Jump to content

Маконам Тоҷикистон

From Wikisource

МАКОНАМ ТОҶИКИСТОН


(Дар ду вазн)

Фарқ аз субҳат надорад шоми торат, эй Ватан,

Мо ҳама оринасабҳо дӯстдорат, эй Ватан.

Ҳеч рӯзе, ҳеч моҳе, ҳеч соле, ҳеч вақт

Дур рафтан менахоҳем аз канорат, эй Ватан.

Маконам Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Саропоят ҳама боғ асту бустон.

Ба поят саҷда овардан савоб аст,

Диёри гулгунораз, гулгулафшон.



Ба ҳалқам оби покат чун набот аст,

Набот ин ҳеч, балкӣ қандалот аст.

Ватан-модар диёри сабздомон,

Ба тан камзулат аз балху банот аст.



Диёрам, эй диёри Ваҳдатобод,

Манам он кӯҳкан Фарҳод, Фарҳод.

Зи сеҳри килки худ дар барги ҳар санг

Ба васфат менамоям шеър эҷод.