Jump to content

Истиқлолияти кишвар

From Wikisource

ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР

Шукри Истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд,

Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд.

Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ,

Сулҳу Ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд.

Парчами мо парфишон шуд, миллати мо шод шуд,

Бо талоши Сарвари мо мулки мо обод шуд.

Шукри Истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд,

Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд.

Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ,

Сулҳу Ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд.

Булбулон дар чаҳчаҳа, гулдухтарон рақсон шуданд,

Тифлакони дӯстрӯ монанди гул хандон шуданд,