Jump to content

Биҳишт (Иқбол)

From Wikisource

Биҳишт


Куҷои ин рӯзгоре, шишабозе?

Биҳишт ин гунбади гардун надорад.

Надида дарди зиндон Юсуфи ӯ,

Зулайхояш дили нолон надорад.

Халили ӯ ҳарифи оташе нест,

Калимаш як шарар дар ҷон надорад.

Ба сарсар наяфтад заврақи ӯ,

Хатар аз латмаи тӯфон надорад.

Яқинро дар камин буку магар нест,

Висол андешаи ҳиҷрон надорад.

Куҷо он лаззати ақли ғалатсайр,

Агар манзил раҳи печон надорад?

Мазӣ андар ҷаҳони кӯрзавқе,

Ки Яздон дораду шайтон надорад


Муҳаммад Иқбол