Jump to content

Гулистон (Саъдӣ)/Дар одоби суҳбат/1

From Wikisource

Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол!

Оқилеро пурсиданд:

- Некбахт кисту бадбахт чист?

Гуфт:

- Некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду гашт!


* * *


Макун намоз бар он ҳеҷкас, ки ҳеҷ накард,
Ки умр дар сари таҳсили мол карду нах(в)ард.