Тайёра (Иқболи Лоҳурӣ)

From Wikisource
Jump to navigation Jump to search

Тайёра


Сари шохи гул тоире як саҳар

Ҳамегуфт бо тоирони дигар:

"Надонанд бол одамизодро,

Замингир карданд ин содаро".

Бад-ӯ гуфтам: -Эй мурғаки бодсанҷ,

Агар ҳарфи ҳақ бо ту гӯям, маранҷ.

Зи тайёра мо болу пар сохтем,

Сӯйи осмон раҳгузар сохтем.

Чӣ тайёра он мурғи гардунсипар,

Пари ӯ зи боли малак тезтар.

Ба парвоз шоҳин, ба нерӯ уқоб,

Ба чашмаш зи Лоҳур[1] то Форёб[2].

Ба гардун хурӯшавандаву тандҷӯш,

Миёни нишеман чу моҳӣ хамӯш.

"Хирад з-обу гил Ҷабраил офарид,

Заминро ба гардун далил офарид",

Чу он мурғи зирак каломам шунид,

Маро як назар ошноёна дид.

Парашро ба минқор хориду гуфт:

Ки ман, он чӣ гӯйӣ, надорам шигифт.

Магар, эй нигоҳи ту бар чуну чанд,

Асири, тилисми ту пасту баланд.

"Ту кори заминро накӯ сохтӣ,

Ки бо осмон низ пардохтӣ?"



Эзоҳ

  1. Лоҳур - шаҳрест дар Покистон, ки зодгоҳи Муҳаммад Иқбол аст.
  2. Форёб - шаҳрест дар қаламрави Афғонистони имрӯза