Jump to content

Кишвари овозадор

From Wikisource

КИШВАРИ ОВОЗАДОР



Бо хоҳиши раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Шуҳрат АШӮРОВ, 10. 12. 2016. Ду соат пеш аз марги нобаҳангомаш.



Тоҷикистон, кишвари овозадор,

Кишвари хушманзари доимбаҳор.

Ҳаст аз дил, ҳаст аз ҷон як ҳаёт

Пиру барно Ваҳдататро дӯстдор.



Мурғакон дар боғҳоят нағмагар,

Шамси тобон ҳолпурсат ҳар саҳар.

Зеб дода пойтахтатро Ватан,

Оли Сомон тоҷи тиллояш ба сар.



Шод аз он ҳастем, моро кишварӣ,

Кишвари нурофару бахтоварӣ.

Мо зи минбарҳо Ватан, бар васфи ту

Шеър мехонем бо лафзи дарӣ.