Jump to content

Меҳри модар

From Wikisource

Муъмин Қаноат

Меҳри модар


Солҳои аввали эҷоди ман…

Лаҳзае аз кӯдакӣ дар ёди ман
Мондааст, гӯё ба рӯи мавҷи об
Хираю ларзон чу акси офтоб...
Хурд будам, бистарам гаҳвора буд,
Бистари ҷунбони ман сайёра буд.
Дар ҳамин ҷо буд хӯрду хоби ман,
Дар ҳамин ҷо минбару меҳроби ман.
Дар ҳамин ҷо бар сари гаҳвораам,
Аллагӯён модари бечораам,
Бо табассум, бо такаллум, бо шитоб
Мебаромад ҳар саҳар чун офтоб.
Савти аввалро, ки бишнидам аз он,
Ҳаст ҳоло дар забони кӯдакон…
Як замон гаҳвора бар ман танг шуд,
По ниҳодам, пойгоҳам санг шуд.
Даст бурдам, монд дастам дар ҳаво,
Боз модар дошт як дасти маро…
Дар ҳамин аҷзу ҳамин бечорагӣ,
Дар ҳамин хурдӣ, яку якборагӣ,
Хестам, дидам: надидам як саҳар
Аз ҳамон меҳри дурахшонам асар.
Бо ду чашми чор ӯро кофтам,
Кофтам, тимсоли ӯро ёфтам:
Аз баландӣ бо табассум, бе шитоб
Мебаромад ин пагоҳӣ офтоб.
Гарчи ҳамчун меҳри ман пурнур буд,
Аз бари ман, аз сари ман дур буд…
1962.