Гулистон (Саъдӣ)/Дар одоби суҳбат/49

From Wikisource
Jump to navigation Jump to search

Гар ҷаври шикам нестӣ, ҳеҷ мурғ дар доми сайёд худ дом наниҳодӣ.


* * *


Шикам банди даст асту занҷири пой,
Шикамбанда нодир парастад Худой.



Ҳакимон дер-дер хӯранду обидон нимсер ва зоҳидон садди рамақу ҷавонон то табақ баргиранд ва пирон то арақ бикунанд. Аммо қаландарон чандон ки дар меъда ҷойи нафас намонаду бар суфра рӯзии кас.


* * *


Асири банди шикамро ду шаб нагирад хоб;
Шабе зи меъдаи сангӣ, шабе зи дилтангӣ.