба сӯйи майдоно.
Лашкари мушҳо зи роҳи кавир,
Лашкари гурба аз куҳистоно.
Дар биёбони Форс ҳар ду сипоҳ
Разм доданд чун далероно.
Ҷанги мағлуба шуд дар он водӣ,
Ҳар тараф рустамона ҷангоно.
Он қадар мушу гурба кушта шуданд,
Ки наёяд ҳисоб осоно.
Ҳамлаи сахт кард гурба чу шер,
Баъд аз он зад ба қалби мушоно.
Мушаке асби гурбаро пай кард
Гурба шуд сарнагун зи зиноно.
Аллаҳ-аллаҳ фитод дар мушон,
Ки бигиред, паҳлавононо!
Мушакон табли шодиёна заданд,
Баҳри фатҳу зафар фаровоно.
Шоҳи мушон бишуд ба фил савор,
Лашкар аз пешу пас хурӯшоно.
Гурбаро ҳар ду даст баста ба ҳам
Бо калофу танобу ресмоно.
Шоҳ гуфто: «Ба дор овезед
Ин саги рӯсиёҳи нодоно!».
Гурба чун дид шоҳи мушонро,
Ғайраташ шуд чу дег ҷӯшоно.
Ҳамчу шере нишаст бар зону,
Канд он ресмон ба дандоно.
Мушаконро гирифту зад ба замин,
Ки шудандӣ ба хок яксоно.
Лашкар аз як тараф фирорӣ шуд,
Шоҳ аз як ҷиҳат гурезоно.
Аз миён рафт филу филсавор,
Махзану тоҷу тахту айвоно.
Ҳаст ин қиссаи аҷибу ғариб
Ёдгори Убайди Зоконо.

* * *
Ҷони ман, панд гир аз ин қисса,
Ки шавӣ дар замона шодоно.
Ғараз аз «Мушу гурба» бархондан
Муддао фаҳм кун, писарҷоно!